Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фасод ё хиёнат? Ҷузъиёти ҳабси муовини вазири дифои Русия


Тимур Иванов
Тимур Иванов

Тимур Иванов, муовини вазири мудофиаи Русия, рӯзи 24-уми апрел бо иттиҳоми ришваситонӣ ба ҳабс гирифта шуд. Иддае қазияи ӯро ба "хиёнат ба ватан" пайванд медиҳанд. Ҳамроҳи ӯ чанд тани дигар дастгир шудаанд. Муовини вазири мудофиаи Русия айбномаро қабул надорад.

Хабарнигорон аз сухангӯйи Кремл Дмитрий Песков пурсиданд, ки оё воқеан, ҳабси Иванов бо хиёнат ба ватан рабт дорад? Ӯ гуфт: "Бояд ба маълумоти расмӣ такя кард. Тафтиши ҳодиса идома дорад. Ҳар гуна тахмину ҳадс дуруст нест."

Моҳи декабри соли 2022-ум Бунёди мубориза бо фасоди Алексей Навалний гузориши хосеро ба зиндагии муовини Сергей Шойгу ихтисос дода буд, ки дар он дӯстии Дмитрий Песокву Тимур Иванов инъикос ёфтааст.

Тимур Иванов дар соли 2016 муовини вазири мудофиаи Русия таъйин шуда, аз муттафиқони вазир Шойгу ба шумор меравад. Ӯ масъули сохтмон, таъмири кул ва бозсозии биноҳои вазорати мудофиа мебошад.

Қиссаи зиндагии пурдабдабаи Тимур Иванов бо ҳамсари акнун собиқаш Светлана Маниовичро, ки Бунёди Навалний дар Ютюб ҷой додааст, тақрибан 7 миллион нафар тамошо кардаанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Фасод ё хиёнат? Ҷузъиёти ҳабси муовини вазири дифои Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00
XS
SM
MD
LG