Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи 31 октябр изҳор намуд, ки Вошингтон аз истиқолу якпорчагии Қирғизистон пуштибонӣ кард ва ин пуштибониро идома хоҳад дод.

Дар ибтидои сафараш ба Осиёи Марказӣ Ҷон Керрӣ дар Бишкек бо Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон дидору гуфтугӯ дошт. Ӯ раҳбари Қирғизистонро бо баргузории интихоботи парлумонии рӯзи 4 октябр табрик гуфт ва изҳор намуд, нозирони байнулмилалӣ ин маъракаи интихоботиро "озод" ва "одилона" арзёбӣ кардаанд, ки барои ин минтақа падидаи нодир аст.

Дипломати воломақоми амрикоӣ баъдан дар сӯҳбат бо вазири умури хориҷии Қирғизистон Ерлан Абдилдаев гуфт, ки Вошингтон дар вақташ аз истиқлолу якпорчагии Қирғизистон дуруст пуштибонӣ кард ва ин сиёсаташро тағйир доданӣ нест. .

Керрӣ ва Абдилдаев дар расми ифтитоҳи бинои нави сафорати ИМА дар Бишкек ва сипас дар ифтитоҳи бинои тозабунёди хобгоҳи Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Марказӣ ширкат карданд.

Ин нахустин сафари вазири хориҷаи Амрико ба ҳамаи панҷ кишвари минтақа аст ва то 3 ноябр идома хоҳад ёфт. Ӯ тайи чаҳор рӯзи оянда аз Узбакистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон боздид мекунад ва раҳбарони ин кишварҳоро мутмаин месозад, ки онҳо аз пуштибонии ИМА бархӯрдор хоҳанд буд.

Дар Самарқанди Узбакистон Ҷон Керрӣ дар нишасти муштараки вазирони хориҷаи ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико дар формати нави мавсум ба C5+1 ширкат меварзад. Вазири умури хориҷаи ИМА дар Остона дар нишасти Муколамаи стротегии Амрикову Қазоқистон ширкат ва дар донишоҳи Назарбоев суханронӣ мекунад.

Ба гуфтаи таҳллигарон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо поинрафти иқтисодӣ мувоҷеҳ шудаанд, аз он нигаронанд, ки баъд аз хурӯҷи пурраи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон Вошингтон дигар ба ин минтақа таваҷҷуҳ нахоҳад кард. Аммо Аликбек Ҷекшенқулов, собиқ вазири умури хориҷии Қирғизистон, мегӯяд, сафари Керрӣ баёнгари нияти ИМА барои таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Дар арафаи сафари Ҷон Керрӣ ба минтақа Кумитаи ҳимояи хабарнигорон аз ӯ хост, ки дар мулоқот бо мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи фишорҳо ба расонаҳои ахбори омро матраҳ кунад. Дар номае ба унвони раҳбари Департаменти давлатӣ, ҳомиёни озодии баён хоҳиш карданд, ки Ҷон Керрӣ "ошкоро аз мақомоти ин кишварҳо озодии хабарнигоронеро, ки барои фаъолияти касбии худ дар маҳбус шудаанд, тақозо кунад."

Дар номаи Кумитаи ҳимояи журналистон аз 28 октябр гуфта шудааст, ки дар Осиёи Марказӣ вазъи озодии баён "ҳамчунон бадтар мешавад". Ҳомиёни ҳуқуқи башар бо ишора ба "манъи пахши расонаҳо, қонунҳои сангин, назорати интернетӣ" ёдовар шуданд, ки хабарнигорони интиқодӣ ва блогнависон зери таъқиби сиёсӣ қарор дошта, мавриди ҳамла, ҳабс ва қатл қарор мегиранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG