Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидори ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар марз


Ноҳияи Ҷиргатол. Акс аз бойгонӣ.

Ноҳияи Ҷиргатол. Акс аз бойгонӣ.

Рӯзи 11 август ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳодисаи кушта шудани як шаҳрванди Қирғизистонро дар ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Дафтари матбуоти нерӯҳои марзбони Қирғизистон хабар дод, ки намояндагони ин нерӯҳо, ҳокимияти маҳаллӣ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон дар қитъаи Уш бо марзбонон ва намояндагони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мулоқот карданд. Дар ин дидор тарафи Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи куштори як шаҳрванди Қирғизистон дар марз ба ҳайати Қирғизистон маълумот дод.

Дар ин гуфтушунид тарафи Тоҷикистон ризояи тдод, ки воқеа бо ширкати ниҳодҳои ду ҷониб таҳқиқ шавад. Ба ғайр аз ин тарафи Қирғизистон аз Тоҷикистон талаб кард, ки вакили ҳуқуқии оилаи шаҳрванди кушташудаи Қирғизистон ҳаққи ширкат дар тафтиши ҷиноиро дошта бошад.

Дар поёни мулоқот наздикони ду шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистон бо марзбонони Тоҷикистон баргузор гашт. Намояндагони марзбонии Тоҷикистон ба пайвандони ду шахси боздоштшуда ваъда доданд, ки шоми 11-уми август гуфтугӯи телефонии онҳоро бо наздиконашон ташкил хоҳад кард.

Ҳарду шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистон ҳоло дар боздоштгоҳи Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷиргатол нигаҳдорӣ мешаванд. Тарафи Тоҷикистон ваъда додааст, ки раванди бозгардони шаҳрвандони Қирғизистонро ба ватанашон пас аз анҷоми заруриёти ҳуқуқӣ хоҳад тезонд.

Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳодисаи тирпаронӣ дар гузаргоҳи Тупакул воқеъ дар ноҳияи Ҷиргатолро рӯзи 9 август рух додааст. Манбаъ дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, ки шикорчиёни қирғиз хатти марзи Тоҷикистонро нақз намуда, як хирсро кушта ва ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат накардаанд ва аз ин рӯ яке аз шаҳрванди Қириғизистон кушта ва ду нафари дигар боздошт шудаанд.

«Вақте, ки се шаҳрванди Қирғизистон вориди деҳаи Тупакули Ҷиргатол мешаванд, онҳо дар ҷангал як хирсро кушта, мехостанд ба тарафи Қирғизистон баранд, аммо сарҳадбонони тоҷик онҳоро мушоҳида намуда, талаб мекунанд, ки силоҳҳои худро гузошта таслим шаванд, вале шикорчиҳои қирғиз дар ҷавоб тирпарронӣ мекунанд, ки дар натиҷа яке аз шикорчиҳо кушта мешавад.»

Манбаъ мегӯяд, дар ҷои ҳодиса дурбин, силоҳи шикории «ТОЗ-8», тирдон бо гулулаҳои тир ва лошаи хирс ёфт шудааст ва феълан рӯйдод таҳқиқ мешавад. Дафтари матбуоти нерӯҳои марзбони Қирғизистон дар изҳороте гуфтааст, ки мақомоти Тоҷикистон онҳоро аз қазия огоҳ кардаанд. Дирӯз ҷасади шахси кушташударо ба ҷониби Қирғизистон супурда шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар робита ба ин ҳодиса Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Вазорати умури хориҷии Қирғизистон нота ирсол дошта, шарҳи омилҳои рух додани ин воқеа ва марзшиканиҳои шаҳрвандони қирғизро тақозо кардааст.

Ноҳияи Ҷиргатол дар марз бо Қирғизистон воқеъ шуда ва ҳолатҳои муноқишаҳои сарҳадӣ миёни ду кишвар то кунун камсобиқа мебошад.

Аммо минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар Исфараи вилояти Суғд борҳо шоҳиди даргириҳои марзӣ миёни ду тараф шудааст, ки чандин кушта ва захмӣ ба ҷой гузоштаанд. Дар ин гӯшаи аломатгузориношудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳамин сол чандин бор ҷангу муноқиша сар зад. Моҳи гузашта ва дар рӯзи 10-уми июл ҳангоми даъво бар сари қаламрав байни марзбонони қирғизу тоҷик низоъ бархост ва дар натиҷаи тирандозии марзбонони қирғиз 7 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардошт ва як нафари дигар кушта шуд. Як марзбони тоҷик низ дар ин муноқиша захмӣ шуд. Муноқишаи аз ин ҳам бадтар ва боз ҳам бар сари қаламравҳои баҳсбарангез рӯзи 11 январ сурат гирифт, ки дар натиҷаи он 2 марзбони тоҷик ва 6 марзбону як маъмури милисаи Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд.

Солҳост, ки ин гӯшаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва аз ин рӯ байни сокинони рустоҳои марзии вилояти Суғд ва Ботканд гоҳ-гоҳе барои обу замину чарогоҳ ҷанҷолу муноқиша мехезад. Дар замони шӯравӣ ҳам ингуна ҳодисаҳо низ будааст, аммо бисёр кам. Марзи Исфараву Бодканд доғтарин нуқтаи марзи 971-километрии Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад. То ҳол аз 971 километр марзи ду кишвар танҳо 504 километраш таъин ва аломатгузорӣ шудааст ва аксари нуқтаҳои баҳсбарангези марз дар Исфараву Бодканд мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG