Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Эътирози қатъӣ"-и Душанбе ба Қирғизистон (ВИДЕО)


Маҳалли даргирии шоми 25 август

Маҳалли даргирии шоми 25 август

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли як ёддошт "эътирози қатъии худро" ба Қирғизистон изҳор карда, гуфтааст, дар сурати такрори чунин ҳаводис "ҳаққи худро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва дифоъ аз шаҳрвандон ва қаламрави худ раво медонад."

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 26 август дар робита ба задухӯрди шоми 25 август дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ки бар асари он, ду шаҳрванди тоҷик, бо шумули як афсари марзбон, кушта ва 5 тани дигар захмӣ шудаанд, ба ҷониби Қирғизистон ёддошт фиристодааст. Душанбе дар як иттилоияи ба таври бесобиқа шадидуллаҳн, ки баъд аз зӯҳри 26 август дар сомонаи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон нашр шуд, гуфт, "ҷониби Тоҷикистон, дар сурати минбаъд такрор шудани чунин ҳолатҳо, ҳаққи худро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва дифоъ аз шаҳрвандон ва қаламрави худ бо истифода аз нерӯ ва имконоти мавҷуда, раво медонад."

Дар хабари расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин гуфта мешавад, ки Душанбе "бино бар амалҳои ҷониби Қирғизистон дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар таърихи 25 августи соли 2014, ки он талафоти ҷониро дар пай дошт, эътирози қатъии худро изҳор мекунад. Вайрон карда шудани тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда ва кӯшишҳои ҳалли масъалаҳо тавассути зӯр номақбул арзёбӣ мегардад. Вазорат афзоиши чунин иғвоҳоро дар арафаи гуфтушунидҳои муҳими байниҳукуматӣ, ки ба муносибатҳои дуҷониба таъсири манфӣ мерасонанд, бо таассуф таъкид менамояд."

Нотаи эътирозии Қирғизистон дар робита ба тирпарронӣ дар марз

Вазорати хориҷаи Қирғизистон рӯзи 26 август бо нашри як иттилоияи расмӣ ҳамчунин сокинони Тоҷикистонро дар муноқишаи ахир муқассир донист. Вазорати хориҷаи Қирғизистон мегӯяд, Бишкек мегӯяд, ба ҷониби Тоҷикистон дар робита ба муноқишаи шоми 25 август нотаи эътирозӣ супурда, дар ин нота аз моҷарои охир изҳори нигаронии шадид кардааст. Бишкек мегӯяд, ҷониби Тоҷикистонро ба риояи “бечунучаро”-и меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ даъват кардаву ҳамчунин пешниҳод додааст, то ин қазияро билофосила ва муштаракан таҳқиқ карда, тамоми афроди гунаҳкоррро ба ҷазо бикашонанд. Ҳамчунин аз ҷониби Тоҷикистон дархост шудааст, то рафтори низомиҳои тоҷикро, ки ба бовари Бишкек, “мухолиф ба тавофуқоти байни тарафҳост,” шарҳ бидиҳад.

Бино ба ин иттилоия, “ҳангоми ҷилавгирӣ аз аъмоли ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон ва гирифтани пеши роҳи тахриби пул, низомиҳои Тоҷикистон алайҳи низомиҳои Қирғизистон аз силоҳ тир кушоданд, ки мунҷар ба даргирӣ байни низомиҳои Қирғизистону Тоҷикистон шуд. Бар илова, дар ҷараёни даргирии нимсоата посгоҳи марзбонии “Қулунду” таҳти оташи миномёт аз қаламрави Тоҷикистон қарор гирифт.”

Дар изҳороти расмии Бишкек аммо чизе дар бораи шумораи афроди куштаву захмишуда дар муноқишаи ахир нест, вале гуфта мешавад, ки муноқиша дар мавзеи Сойи ҷамоати Қулундуи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон сурат гирифтааст. Сокинони ҷониби Тоҷикистон вале мегӯянд, ин муноқиша дар як минтақаи баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух дода, бар асари он аз ҷониби Тоҷикистон 2 нафар куштаву 5 тани дигар захмӣ шудаанд.

Муноқишаи ахир ҳамчунин мавзӯи мулоқоти раисиҷумҳури Қирғизисчтон бо фармондеҳи нирӯҳои марзбонии он кишвар шудааст. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон хабар дод, ки президент Алмосбек Отамбоев рӯзи 26 август бо раиси Хадамоти марзбониаш Раҳимбердӣ Дуйшенбиев вазъи пешомада дар марзи Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Бино бар ин манбаъ, Дуйшенбиев ба раисиҷумҳур дар бораи ҷузъиёти “моҷарое ки рӯзи 25 август дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рух дод, маълумот дода, ҳамчунин дар бораи чораҳое, ки ба хотири оддӣ сохтани вазъ андешида мешаванд, гузориш додааст.” Отамбоев ба фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Қирғизистон амр додааст, то ҷиҳати таҳкими ҳифозати марз ва ҳалли минбаъдаи вазъ “тамоми чораҳои лозим”-ро бияндешад. Ҷузъиёти бештари ин мулоқот ҳанӯз дастрас нашудааст.

Ҷузъиёти муноқиша

Шоми 25 август дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон байни марзбонҳои ду кишвар задухӯрди мусаллаҳонае сурат гирифт, ки ба гуфтаи манобеъи Тоҷикистон, бар асари он 2 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 5 тани дигар захмӣ шудаанд. Яке аз кушташудагон - Азамат Азимов, сардори гурӯҳи сарҳадбонӣ дар ин хати марз ва ҷияни Абдураҳмон Азимов, собиқ раиси марзбонии Тоҷикистон ва дувумӣ сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯъмонҷон Набиеви 25-сола будаанд. Ҷанозаи Нӯъмонҷон Набиев субҳи 26 август ба хок супурда шуд ва дар намози ҷанозаи ӯ садҳо нафар аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат карданд. Як марзбони дигар – Умед Мирзоев – ва 4 сокини дигари рустои Қалъача, ки низ дар муноқишаи рӯзи 25 август дар наздикии пул аз болои рӯди Хоҷа Боқирғон захмӣ шуданд, дар бемористони шаҳри Ғафуров бистарӣ шудаанд.

Раиси хоҷагии "Сарбанд" Мансур Ҷӯраев, яке аз иштирокчиён ва маҷрӯҳони муноқиша дар марз бо Қирғизистон рӯзи 26-уми август дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб ҷараёни муноқишаро чунин қисса кард:

Абдусамад Маннонзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 26 август дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ бо такя ба шаҳодати сокинони захмишудаи рустои Қалъача гуфт, «аввал сарҳадбонони қирғиз ба тарафи сокинони бесилоҳи тарафи Тоҷикистон тир заданд.» Ба гуфтаи Маннонзода, вазъ феълан дар ин м интақаи марз ором аст. Бино ба нақли ӯ, дар ҳодисаи шоми 25 августсарҳадбонони қирғиз ба тарафи сокинони мулкии деҳоти сарҳадӣ оташ кушоданд. «Аз шоми дирӯз то ҳол ман дар ҷои ҳодиса будам, субҳи имрӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ҷои ҳодиса омада буданд ва бо вазъ аз наздик шинос шуданд, дар инҷо як ситод ҳам таъсис дода шудааст,» - мегӯяд ҷаноби Маннонзода.

Сокинони тарафи Тоҷикистон мегӯянд, ба сохтмони роҳ дар минтақаҳои баҳсии марз сар кардани ҷониби Қирғизистон сабаби муноқишаи шоми 25 август дар ин қитъаи марз шудааст. Сокинони рустои Қалъача алайҳи сохтани роҳ эътироз кардаанд, вале марзбонҳои қирғиз дар посух алайҳи онҳо тир кушодаанд.

Ба гуфтаи сокинон, низомиёни қирғиз ба суи гурӯҳи сокинони деҳаи Қалъача, ки ба хотири монеъ шудан ба кори сохтмони пул ҷамъомада оташ кушода, 5 нафар: Мансурҷон Ҷумъаев, раҳбари хоҷагии деҳқонии “Сарбанд”, Нӯъмон Набиев, Ислом Ҷалилов, Зайнидин Зиёев ва Ҳалим Сатторов, ҳамагӣ сокинони деҳаи Қалъачаро захмӣ кардаанд.

Ин муноқиша дар арафаи даври навбатии музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон рух дод. Як манбаъи мӯътамад аз ҳукумати Тоҷикистон имрӯз 26 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайати кумиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон субҳи 26 август барои идомаи музокира оид ба аломатгузорӣ ва нишонагузории манотиқи мавриди баҳси Тоҷикистону Қирғизистон ба Бишек сафар кардааст. Аммо зоҳиран баҳси мурноқишаи ахир мавзӯи асосии музокироти тарафҳо дар Бишкек мешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки беш аз 460 километраш то ҳол таъин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар минтақаҳои баҳсии ин марз, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва мразбонҳои ду тара фҳар сари чанд вақт муноқишаҳои ҳатто мусаллаҳона рух медиҳанд. Дар як даргирии моҳи январ дар марзи Исфараву Бодканд ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону 1 милисаи қирғиз кушта шуданд. Он моҷаро боиси сахттарин таниш дар равобити Душанбеву Бишкек шуд ва ҷониби Қирғизистон сафирашро аз Тоҷикистон фаро хонда, марзҳояш бо ин ҳамсояи худро барои 3 моҳ баст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG