Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паёми тунди Отамбоев ба "кишварҳои ҳамсоя"


Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев

Раисиҷумҳури Қирғизистон "кишварҳои ҳамсоя" ва зоҳиран Узбакистонро ҳушдор додааст, ки аз талоши ба ҳам задани субот дар кишвараш даст бардоранд.

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон дар суханрониаш дар солгарди истиқлоли ин кишвар “кишварҳои ҳамсоя”, зоҳиран Узбакистонро ба қатъи интиқоли газ ва талоши дигарбора ба ҳам задани субот дар Қирғизистон айбдор кард. Отамбоев, ки шоми 31 август дар майдони марказии Бишкек дар маросиме бахшида ба солгарди 23-юми истиқлоли Қирғизистон сухан меронд, аз ҷумла гуфт: “Дар инҷо сафирони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз кишварҳои ҳамсоя низ ҳузур доранд. Бо истифода аз фурсат мехоҳад тавассути онҳо ба раҳбарони ин кишварҳо муроҷиат кунам. Ҳамсояҳои мӯҳтарам! Биёед, дӯстона зиндагӣ кунем! Биёед, ба якдигар ба ҷои зарар расондан, кумак расонем. Ба онҳое, ки шуморо мутақоид месозанд, ки базудӣ дар Қирғизистон боз як инқилоб сар мезанад, бовар накунед! Мегӯянд, ки гӯё каме таҳрик аз беруну пуштибониву таъмини молии мухолифон дар дохил кофӣ бошад. Ин дигар ҳеҷ гоҳ рух нахоҳад дод! Мо алакай “Баҳори Араб”-ро пушти сар кардем. Мо ҳоло як кишвари дигар шудаем. Дигар бо мо наметавон бо зӯрӣ ҳарф зад. Қирғизистон дигар ҳеҷ гоҳ дар пеши ягон кас ба зону нахоҳад зад.”

Отамбоев қатъ шудани интиқоли газ ба ҷануби Қирғизистон мисол овард ва гуфт, нирӯҳое ҳанӯз ҳастанд, ки ба ваҳдати кишвар таҳдид мекунанд. Ба бовари ӯ, “масъалаи газро бахусус сиёсатмадорони мухолиф доман мезананд. Фикр мекунам, маҳз ба хотири ба ҳам задани суботи сиёсӣ газро қатъ карданд.”

Манзури Отамбоев қатъ шудани интиқоли газ ба ҷануби Қирғизистон аз тарафи Узбакистон аст. Тошканд дар пайи ба “Газпром”-и Русия фурӯхта шудани саҳмияҳои ширкати “Қирғизгаз” ба ин баҳона ки қарордоди “Узтрансгаз” бо “Қирғизгаз” буд, на бо “Газпром” аз моҳи апрел содироти газаш ба вилояти Ӯшро қатъ кард ва амалан ҷануби Қирғизистонро бегаз гузошт.

Раисиҷумҳури Қирғизистон гуфт, бо шарофати барномаҳои муштарак бо “Газпром” таъмини кишвараш бо газ ба зудӣ хеле беҳтар хоҳад шуд. Ба гуфтаи Алмосбек Отамбоев, сар аз якуми октябр Қирғизистон ҳар ҳазор метри мукааб гази табииро аз "Газпром" бо қиммати 165 доллар мехарад, ҳарчанд пештар гази Узбакистон ва Қазоқистонро бо қиммати 224 долларӣ мехарид: “Аз 1 октябри соли равон “Газпром” газро ба шимоли Қирғизистон бо нархи 165 доллар барои 1000 метри мукааб хоҳад расонд. Ҳоло нархи газ 224 доллар аст. Яъне нархи газ барои Бишкек ва шаҳрҳои дигари шимоли кишвар то якуним маротиба арзонтар хоҳад шуд.”

Ширкати давлатии “Газпром”-и Русия аввали имсол ширкати “Қирғизгаз”-ро бо қиммати рамзии 1 доллар харид ва қавл дод, ки барои зербунёдҳои истихроҷу интиқоли газ миллионҳо доллар сарф мекунад. Ба гуфтаи Алмосбек Отамбоев, “Газпром” бунёди як лӯлаи газеро шурӯъ мекунад, ки шимолу ҷануби Қирғизистонро васл мекунад. Айни замон мақомоти расмии Қирғизистон аз мардум хостаанд, ки ба ҳар сурат, барои зимистон ангишт захира кунанд, зеро тарҳҳои “Газпром”, қарор аст, то соли 2016 такмил шаванд.

Узбакистон ҳамин тавр, таъмини Тоҷикистон бо гази табииро аз соли 2010 қатъ кардааст. Вилоятҳои ҷануби Қирғизистон то баҳори соли равон аз Тошканд газ мегирифтанд, вале дар моҳи апрел Узбакистон вилояти Ӯшро низ аз “сина”-и газаш ҷудо кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG