Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил аз фаластиниён хостааст, бахшҳое аз Рафаҳро холӣ кунанд


Рафаҳ
Рафаҳ

Мақомоти Исроил рӯзи 6-уми май аз фаластиниён хостаанд, ки бахшҳое аз Рафаҳро холӣ кунанд.

Рафаҳ дар ҷануби Ғазза ва дар сарҳад бо Миср воқеъ аст. Ҷое, ки беш аз як миллион фаластинии овора паноҳ ёфта буданд.

Хабаргузориҳо менависанд, ин тасмим баёнгари он аст, ки "ҳамлаи заминии Исроил ба Рафаҳ наздик аст".

Исроил мегӯяд, аз оғози ҷанг дар Навори Ғазза ҳафт моҳ мегузарад ва шаҳри Рафаҳ барои ҳазорон нафар аз аъзои гурӯҳи тундрави "Ҳамос" ба паноҳгоҳи амн табдил ёфтааст. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ин гурӯҳро созмони террористӣ медонанд.

Фаластиниён мегӯянд, ба воситаи паёмак, занги телефонӣ ва варақаҳо ба забони арабӣ дастур гирифтанд, ки ба "минтақаи башардӯстона", 20 километр дуртар аз ҷойи ҳозираашон дар Рафаҳ, кӯч банданд.

Баъзе аз шоҳидон гуфтанд, чанд оилаи фаластинӣ зери борони сахт монданд.

XS
SM
MD
LG