Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакили мудофеи Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ки ӯ дар ҳар сурат бояд то соли нав афв шавад. Тафтишот аммо мегӯяд, ҳукми Қудратовро танҳо додгоҳ содир мекунад.

Раҳматулло Зоиров - вакили мудофеи Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, зерҳимояти вай ҳатто дар сурати маҳкум шуданаш аз сӯи додгоҳ боз ҳам мавриди афв қарор мегирад ва бояд то соли нав озод шавад. Ӯ рӯзи 27 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳори умед кард, ки Шӯҳрат Қудратов на дертар аз 20 декабр афв мешавад: “Шӯҳрат Соли нави мелодиро бояд алакай дар озодӣ бо аҳли хонаводааш пешвоз бигирад. Ман ба ин бовар дорам.”

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеъи маъруф дар Тоҷикистон, рӯзи 21 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қасди додани пора ба як додрас боздошт шуд. Баъди боздошти ӯ, Тӯрабек Охунов - раиси ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр” ҳам, ки Шӯҳрат Қудратов як замон аз манофеи бародари зиндонии ӯ Ҷӯрабек Охунов ҳам ҳимоят мекард, алайҳи ӯ шикоят овард, ки гӯё дар муддати вакилиаш тақрибан 7000 доллари онҳоро бо роҳи “қаллобӣ” ба ҷайб задааст.

Раҳматуллоҳ Зоиров мегӯяд, тафтишот барои собит кардани ин иттиҳомот далелҳои қавие надорад. Ба гуфтаи ӯ, агар зерҳимояаш далели ришвадиҳиро дар оғоз эътироф мекард, алакай дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ бар асоси қонуни афв раҳо мешуд. Азбаски Қудратов иттиҳомро эътироф накард, парвандааш азхиран барои муҳокима ба додгоҳи шаҳри Душанбе фиристода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Фирӯз Холмуродов, муовини сардори раёсати тафтишоти Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 27 ноябр дар як тамоси кӯтоҳ бо Озодӣ хабарҳо дар бораи раҳоии Шӯҳрат Қудратовро “як овоза” номид ва гуфт, тафтиши парванда ба поён расидааст ва акнун танҳо додгоҳ тасмим хоҳад гирифт, ки чӣ ҳукмеро дар мавриди ӯ содир кунад.

Вале ба гуфтаи Раҳматуллоҳ Зоиров, дар ҳар сурат, ҳатто дар сурати судури ҳукме алайҳи Шӯҳрат Қудратов, ӯ боз ҳам мавриди афв қарор хоҳад гирифт. Ӯ мегӯяд, агар додгоҳ Шӯҳрат Қудратовро сафед кунад, вай дигар ба афв эҳтиёҷ надорад. Вале дар сурати ғайр, вай боз ҳам афв мешавад. Аммо Зоиров ин нуктаро истисно намедонад, ки ҷониби додгоҳ метавонад ҳукми худро бо таъхир содир кунад. Ӯ мегӯяд, дар бадтарин ҳолат Қудратовро метавонанд ягон 1200 доллар ҷарима банданд.

Лаҳзаи боздошти Ш.Қудратов

Лаҳзаи боздошти Ш.Қудратов

Шӯҳрат Қудратов аз аъзои аршади ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Раҳматуллоҳ Зоиров ба шумор меравад. Ӯ дар парвандаҳои пурсарусадое аз вазири собиқи умури дохила Ёқуб Салимов, Диловаршоҳ Қосимов, нафари мазнун дар қатли Холмӯъмин Сафаров - язнаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳайси вакили мудофеъ ширкат кардаааст.

Қудратов қабл аз боздошташ вакили соҳибкори маъруф ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов буд. Шӯҳрат Қудратов ва тарафдоронаш боздошти ӯро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ ва интиқоми мақомот барои мавқеи фаъолаш дар ин парвандаҳо, бахусус дар қазияи Зайд Саидов мешуморанд.

Зайд Саидов соли гузашта баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсие бо номи Тоҷикистони нав боздошт ва бо ҷароиме, чун порагирӣ, суистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Тарафдорони Саидов низ мегӯянд, боздошт ва таъқиби вай ангезаҳои сирф сиёсӣ дорад.

Фахриддин Зокиров

Фахриддин Зокиров

Қудратов дувумин вакили Зайд Саидов буд, ки боздошт шуд. Фахриддин Зокиров - вакили дигари ин соҳибкори шинохта - ҳанӯз моҳи март бо иттиҳоми таъхир дар пардохти қарзи бонк боздошт шуда буд. Ӯ рӯзи 3 ноябр бар асоси қонуни афв озод шуд. Раҳоии Зокиров акнун пайвандон ва тарафдорони Шӯҳрат Қудратовро низ ба озодии ӯ умедвор кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG