Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти қирғиз хабари тавофуқ дар мавриди боз шудани марзи Тоҷикистону Қирғизистонро рад карда мегӯянд, ки ин масъала дар музокироти ахир дар Душанбе ниҳоӣ нашуда буд.

Ҳоло гузаргоҳҳои марзии Қирғизистон ҳанӯз бастааст ва сокинони марзӣ дар интизорӣ ба сар мебаранд.

Субҳи рӯзи чоршанбеи 5–уми март, ки ба гузаргоҳи сарҳадии Овчӣ Қалъача, воқеъ дар канори деҳаи ҳамноми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтам, аз ду суи марз садҳои чӯбӣ (шлагбаумҳо) поин ва роҳи ягона барои равуои сокинону нақлиёт баста буд. Дар назди он садҳо сарҳадбонҳои тоҷику қирғиз аслиҳа дар китф посбонӣ мекарданд.

Ин гузаргоҳи марзӣ, дар тахминан 40 киламетрии ҷануби шарқи Хуҷанд деҳаҳои Овчӣ Қалъачаи Тоҷикистон ва Қулундии ноҳияи Лайлаки Қирғизистонро аз ҳам ҷудо мекунад. Ин маҳалҳои ду кишвар чунон ба ҳам зич воқеанд, ки ба чашм дарёфтани марзи байни онҳо душвор аст. Ва танҳо посгоҳҳои марзӣ аз марзи ду кишвар будани ин ҷо нишона медоданд.

Бибихон Ҳалимбоева, сокини деҳаи Овҷӣ Қалъача дар назди гузаргоҳи марзӣ дӯкони хурди хӯрокворӣ дорад. Вай гуфт, сокинони тоҷику қирғизи ду суи марз на танҳо ҳамсояанд, балки бо ҳам робитаҳои хешу таборӣ низ доранд. Ва бастагии марз онҳоро аз равуои озодона ба назди ҳамдигар маҳрум кардааст. Хонум Ҳалимбоева афзуд:

“Мо ҳама мунтазири кушода шудани сарҳад. Мо мехоҳем, ки ҷанг нашавад. Ягон бор ҷангу ҷанҷол накардаем. Ин ҷо бисёр касон бо ҳам қудо, фарзанди бародари шавҳарам аз он ҷо арӯс овардагӣ. Ҳозир бо телефон бо якдигар суҳбат мекунем. Онҳо ҳам талабгори тезтар боз шудани роҳанд.”

Бибихон дар ду моҳи баста будани хати сарҳади Қирғизистон харидорони зиёдашро аз даст додааст, ки ба хотири арзонӣ аз деҳаи ҳамсояи Ғулундии қирғизнишин меомаданд.

Байни вилояти Суғд ва Қирғизистон чор гузаргоҳи марзӣ дар ноҳияҳои Исфараву Ғафуров ва Ҷаббор Расулов ҷойгир аст. То баста шудани хати сарҳад равуои сокинон ба кишвари ҳамдигар озодона сурат мегирифт. Дар вилояти Бодканд, бинобар дурафтодагӣ аз Бишкеку Ӯш нархи мавод назар ба вилояти Суғд баландтар аст, аз ин рӯ, қирғизҳо аз бозорҳои Исфараву Ғафуров ва Хуҷанд зиёд харид мекарданд.



Ба навбати худ аз Бодканд низ ба Суғд меваю чорпо ва чизҳои дигар, мисли доруҳои минераливу ангишт ворид мегардид.

Дадоҷон Тоҳиров, мусоҳиби дигарам дар назди гузаргоҳи марзии Овчӣ Қалъача гуфт, вай аз Конибодом ба умеди боз шудани хати сарҳад ин ҷо омадааст:
“Ман барои харидани қисмҳои эҳтиётӣ барои автомобили “Волксваген” ба ин ҷо омадам. Чунки дар вилояти мо камёфт ва қимат аст ва пеш аз ин ҷо ба нархи арзон аз қирғизҳо мехаридам. Хабари кушода шудани сарҳадро шунида, динаю боз мебинед, имрӯз омадам, аммо роҳро накушодаанд. Ба он тараф гузаштан намемонанд.”

Барои сокинони марзии Суғду Бодканд пинҳонӣ гузаштан ба қаламрави ҳамдигар кори чандон душворе нест. Чунки ба гуфтаи сокинон, сарҳадбонҳои ҳар ду кишвар бо вуҷуди бастани гузаргоҳҳои сарҳадӣ имкони назорати пурраи хати марзро, бинобар печидагиву аз байни манотиқи аҳолинишин гузаштани он надоранд. Аммо бими дар сурати боздошт гунаҳкор шудан ба сарҳадшиканӣ аз сӯи мақомот онҳоро аз ин бозмедорад. Ҳамин тавр, мисли мусоҳибамон – Дадоҷон назди посгоҳи сарҳадӣ корафтодагони мунтазири боз шудани сарҳадро дидан мумкин аст.

Рӯзи чоршанбеи 5 – уми март сардори сарҳадбонони тоҷик дар ин посгоҳ дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Озодӣ гуфт, ки хабари дар наздиктарин рӯзҳо боз шудани сарҳадро онҳо низ аз расонаҳову забонҳо шунидаву аммо кадом дастуре аз раҳбарони худ нагирифтаанд.

Як мақоми наздик ба ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар гуфтушӯниди Душанбе ба Озодӣ гуфт, дар протоколи музокирот боз кардани хати марз сабт нашуда буд. Аммо эҳтимол дорад мақомоти қирғиз тасмими худро дар наздиктарин рӯзҳо боз кардани хати сарҳадаш бо Тоҷикистон ба таври ғайрирасмӣ баён дошта бошанд.

Вале Тоқон Мамадов, муовини сарвазири Қирғизистон, ки ҳайати ин кишварро дар гуфтушуниди Душанбе раҳбарӣ мекард, дар сӯҳбат бо расонаҳои кишвараш хабари боз кардани сарҳади ин кишвар бо Тоҷикистонро рад карда гуфтааст, ин масъала дар ҳоли ҳозир мавриди баррасӣ қарор дорад. Ва Қирғизистон ҳанӯз дар бораи кушодани сарҳадаш ба сӯи Тоҷикистон тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.

Гулмира Борубоева, сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳам рӯзи 5-уми март ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки «масъалаи кушодани марз то ҳол дар марҳилаи баҳси ҷонибҳо қарор дорад.»

Ин дар ҳолест, ки манобеи мухталиф рӯзи 3 март, баъди анҷоми даври ахири музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Душанбе мегуфтанд, як дастоварди асосии ин нишаст тавофуқи тарафҳо ҷиҳати кушодани марз аст ва интизор меравад, рӯзи 5 март гузаргоҳҳои басташуда дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дубора боз шаванд.

Тоқон Мамитов, муовини сарвазири Қирғизистон рӯзи 4-уми март ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар музокироти рӯзи 3-юми март масъалаи кушодани марзҳо баррасӣ нашуда буд: «Ҷониби Тоҷикистон ба мо пешниҳоди худро ироа карданд. Вале мо ҳоло барои ҷавоб гардондан омода нестем. Мо бояд ҳамаҷониба омода шавем баъдан ҷавоб хоҳем дод.»

Қирғизистон баъд аз тирпарронии рӯзи 11 январ дар марзи рустои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва рустои Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон марзҳояш бо Тоҷикистонро баст. Он муноқиша, ки ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғизро захмӣ ба ҷо гузошт, боиси ҷиддитарин таниш дар равобити ин ду кишвари фақиртарини Осиёи Марказӣ шудааст. Бишкек баъди ин қазия ҳатто сафирашро аз Душанбе фаро хонд.


Тоҷикистону Қирғизистон, ду кишвари болооби Осиёи Марказӣ, ки ба фарқ аз кишварҳои поёноб аз мнобеи нафту газ маҳру буда, дар бисёре аз масоили доғи минтақа, аз ҷумла шеваҳои тақсими об ва сохтани нирӯгоҳҳо, назари ҳамсон доштанд, дар ин авохир ба далели масоили ҳаллношудаи марзӣ вориди танишҳои ҳарчӣ амиқтар мешаванд.
Тоҷикистону Қирғизистон дар 22 соли гузашта аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 976 километр марзи муштараки байни ин ду кишвар то имрӯз ҳамагӣ 504 километрро пурра таъйин ва аломатгузорӣ кардаанд. Такя кардани Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи соли 1924 боис шудааст, ки ду кишвар аз соли 2006 ба ин тараф, яъне дар 8 соли охир, дар раванди аломатгузории марз дигар ягон километр пеш нарафтаанд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG