Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Ҷорҷ Буш раиси ҷумҳури Амрико мешавад?


Ҷеб Буш-бародари Ҷорҷ Буш
Ҷеб Буш-бародари Ҷорҷ Буш

Ҷорҷ Буши хурдӣ аз бародараш Ҷеб даъват кардааст, ки номзадаиашро ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико пешниҳод намояд. Интихобот соли 2016 баргузор мешавад.

7 декабр дар мусоҳибае бо телевизиони CNN Ҷорҷ Буш гуфт, Ҷеб Буш “медонад, ки ман мехоҳам вай номзадиашро пешбарӣ кунад. Агар ба фикри ман бошад, Ҷеб номзадиатро пебарӣ кун”.

Ҷеб Буш дар гузашта раиси аёлати Флорида буд ва интизор меравад, ки яке аз номзадҳои Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар интихобот бошад.

Вай моҳи апрели соли ҷорӣ гуфта буд, ки дар охири сол дар бораи номзадиаш тасмим хоҳад гирифт. Ҷорҷ Буш-бародари вай солҳои 2001-2009 раиси ҷумҳури Амрико буд. Падари онҳо Ҷорҷ Буши калонӣ аз соли 1989 то соли 1993 курсии раёсати ҷумҳуриро ишғол карда буд.

XS
SM
MD
LG