Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишкон: "50 дарсади бадани Шавкат Раҳмонов сӯхтааст"


Пизишкон мегӯянд, ки 50 дарсади бадани Шавкат Раҳмонови 74-сола, ки субҳи 27 март худро дар назди мағозаи «Варзиш», дар рӯбарӯи Қасри президент оташ зад, сӯхтааст.

Як пизишки Беморхонаи шаҳрии шумораи 3-и шаҳри Душанбе рӯзи ҷумъаи 28 март дар сӯҳбати бидуни микрофон бо радиои "Озодӣ" гуфт, ки ин мард сари вақт ба бемористон мунтақил ёфт ва тибқи ташхиси пизишкон 50 дарсади баданаш сӯхтааст. Аммо ба таъкиди ин манбаъ, ҳоло вазъи Шавкат Раҳмонови 74-сола мӯътадил аст ва рӯзҳои наздик табобат ёфта ва ҷавоб хоҳад шуд.

Ин табиби Беморхонаи шаҳрии шумораи 3 маризии руҳӣ доштани Шавкат Раҳмоновро таъйид накарда ва гуфт, ки сабабҳои даст ба худкушӣ задани ӯ барои онҳо маълум нест. Бо ин ҳам кормандони бемористон ба хабарнигори радиои "Озодӣ" имкон надоданд, то бо ин мард сӯҳбат кунанд ва сабабҳои даст ба худкушӣ задани ӯро маълум намоянд.

Рӯзи гузашта хабари даст ба худкушӣ задани Шавкат Раҳмонов, сокини шаҳри Душанберо вазорати корҳои дохилӣ тасдиқ кард. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Бино ба ин манбаъ, «рӯзи 27 марти соли 2014, тахминан соати 10:10 дақиқа дар хиёбони Рӯдакӣ, дар назди мағозаи «Варзишӣ», шаҳрванд Раҳмонов Шавкат Ҳамидович, соли таваллудаш 1940, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, кӯшиши худро оташ задан мекунад.»

Дафтари матбуоти вазорати дохила мегӯяд, Шавкат Раҳмоновро кормандони милиса аз марг наҷот дода, ба бемористон интиқол додаанд. Гуфта мешуд, танҳо дастони марди солхӯрда андак сӯхтаанд ва ӯ ба беморхонаи бемориҳои сӯхтангӣ (Ожоговый центр) бурда шудааст.

Мақомот мегӯянд, сабаби худкушӣ ва дар рӯбарӯи қасри президент худро оташ задани Шавкат Раҳмонови 74-сола «муноқишаи оилавӣ оиди тақсимоти манзил мебошад. Бо ҳалномаи Суди шаҳри Душанбе манзили истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, байни Раҳмонов Шавкат Ҳамидович ва духтараш Раҳмонова Нӯшофарин Шавкатовна, соли таваллудаш 1971, сокини ҳамонҷо, баробар тақсим карда шудааст.»

Вақте ки додгоҳи пойтахт ҳукмаш дар мавриди манзили истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, миёни Шавкат Раҳмонови солхӯрда ва духтараш Нӯшофарин Раҳмоноваро содир карда, ин манзилро байни онҳо баробар тақсми кард, ин боиси хашми падар шуда, қасди худкушӣ мекунад. Нӯшофарин Раҳмонова ба муфаттишони вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки падараш муддати ду сол инҷониб гирифтори бемории рӯҳӣ буда, қаблан низ кӯшиши худкушӣ карда буд.

Аммо ҳанӯз назари худи Шавкат Раҳмонов пурсида нашудааст, ки оё барои чӣ мехост худро оташ занад? Ва он ҳам дар мазҳари ом, дар маркази Душанбе ва дар рӯбарӯи қасри президент?
XS
SM
MD
LG