Пайвандҳои дастрасӣ

Носов носро дар Русия манъ мекунад


Русия дар андешаи манъи фурӯши нос афтодааст, ки асосан аз Осиёи Марказӣ ба онҷо "ворид" мешавад.

Русия дар андешаи манъи фурӯши нос афтодааст, ки асосан аз Осиёи Марказӣ ба онҷо "ворид" мешавад.

Ба эҳтимоли ғолиб баъди қабули тарҳи як қонун дар Русия, даҳҳо ҳазор муҳоҷири Осиёи Марказӣ ба “дарди сар” гирифтор хоҳанд шуд.

Дар Думаи Давлатии Русия рӯзи ҷумъа ҳангоми баррасии тарҳи қонун дар бораи маҳдуд кардани сигоркашӣ, навъи дигари тамоку, носро ба он изофа карданд. Вакилони мардумии Русия дар қироати дуввум, тарҳи қонунро пазируфтанд, вале чанд монеаи дигар вуҷуд дорад, ки ин тарҳ бояд онҳоро бигзарад ва сипас ба имзои Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия бирасад.


Манъи фурӯши нос дар Русияро Дмитрий Носов, муовини раиси Ҳизби Либерал Демократӣ, ҳизби миллатгарои Русия, пешниҳод кард. Дмитрий Носов як халтаи носро ба вакилони Дума нишон дода, аз онҳо хост, пешниҳоди ҳизбашро қабул кунанд:

“Инро зодагони Осиёи Марказӣ, муҳоҷирон мефурӯшанд ва 95 дар сади онҳое, ки ин касофатро истеъмол мекунанд, кӯдакону наврасони мо ҳастанд. Ҳоло ҳамаи мактабҳои мо аз ин касофати сабз ифлос шудаанд. Тиб собит кардааст, ки нос ба маротиб аз сигор зараровар аст. Аз ин рӯ мо пешниҳод мекунем, ки дар тарҳи қонун манъи фурӯши нос ворид карда шавад, аз ин рӯ аз шумо хоҳиш мекунем, пешниҳоди моро дастгирӣ кунанд. Вакилоне, ки ба гуфтаҳои ман шубҳа дорад, метавонанд, биёянд, онро озмуда бинанд ва сипас раъй диҳанд.“

Омори вакили рус дар бораи носкашӣ дар Русияро ташхис кардан номумкин аст, вале ба гуфтаи ӯ бачаҳо метавонанд, онро дар ҳар кучаву паскуча аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бихаранд, ки Ҳизби Либерал Демократи Русия онҳоро сарчашмаи бемориҳои зиёди иҷтимоӣ дар ин кишвар мехонад.


Носкашӣ умдатан хоси муҳоҷирони кории тоҷику ӯзбак ва қирғизу қазоқ аст ва онро аз кишварҳои минтақа тоҷирон ва ҳам худи муҳоҷирон мебаранд. Раҳим, як муҳоҷири тоҷик аз ноҳияи Ҳисор ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло на танҳо муҳоҷирон, балки мардуми маҳаллии Русия низ нос мекашанд ва онро дар бозорҳо озод мефурӯшанд: “Ҳаст, пур аст, ба линча оварда мефурӯшанд, аз хонаҳояшон ва ё аз куҷое меоранд, ки бо линча мефурушанд. Дар бозори Туркистон, рафи носфурӯшӣ 20 метр аст. “

Алишер як муҳоҷири ӯзбак, дар Русия ки худаш нос мекашад, мегӯяд, манъи носфурӯшӣ ҳам наметавонад, ки ӯро маҷбур ба тарки ин одат кунад. Алишер ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт: "Вақте носи ман тамом шуд, аз ҳамватанонам, ки дар инҷо бисёр зиёданд мепурсам, ёфта медиҳанд. Як халтаи он 50 рубл аст. Бисёриҳо ба ҷойи сигор нос мекашанд, зеро кайфаш болотар аст."


Ҳоло фурӯши нос дар Русия ва аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ нест, ки онро мардуми маҳалҳои гуногун омода мекунанд. Нос, ки дар таркибаш тамоку, обу рӯған ва дигар маводи кимиёвӣ дорад, дар худи кишварҳои минтақа ҳам мояи нигаронии мақомоти беҳдоштӣ шудааст. Аз он хотир, ки нос назар ба сигор бисёр арзон аст, ҷавонон дар Тоҷикистону Ӯзбакистону Қирғизистону Қазоқистон аз он бештар истифода мебаранд. Дар Тоҷикистон соли 2011 дар баробари манъи сигоркашӣ кашидани носро ҳам дар маконҳои умумӣ мамнӯъ карданд. Дар Туркманистон тавлиду истифодаи нос соли 2008 мамнӯъ шуд, агарчӣ ҳанӯз ҳам барои мардум дастрас аст.

Владимир Левшин, профессори рус ва узви Иттиҳодияи мубориза бо саратон дар Русия мегӯяд, носкашӣ барои муддати тӯлонӣ метавонад, сабаби саратони даҳон шавад: “Нос асари баде барои сиҳатии инсон дорад. Дар баъзе аз кишварҳои истифодаи онро манъ карданд ва мо ҳам ин масъаларо баррасӣ мекунем. Ман таркиби комили химиявии носро ба шумо гуфта наметавонам, вале Худо медонад, ки он чӣ дорад, аз ҷумла оҳак ва албатта тамоку. Дар Осиёи Марказӣ нос афроди зиёдеро ба саратон мубтало кардааст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG