Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Шӯрои адлия: Даъвои ришва исбот нашуд, вале...


Абдураҳмон Давлатов бо аҳли хонаводааш
Абдураҳмон Давлатов бо аҳли хонаводааш

Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар посухи расмиаш ба матлаби Озодӣ дар бораи талоши худсӯзии як сокини Рӯдакӣ дар назди қасри раисиҷумҳур навишт, ки иддао дар бораи ришвахоҳии додраси парвандаи ин нафар тасдиқ нашуд, вале бо ӯ дар бораи "ришваситонӣ" дар додгоҳҳо "сӯҳбат" гузаронидаанд.

Шӯрои адлияи Тоҷикистон мақолаи Радиои Озодӣ «Талоши худсӯзии як ҷавон дар назди қасри президенти Тоҷикистон» аз 12 августро мавриди санҷиш қарор дода, натиҷаи онро дар номаи расмие шарҳ додааст. Ин нома рӯзи 4 сентябр ба дасти Радиои Озодӣ расид.

Шӯрои адлия дар номааш менависад, иддаои ҷавон дар бораи талаби 4 ҳазор доллар ришва аз тарафи додраси парванда Зарина Солеҳова аз падари Абдураҳмон Давлатов асос надорад. Вале дар идомаи нома гуфта мешавад, ки дар айни замон бо Зарина Салиҳова дар назди раҳбарияти Шӯрои адлия дар мавриди ҷилавгирӣ аз кӯшишҳои ришваситонӣ дар додгоҳ ва зарурати баррасии саривақтии парвандаҳо "сӯҳбат" анҷом дода ва ӯро бо «Кодекси одоби судя» ошно кардаанд.

Абдураҳмон Давлатов, сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва падари 3 фарзанди ноболиғ, шоми 11 август ба нишони эътироз аз ҳукми додгоҳи ин ноҳия, ки вайро дар говдуздӣ айбдор дониста, 4 ҳазор сомонӣ ҷарима баст, зарфи бензин дар бағал ва ариза ба номи президент дар дасташ ба назди қасри раисиҷумҳур омада, хостааст, бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунаду мушкили худро ба самъи ӯ бирасонад. Вай таҳдид карда буд, ки дар акси ҳол худро оташ хоҳад зад. Посбонони Қаср ва масъули шӯъбаи номаҳои Дастгоҳи президент номаи ӯро пазируфта, монеи худсӯзиаш шудаанд.

Номаи Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар иртибот ба мақолаи Озодӣ меафзояд, ваҷҳҳои омада дар мақолаи «Талоши худсӯзии як ҷавон дар назди қасри президенти Тоҷикистон», аз ҷумла дар мавриди ҳукми додгоҳи Рӯдакӣ, ки Давлатовро ба 2 соли санҷишӣ ва 4 ҳазор сомонӣ муҷозот кардааст, ва ҳимояти Додгоҳи олӣ аз ҳукм дар таърихи 13 май, мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Таҳдид ба худсӯзӣ дар назди кохи раиси ҷумҳур
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Аммо Ширинбек Давлатов, падари Абдураҳмон рӯзи 4 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фарзандаш дар говдуздӣ даст надошт ва маврид тӯҳмат қарор гирифтааст. Ӯ афзуд, ки онҳо то ҳол маблағи ҷаримаи муқарраркардаи додгоҳро пардохт накардаанд ва аз ҳукми додгоҳи Рӯдакӣ шикоят хоҳанд бурд.

Падари Абдураҳмон Давлатов гуфт, ки як ҳафта қабл додситони кулл Шерхон Салимзода ӯро қабул карда ва супориш додаааст, ки парвандаи Абдураҳмон Давлатов ва ҳукми додгоҳ санҷида шавад. Мақомоти додситонии кулл ин хабарро ҳанӯз тасдиқ ё рад накардаанд.

Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар номааш мегӯяд, як иддаои асосии Абдураҳмон Давлатов, ки мегӯяд, гӯё додраси парвандаи мазкур Зарина Солеҳова аз падарашв барои ба сӯди ӯ ҳал кардани баҳси додгоҳӣ 4 ҳазор доллар талаб кардааст, асосе надоштааст: «Зарина Салиҳова ба Шӯрои адлия даъват карда шуда, бо ӯ дар мавриди ҷилавгирӣ аз кӯшишҳои ришваситонӣ дар додгоҳ ва зарурати баррасии саривақтии парванда сӯҳбат гузаронида шуда, таваҷҷӯҳи вай ба зарурати риояи ҳатмии «Кодекси одоби судяи Тоҷикистон » ҷалб карда шуд.»

Вале Ширинбек Давлатов, падари Абдураҳмон мегӯяд, ки як ҳамсояаш бо номи Саидбек Сафаров, ки дар дуздӣ айбдор дниста мешуд ва баъдтар аз ҷавобгарӣ озод карда шуд, 6 маротиба ба наздаш омада хоҳиш кардааст, ки дар додгоҳ барои қатъ кардани парванда 4 ҳазор доллар талаб доранд ва ӯ 2 ҳазорашро диҳад, кифоя аст.

Падари Абдураҳмон мегӯяд, ҳар маротиба додани пулро рад кардааст ва гуфтааст, агар бачааш гов дуздида бошад, дар назди қонун худаш ҷавоб диҳад.

Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, дар мавриди Саидбек Сафаров, ки Давлатов маҳз ӯро дузди гов мешуморад, 2 бор ташхис гузаронида, маълум кардааст, ки Сафаров маризи рӯҳист.

Ин нахустин талоши худсӯзии шикояткунандагон дар назди Қасри раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон нест. Дар моҳи март Шавкат Раҳмонов, як сокини 74-солаи пойтахт дар назди Қасри президентӣ худро оташ зад ва баъди чнад рӯз дар бемористон даргузашт. Мақомот гуфта буданд, ки ӯ баъди баҳси манзил бо фарзандонаш қасди ҷони худ кардааст.

XS
SM
MD
LG