Пайвандҳои дастрасӣ

Фоли нек. "Тоҷик Эйр" парвозҳояш ба Бишкекро аз сар мегирад


Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» субҳи 25 феврал баъди қариб 4 ҳафтаи таваққуф парвозҳояш дар масири Душанбе –Бишкекро бо ҳавопаймои «Боинг» аз сар мегирад.

Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳавопаймои нахустин субҳи сешанбе, соати 10-20 аз фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон ба қасди пойтахти Қирғизистон ба ҳаво хоҳад хест.

Муҳаммадюсуф Шодиев дар бораи далоили аслии 27 рӯзи таваққуф дар парвозҳои «Тоҷик Эйр» дар хатти Душанбе-Бишкек изҳори бехабарӣ кард. Аммо «Тоҷик Эйр» парвозҳояш ба Бишкекро аз 29 январ дар ҳоле мутаваққиф кард, ки баъди тирпаронии рӯзи 11 январ дар марзи Исфараву Бодканд равобити Тоҷикистону Қирғизистон ба сардӣ гароида, мусофирони тоҷик дар фурудгоҳи Бишкек барои чанд соат мавриди тафтишу пурсуҷӯ қарор мегирифтанд.

«Тоҷик Эйр» танҳо ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон аст, ки байни Душанбеву Бишкек парвоз мекард. Ширкати қирғизии «Авиатрафик», ки низ дар ин масир парвоз мекунад, ахиран ба далели камбуди мусофир шумори парвозҳояш байни пойтахтҳои Қирғизистону Тоҷикистонро аз ду то як маротиба дар ҳафта коҳиш додааст.

Рӯзи 22 январ дар фурудгоҳи Бишкек ҳудуди 40 мусофире, ки аз Душанбе меомаданд, ба маҳзи пурсуҷӯҳои «мӯшикофона»-и мақомоти марзбонии қирғиз барои чанд соат дармонданд. Бори дувум чунин ҳодиса рӯзи 26 январ иттифоқ уфтод ва аз 48 мусофире, ки аз Душанбе омада буданд, 9 шаҳрванди Тоҷикистонро аз соати 17 то 23 тайи қариб 8 соат аз сӯи мақомоти қирғиз «пурсуҷӯ» шуданд. Мақомоти фурудгоҳ дар посух ба суолҳои Радиои Озодӣ ишора ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон мекарданд, ки ҷиҳати чунин тафтиши шаҳрвандони Тоҷикистон амр гирифтаанд.

Фурудгоҳи Манас дар канори Бишкек

Фурудгоҳи Манас дар канори Бишкек

Аммо сухангӯи Хадамоти марзбонии Қирғизистон он замон дар сӯҳбат бо Озодӣ вуҷуди кадом амри вижае барои тафтиши алоҳидаи шаҳрвандони Тоҷикистонро рад карда, гуфта буд, ки ҷониби Тоҷикистон дар масъалаи «боздошт»-и мусофирони тоҷик дар фурудгоҳҳои Қирғиизистон ба муболиғаи зиёд роҳ медиҳанд ва дар асл ин танҳо тафтиши маъмулии аснод аст, на чизи бештар.

Гулмира Борубаева, раиси дафтари матбуоти ин хадамот ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳеҷ гуна амру фармоне барои тафтиши дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон нарасидааст. Вақте шаҳрвандон аз гузаргоҳи марзӣ мегузаранд, дар ҳар кишвар ба онҳо суолҳои маъмулӣ дода мешавад ва ҳамин кор бо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам шуд. Ва мо наметавонем бигӯем, ки бо шаҳрвандони Тоҷикистон ғаразмандона муносибат кардаанд.”

Аммо ҳамагӣ 3 рӯз баъд аз ин мавриди дувуми 8 соат дар фурудгоҳи Бишкек дармондани мусофирони тоҷик ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳояш ба Бишкекро боздошт.

Ҷумъабой Сангинов

Ҷумъабой Сангинов

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви ҳайати Тоҷикистон дар музокирот бо Қирғизистон ба Озодӣ гуфт, тавқифи парвозҳои “Тоҷик Эйр” ягон ангезаи сиёсӣ надошт, балки омилҳояш сирф фанниву иқтисодианд. Оқои Сангинов ба ҳар сурат, аз дубора фаъол шудани парвозҳо дар хатти Душанбе –Бишкек истиқбол кард ва онро як фоли нек дар пешорӯи даври навбатии музокироти масоили марзии ду кишвар номид, ки ба гуфтаи ӯ, қарор аст, дар даҳаи аввали моҳи март дар Душанбе доир шаванд.

Рӯзи 11 январ муноқишаи марзбонҳои тоҷику қирғиз дар канори рустои тоҷикии Хоҷаи Аъло ва рустои қирғизии Оқсой бар сари сохтмони роҳи баҳсии Кӯктош –Оқсой-Тамдиқ ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷа 2 марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд.

Ин қазия ба таниши бесобиқае дар равобити Душанбеву Бишкек оғоз гузошт. Қирғизистон марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва сафирашро аз Душанбе “барои машварат” фаро хонд. Дар ин муддат байни ду кишвар чанд даври музокирот доир шуд. Ҷонибҳо ба иқдомҳое, чун ташкили патрулҳои муштараки милисаву марзбонӣ дар нуқоти доғи марзи Исфараву Бодканд, тавофуқ карданд, вале ба сурати умум, ба таъйиди манобеъ аз ҳар ду ҷониб, музокирот ба кундӣ пеш меравад.

Манобеъи Озодӣ мегӯянд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ивази ризоияташ ба сохтани роҳи Кӯктош-Оқсой як порчаи борики тӯлаш 4,5 километр хостааст, то ҷамоати Ворухро бо рустои Хоҷаи Аъло пайваста, бо ҳамин ин ҷамоати аҳолиаш иборат аз беш аз 30 000 нафарро аз ҳолати анклав берун биорад. Ворух феълан аз чор тараф дар иҳотаи Қирғизистон қарор дорад ва ҳар боре ки байни ду кишвар таниш бархост, иртиботаш бо боқӣ қаламрави Исфара комилан қатъ мешавад.

Тоқон Мамитов дар марзи Исфараву Бодканд

Тоқон Мамитов дар марзи Исфараву Бодканд

Аммо ҷониби Қирғизистон пешниҳоди чунин муомилае аз сӯи Тоҷикистон ба хотири баҳси масоили доғи марзӣ байни ду кишварро рад мекунанд. Тоқон Мамитов, муовини сарвазир ва раҳбари ҳайати Қирғизистон дар музокирот бо Тоҷикистон ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки чунин пешниҳод садо надодааст, вале агар садо ҳам диҳад, ӯ қабулаш нахоҳад кард.

Дар чунин шароит субҳи 25 феврал ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” баъди қариб 4 ҳафтаи таваққуф аз Душанбе ба Бишкек парвоз мекунад. Бисёриҳо дар ҳарду ҷониб умедворанд, ки ин парвоз оғози гармии бештаре дар равобити Тоҷикистону Қирғизистон баъди як муддати тӯлонии сардӣ хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG