Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон носкашӣ манъ шуд, дар Тоҷикистон чӣ?


Бино бар тарҳи нави Қонуни тандурустии Қазоқистон сар аз 18-уми апрел нос дар қаламрави ин кишвар маводи мамнӯъ эълон мешавад.

Қонунгузорони Қазоқистон бар пояи хулосаи илмии таъсири нос ба саломатии шаҳрвандон ба натиҷае расиданд, ки истифодаи онро дар як саф бо маҳсулоти дигари тамокуӣ дар кишвари худ манъ кунанд. Таҳқиқи кимиёии таркиби нос нишон додааст, ки маводи он ба фаъолияти майнаи сари инсон таъсири ҷиддӣ дошта, истифодааш боиси бемории рак ё саратони даҳону ком, ҳалқ, роҳҳои нафас ва сурхрӯда мешудааст.

Номзади илми тиб Майрам Раганин, ки аз ташаббускорони ин тарҳ буд, ба хабарнигорон гуфтааст, баҳсҳои гурӯҳи олимон дар порлумони Қазоқистон ва пуштибонии Вазорати тандурустии ин кишвар натиҷаи мусбат доданд: “Ман бисёр шодам, ки қонунгузорони кишвари мо ба масъала аз зовияи илмӣ бархӯрд карданд. Нос яке аз ангезандагони асосии саратон дар кишвари мост.”

Вале ба эҳтимоли зиёд таҳлили таркиби нос аз тарафи олимони Шведсия ба вакилони порлумони Қазоқистон таъсири бештар гузоштааст. Майрам Раганин ҳанӯз моҳи майи соли гузашта, пешниҳоди пизишконро ба порлумон расонда буд. Барои асоснок кардани он вай дар тирамоҳи соли гузашта аз пажӯҳишгарони швед хоҳиш кард, таркиби носро муайян намоянд, зеро дар қаламрави Осиёи Марказӣ озмоишгоҳе, ки чунин таҳлилро анҷом диҳад, вуҷуд надорад.

Снуса
Снуса

Моҳи ноябри соли 2014 олимони озмоишгоҳи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Стокҳолми Шведсия натиҷаҳои таҳқиқи худро ба Қазоқистон фиристоданд. Он вақт расонаҳои Қазоқистон бар пояи ин бозёфтҳо навиштанд, ки дар таркиби нос миқдори зиёди хром, кадмий, сурб, арсен (марги муш) ёфт шудааст. Аз ҷумла миқдори хром дар он 17, никел 5,1 ва сурб 38 баробар бештар аз меъёри мумкин будааст. Ҳамчунин дар таркиби нос ангал ё микробҳои ангезандаи бемориҳои гуногуне ёфт шудаанд, ки аз шароити ғайрибеҳдоштии таҳияи ин мавод хабар медиҳад.

Майрам Раганин, ки худ дар ҷараёни таҳқиқ дар Стокҳолм ҳузур доштааст, мегӯяд, маводе мисли нитритҳо ва бензопирен, ки саратонро ба вуҷуд меоранд, дар таркиби нос то 91 баробар бештар аз сатҳи безарар будаанд.

Дар Қазоқистон, бино ба ҳисобҳо, то 10 дарсади мардум нос мекашидааст, ки акнун бояд ба намудҳои дигари тамоку гузаранд. Майрам Раганин меафзояд, агар ин қишри аҳолӣ тавони комилан даст кашидан аз носро надорад, беҳтар аст, ба “снус”-и шведӣ гузарад: “Бо вуҷуди он ки дар Шведсия 18 дарсади мардҳо ва 3 дарсади занон снус мекашанд, мизони бемориҳои саратон дар ин ҷо пасттарин аст”.

Снуса як навъи тамокуи монанд ба нос аст, ки бо иловаи моддаҳои хушбӯ дар Шведсия аз тариқи тавлидоти саноатӣ сохта мешавад. Дар тафовут ба он носи Осиёи Марказӣ дар хонаҳо ва аз сӯи афроди алоҳида, дар шароити машкук сохта мешавад.

Фурӯши нос дар Русия аз 1 июни соли 2013 манъ шудааст. Идораи “Роспотребнадзор” воридоти ин навъи тамокуро, ки асосан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ оварда мешуд, ба иллати афзоиши шумориистеъмолкунандагонон манъ кард. Фурӯши он дар қаламрави Русия ҷазои маъмурӣ ба дунбол дорад.

Нос дар бозорҳои Тоҷикистон
Нос дар бозорҳои Тоҷикистон

Нос дар ҳоле дар Русия ва Қазоқистон манъ мешавад, ки рӯшанфикрони Тоҷикистон ҳанӯз дар оғози солҳои 1990 барои манъ кардани тавлид ва фурӯши он садо баланд карда буданд. Он вақт журналисти саршиноси тоҷик, барандаи Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ Мазҳабшои Муҳаббатшо дар матлаби баланде бо номи “Нос ва кӯчаҳои ифлос” пешниҳод карда буд, ки истифодаи ин мавод мамнӯъ гардад. Аммо ягон пешниҳод то ба сатҳи қонунгузорӣ нарасида ва олимону пи зишкони тоҷик низ бо ташаббусе ба порлумони Тоҷикистон муроҷиат накардаанд.

Танҳо сигор ва навъҳои дигари тамокуро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз оғози соли 2012 бар асоси қонун маҳдуд ва барои риоя накардани он ҷарима таъин шудааст. Бо бақо пайдо кардани қонун як маъракаи “шикори сигоркашҳо” ҷараён гирифт, вале баъдан аз амалкарди ин қонун хабаре ба гӯш нарасидааст.

Шумори носкашҳо дар Тоҷикистон маълум нест, аммо эҳтимол меравад, як бахши умдаи аҳолӣ гирифтори ин маводанд. Дар бархе аз минтақаҳо аҳли ин ё он деҳа тақрибан саросар носкашанд. Бино бар як пурсиши Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар соли 2012, то 21 дарсади хонандагони мактабҳо дар деҳоти Тоҷикистон нос мекашидаанд. Ҳарчанд қонуни соли 2012, ба андешаи сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Муҳаммадатои Султон, истеъмоли носро дар мазҳари ом коҳиш додааст, аъзои порлумон ягон дафъа ба баррасии ҷиддии масъалаи манъи ин мавод дар қаламрави Тоҷикистон даст назадаанд. Вале манъ шудани нос дар Қазоқистон мумкин аст, ин ангезаро ба вуҷуд орад. Ин ҳам дар ҳолест, ки бисёре аз ҳамсӯҳбатони сарироҳии мо тарафдори манъ шудани носанд.

Бисёриҳо тарафдори манъи носанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Дар ҷаласаи порлумони Қазоқистон ин нукта ҳам садо дод, ки акнун зимни ҳамоҳангсозии қонунҳо манъи нос дар ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҷорӣ гардад.

Аммо коршиноси Утоқи миллии саноатии Қазоқистон Ҷазира Шукебоева ба торнамои “Закон.кз” гуфтааст, ки бино бар созишномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ниҳодҳои он ҳаққи манъи ин ё он маводро надоранд ва худи андешаи ин иттиҳод бар асли ҳаракати озоди мол асос ёфтааст. Манъи тавлид, фурӯш ва истифодаи ин ё он моли муайян дар ихтиёри қонунгузориҳои миллӣ боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG