Пайвандҳои дастрасӣ

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занон мехоҳанд, дар баррасии парвандаи зани муттаҳам дар куштори се фарзанди ноболиғаш “афсурдагӣ ва ҳолати шадиди равонии ӯ” ба назар гирифта шавад.

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занон талош доранд, ки дар баррасии парвандаи Парвина Абдуллоева, зани муттаҳам дар куштори се фарзанди ноболиғаш “афсурдагӣ ва ҳолати шадиди равонии ӯ” ба назар гирифта шавад. Парвина Абдуллоева дар аввали моҳи июл бо қасди худкушӣ ҳамроҳ бо се фарзанди ноболиғаш худро ба дарё андохт. Роҳгузарон ӯро зинда аз об берун оварда, муттаассифона, натавонистанд бачаҳои хурдсолашро наҷот диҳанд. Гуфта мешавад, ки Абдуллоева баъди огоҳ шудан аз робитаи ҳамсараш бо зани дигар қасд ба ҷони худ карда, ба Душанбе омад ва худро ҳамроҳ бо кӯдакон ба дарё афканд.

Парвина бар асоси қисми дуюи моддаи 104-уми Кодекси ҷиноӣ, банди “а” ва “в” ба куштори огоҳонаи ду шахс ва бештар аз он айбдор шудааст.

Парвина Абдуллоева

Парвина Абдуллоева

Бар асоси ин банди қонун ӯ метавонад аз 15 то 25 сол зиндонӣ шавад. Аммо агар додгоҳ ҳолати равонии ӯро ҳангоми содир кардани ҷиноят ба назар бигирад, эҳтимол дорад ки ӯ аз 2 то ба 5 сол маҳкум ба зиндон шавад. Матлуба Бобоҷонова, вакиле аз созмони Лигаи занони ҳуқуқшинос, ки аз Парвина Абдуллоева ҳимоят мекунад, рӯзи 17 сентябр дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Бубинед, вақте занро аз об берун меоранд, вай дар ҳолате, ки худ байни маргу зиндагӣ қарор дошт, мегӯяд: “бачаҳоям ҳам ҳастанд”, яъне кӯдакҳоро ҳам наҷот диҳед”. Хонум Бобоҷонова мегӯяд, дар парванда мисли ин ҷузъиётҳое дигаре ҳам ҳаст, ки дар ҳолати сахти ҳаяҷони руҳӣ даст ба ин амал задани занро намоиш медиҳад. Вакили дифоъ мутмаин аст, ки Парвина Абдуллоева дар ҳолати шадиди рашк ва дар ғояти афсурдагиву ноумедӣ даст ба ин кор задааст ва ҳолате, ки ӯ дорад ҳоло, нафаре аз мо дарк карда натавонем.”

Матлуба Бобоҷонова, вакили дуввуми Парвина Абдуллоева аст, ки гуфта мешавад бо пешниҳоди созмонҳои ғайридавлатӣ ба ҳимояти ин зан шурӯъ кардааст.То имрӯз дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ, аз Парвина, вакили дигар, Таҳмина Абдуллоева ҳимоя мекард, ки аз сӯйи давлат пешниҳод шуда буд. Таҳмина Абдуллоева, ки чандин бор дар боздоштгоҳу беморхонаи рӯҳӣ бо зерҳимояи худ мулоқот кардааст, мегӯяд, вай баъди ҳодисаи 5-уми июл то ба ҳол комилан ба худ наомадааст.

Бар хилофи иддаои наздикони Парвина, ки мегӯянд, вай баъди боздошт ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудааст, Таҳмина Абдуллоева мегӯяд, ташхиси тиббӣ, ки дар бемористони воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуд, муайян кард “ин зан бемории руҳӣ надошт ва надорад. Рафтораш ҳам созандаву сохтакорона аст. Вай ҳаракатҳои худро идора карда, оқибати онро дарк карда метавонад”, - мегӯяд вакил Таҳмина Абдуллоева.

Ин ҳам дар ҳолест, ки наздикони Парвина Абдуллоева мегӯянд, баъди фоҷеаи рӯзи 5 июл Парвина дар ҳолати бади равонӣ қарор дорад, онҳоро намешиносад ва наметавонад дуруст сӯҳбат кунад. Зайниддин Бобобеков, шавҳари Парвина Абдуллоева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нишонаҳои ин беморӣ ҳанӯз қабл аз қасди худкушӣ ҳам дар рафтору кирдори Парвина эҳсос мешуд.

Сафари бебозгашти фарзандони Парвина (Видео аз бойгонӣ)

“Бори аввал вақте пешаш рафтам, маро аслан нашинохт. Бори дуввум ман кӯшиш кардам, бо ӯ сӯҳбат кунам, аммо аслан дар мавзӯъҳои дигар сӯҳбат мекард. Фикру хаёлаш парешон, гоҳ механдад, гоҳ мегиряд. Вай худаш эҳсосӣ буд ва баъзан ҳамин хел рафторҳои аҷиб мекард”, гуфт шавҳари ин зан. Зайниддин дар ҳоле аз эҳтимоли рӯҳан бемор будани ҳамсараш сӯҳбат мекунад, ки бино ба фарзияе, ки то имрӯз гуфта мешуд, Парвина Абдуллоева маҳз дар паи огоҳ шудан аз зангирии шавҳар ва рашки зиёд қасди худкушӣ кардааст.

Аммо то ҳол тафтишот ягон далели рабти ин фарзия ба худкуширо ошкор накардааст. Наздикони Парвина мегӯянд, ки ӯ бо онки дар боздошт аст, аммо шавҳарашро гунаҳгор намедонад ва баръакс аз ӯ узр мепурсад. Ҳомиёни ҳуқуқи зан мегӯяд, бояд фарзия мазкур ҳам хуб таҳқиқ шавад. Зеро зан бидуни ягон омили ҷиддиву таҳрикдиҳанда наметавонад қотили фарзандони худ бошад.

Дар ҳамин ҳол манобеи огоҳ аз парвандаи ин зан мегӯянд, ки ӯ ҳанӯз ҳам аз қасди худкушӣ даст накашидааст ва чӣ гуна анҷом шудани парвандааш ҳам барояш аҳамият надорад. Мақомоти маҳбас аз қасди ин зан огоҳӣ доранд ва ба хотири пешгирӣ аз фоҷеа, ҳатто барояш иҷоза намедиҳанд рӯймол дошта бошад.

Парвандаи Парвина Абдуллоева, модари ҷавон, ки дар куштори 3 фарзанди хурдсолаш айбдор шудааст, аз ҷониби додситони ноҳияи Сино санҷида шуд ва ҳоло барои баррасӣ ба додгоҳи Душанбе интиқол ёфт. Қарор аст, рӯзҳои наздик мурофиаи додгоҳӣ шурӯъ шавад. Парвина Абдуллоева бо ҳамсараш Зайниддин Бобобеков якдигарро дӯст дошта оиладор шудаанд, 11 сол зиндагии муштарак доштаанд.

Зимни як сафари мо ба деҳаи Боғи ноҳияи Ёвон, макони зисти ин оила, наздикони шавҳар ва ҳамсояҳо аз Парвина чун як модари меҳрубон ва зани ҳалим ёд карданд. Сафармоҳ Бобобекова, хушдомани Парвина гуфт, муносибати зану шавҳар хуб буд. Зайниддин мисли дигар мардони тоҷик дар Русия мардикорӣ мекард ва ҳангоми дар муҳоҷират буданаш ҳам, бо Парвинаву фарзандон тариқи интернет дар тамос будааст. Мушкил дар ин хонавода замоне сар зад, ки овозаи муносибати Зайниддин бо духтари аммааш Шукрона ба гӯши Парвина расидаву ӯро ба амале таҳрик дод, ки дар ниҳоят барои як умр аз фарзандон маҳрум ва ангуштнамои ҷомеа шуд.

Вай рӯзи 5-уми июл бо баҳонаи ҷамъоварии ҳезум ҳамроҳ бо се кӯдакаш аз хона берун шуда, ба Душанбе омад ва худро бо Оминаи 5-сола, Маҳинаи 6-сола ва Зиёвуддини 7-сола ба канали Ҳисор партофт. Ҷасади кӯдакон рӯзи дигар пайдо шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG