Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон бо эълони айбномаи нав Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноатро ба сирқати 45 миллион сомонӣ маблағи буҷаи давлат айбдор кардааст.

Як манбаъ аз Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 20 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноат иттиҳомоти нав эълон шудааст. Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи иттиҳомоти нав Саидов дар сирқати 45 миллион сомонӣ маблағи буҷаи давлат айбдор дониста мешавад. Ин манбаъ афзуд, бар асоси айбномаи нав Зайд Саидов бар асоси моддаҳои 292 (сарпечӣ аз пардохти молиёт), 314, қисми 2 (сӯъиистифода аз вазифаи хизматӣ), 340, қисми 2 (тақаллуби ҳуҷҷатҳо), 245, қисми 4 (азхудкунии маблағҳо) гунаҳкор дониста мешавад. Тавре Оҷонсии зидди коррупсия мегӯяд, ин иттиҳомоти нав алайҳи Зайд Саидов дар охирҳои ҳафтаи гузашта эълон карда шуд.

Эълони иттиҳомоти нав алайҳи Зайд Саидов ва он ҳам дар остонаи таҳияи қонуни афви саросарӣ ба муносибати солгарди 20-уми Қонуни асосии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин соҳибкори шинохта алакай ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон, ки дар соли 1999 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин ба ин мақом расид ва то соли 2006 узви ҳукумат буд, моҳи майи соли 2013, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” боздошт ва дар моҳи декабри соли 2013 аз сӯи Додгоҳи олӣ бо ҷароиме, чун гирифтани пора, сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ба 26 соли зиндон бо мусодираи молу мулки бо роҳи ғайриқонунӣ бадастовардааш маҳкум шуд.

Ӯву тарафдоронаш ин ҳукмро сиёсӣ номида, мегӯянд, ки он ба азми Саидов ба сохтани ҳизби сиёсӣ рабт дорад. Бархе нозирони умур эҳтимоли ба молу мулки ин соҳибкори муваффақ чашм дӯхтани гурӯҳҳои дигари манфиатдорро низ як омили дигари таъқиб ва чунин ҷазои сахт гирифтани ӯ медонанд. Аммо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла раҳбарони Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ки масъулияти тафтиши парвандаҳои зидди Зайд Саидовро бар ӯҳда доранд, вуҷуди ангезаи сиёсӣ ё молӣ дар ин парвандаро рад мекунанд.

“Душанбе –Плаза”

“Душанбе –Плаза”

Дар ҳоли ҳозир, Оҷонсии зиддифасод тафтиши парвандаҳои марбут ба тахаллуфоти молӣ дар сохтмони бинои 22-қабатаи “Душанбе –Плаза” – баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон – аз сӯи ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал”-ро идома медиҳад. Ба бовари мақомоти Оҷонсӣ, раҳбари воқеии ин ширкати дар гузашта пештоз дар бозори сохтмони шаҳри Душанберо дар асл худи Зайд Саидов бар дӯш дошт, на писараш Хайрулло Саидов.

Оҷонсии зиддифасод зимнан Хайрулло Саидов, писари калонии Зайд Саидовро ба тақаллуби аснод ва 4 сол калонтар нишон додани синнаш дар ҳуҷҷатҳо айбдор мекунад ва ҳамчунин қазияи издивоҷи 5 сол пеши писари сеюми соҳибкор – Хусрави Зайдро тафтиш мекунад. Гуфта мешавад, ки волидони духтар барои таъмини издивоҷи ӯ бо писари Зайд Саидов синни духтари дар соли 2009 ҳамагӣ 15-солаашонро дар ҳуҷҷатҳо 3 сол калонтар кардаанд.

Вакилони Зайд Саидов(аз чап ба рост): Исҳоқ Табаров, Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров

Вакилони Зайд Саидов(аз чап ба рост): Исҳоқ Табаров, Шӯҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров

Ҳамчунин аз 3 вакили Зайд Саидов ду нафараш – Фахриддин Зокиров дар моҳи март бо иттиҳоми таъхир дар пардохти қарзи бонк ва Шӯҳрат Қудратов дар моҳи июн бо иттиҳоми қасди додани пора ба як додрас – боздошт шудаанд.

То кунун мақомоти Тоҷикистон дастикам 8 корхонаи марбут ба Зайд Саидов ва наздикону шарикони ӯ, бо шумули корхонаи дӯзандагии “Гулистон” ва корхонаи мармари “Лаъл” дар шаҳри Душанбе, ва корхонаи “Тоҷиказот” дар шаҳри Сарбандро давлатӣ кардаанд. 75 дарсади саҳмияҳои “Тоҷиказот” ба яке аз ширкатҳои шарики дигари Зайд Саидов – миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ дошт, ки гуфтааст, аз ҳаққи худ ба ин корхона дар додгоҳҳои байналмилалӣ дифоъ хоҳад кард.

Расми ифтитоҳи маркази тиҷории "Пойтахт"

Расми ифтитоҳи маркази тиҷории "Пойтахт"

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон дар оғози моҳи сентябр ба баррасии сарнавишти саҳмияҳои Зайд Саидов дар маркази тиҷории “Пойтахт" шурӯъ кардааст. Ин бинои иборат аз 6 ошёна, дар шафати варзишгоҳи “Спартак”, ба ширкати “Рос-Азия-Инвест” , ки 49 дарсади саҳмияҳояш моли Зайд Саидов 51 дарсадаш ба писари Олег Сосковетс, муовини собиқи сарвазири Русия рабт мегиранд, тааллуқ дорад. Дар соли 2010 дар расми ифтитоҳи ин бино дар баробари моликонаш – Зайд Саидов ва Олег Сосковетс – раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев низ ширкат доштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG