Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисиҷумҳури Узбакистон гуфтааст, дар минтақа "мушовирону миёнаравҳое" ҳастанд, ки мехоҳанд узбаку тоҷику қирғизҳоро байни ҳам ҷанг андозанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳои Ӯзбакистон, ин нуктаро Ислом Каримов рӯзи 18-уми январ дар ҷаласаи васеи ҳукуматаш баён доштааст. Ӯ таъкид кардааст, ки мушкилоти мавҷуда миёни Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо марбути ин кишварҳост. Cарвари Ӯзбакистон афзудааст, "баъзеҳо мехоҳанд мухолифати тоҷикон, қирғизҳо ва ӯзбакҳоро шиддат бахшанд. Бисёр мушовироне мавҷуданд, ки маслиҳат медиҳанд, ки "ин кишвар дар муқобили Шумо чунин кард ва Шумо ҳам бояд зарбаи ҷавобӣ занед".

Ба гуфтаи Ислом Каримов, ин гуна “мушовирони диверсант” хеле зиёданд. Раисиҷумҳури Ӯзбакистон инчунин таъкид кардааст, ки “кори миёнаравҳо оштӣ додани тоҷирон дар бозор аст, аммо дар сиёсат ин миёнаравҳо пеш аз ҳама манфиатҳои худро меҷӯянд". Ба эътимоди Ислом Каримов, ҳадафи маслиҳатгару миёнаравҳо – “коштани тухми адоват миёни мо ва наззораи он аст, ки мо дар ин бесомонӣ саргарми ҳалли мушкили худ мешавем, аз рушд бозмемонем ва ба Ӯзбакистон, Қирғизистон ё Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба Осиёи Марказӣ сармоя ворид намешавад”. Дар ин сурат, афзудааст ӯ, “мо ба гадо табдил мешавем, тавони тавлиди маҳсулоти худро нахоҳем дошт ва маҷбур мешавем, ки молу колои онҳоро харидорӣ кунем”.

Ислом Каримов таъкид кардааст, ки Ӯзбакистон ба истиқлол ва якпорчагии ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ чун ба истиқлолу якпорчагии худ арҷ мегузорад. Дар поёни суханронӣ сарвари Ӯзбакистон гуфтааст, ки "мо дар ин минтақа бо тоҷикон, қирғизҳо ва қазоқҳо ҳазорсолаҳо якҷоя зиндагӣ кардаем ва ягон нерӯ моро аз ҳам ҷудо карда наметавонад".

Артем Улунян, устоди Пажӯҳишгоҳи таърих ва сиёсат дар Маскав, ба он нукта ишора мекунад, ки лаҳни Ислом Каримов аз оҳанги изҳороти пешинаш дар Артём Улунян

Артём Улунян

мавриди кишварҳои ҳамсоя комилан фарқ мекунад. Ва ин тағйири лаҳн – баёнгари нигаронии раҳбари Ӯзбакистон, қабл аз ҳама, аз моҷароҳои марзӣ аст, ки охиринаш дар ҷазирақаламрави Сӯх дар аввалҳои соли равон рӯй дод. Ба гуфтаи ӯ, то ҳанӯз марзҳои Ӯзбакистон бо ду кишвари ҳамсоя – Тоҷикистону Қирғизистон пурра аломатгузорӣ нашудаанд ва ин вазъ метавонад боиси низоъҳои нав дар минтақа шавад. Улунян мегӯяд, ҳарчанд Каримов роҷеъ ба моҷарои Сӯх ва мушкилоти марзӣ лаб накушод, вале маълум аст, ки Тошканд ин мавзӯъро “ҷиддӣ ва чун таҳдиди воқеӣ ба низоми феълӣ дар Ӯзбакистон арзёбӣ мекунад”.

Аз нигоҳи таҳлилгар, сӯҳбатҳои Каримов нигаронии ӯро аз моҷарои марбут ба “сармояи кишвар дар хориҷа ва дигар сару садоҳои марбут ба Ӯзбакистон дар беруни ин ҷумҳурӣ намоиш медиҳад".

Ба гуфтаи Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, тағйири лаҳни раҳбари Ӯзбакистонро бо ноком шудани сиёсати зӯргӯӣ ва абарқудратонаи Тошканд марбут аст. Ин сиёсат, аз нигоҳи ӯ, на фақат ба ҳадаф нарасид, балки боиси бӯҳрони бештар дар равобит бо кишварҳои ҳамсоя шуд. Мусоҳиби мо мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон интизор доштанд, ки дер ё зуд Тошканд сиёсати худро тағйир медиҳад ва хостори ҳамкории наздиктар ба ҳамсоякишварҳо Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов

мешавад. Сӯҳроб Шарифов меафзояд, “мо бояд ин изҳороти раҳбари Ӯзбакистонро ба назар бигирем, баррасӣ кунем, бо каналҳои дипломатӣ мушоҳида кунем ва фаҳмем, ки ин то куҷо воқеист ва агар воқеӣ бошад, гуфтугӯҳои дуҷонибаро барои мустаҳакам кардани робитаҳои миёни ду кишвар идома диҳем”.

Камолиддин Рабимов
, сиёсатшиноси ӯзбаки муқими Париж, низ тағйири лаҳни гуфтори Ислом Каримовро бо тағйири сиёсати зӯргӯёнаи Тошканд марбут мекунад. Ӯ мегӯяд, охирин изҳороти пурсару садои Ислом Каримов дар бораи хатари сар задани ихтилофҳо дар минтақа, ки сабабаш моҷарои тақсими обу бунёди нерӯгоҳҳои азим шуда метавонад, муносибати Тошкандро бо ҳамсоякишварҳояш боз ҳам сардтар кард. Ба гуфтаи сиёсатшинос, Тошканд мехост бо лаҳни дурушту ҷангҷӯёна ва бо талоши фишори равониву иттилоотӣ кишварҳои ҳамсояро барои қатъи бунёди нерӯгоҳҳои Роғуну Қамбарота водор созад ва аммо ноком шуд.

Дар ҳамин ҳол Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва раиси ҲНИТ, мегӯяд, раҳбарони Осиёи Марказӣ баъд аз “Баҳори араб” хуб дарк карданд, ки бо услуби пешин наметавонанд кишварро идора кунанд ва бо ин гуна изҳорот мехоҳанд мардумро ором кунанд, ки хостори сулҳу оромиш ҳастанд.

Муҳиддин Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

Кабирӣ изҳороти Ислом Каримов дар бораи аз сӯи дигар кишварҳо шӯронидани мардуми Осиёи Марказиро як шиорпартоӣ ва аз дӯши худ холӣ кардани масъулият мехонад. “Кадом нерӯи беруна, кадом абарқудрат марзҳои байни кишварҳои Осиёи Марказиро минакорӣ кард? Кадом кишвари беруна маҷбур кард, ки бояд раводид ҷорӣ карда шавад? Кадом кишвари бегона мушкили коммуникатсионӣ ва транзитиро барои мардум эҷод кард? Ин ҳама нофаҳмӣ миёни худи раҳбарони Осиёи Марказӣ аст, онҳо якдигарро таҳаммул карда наметавонанд ва ҳар кадом мехоҳад дар Осиёи Марказӣ раҳбар бошад”.

Ҳамзамон Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, “мо ин гуна изҳоротҳоро хуб қабул мекунем ва аммо агар онҳо бо корҳои мушаххас тайид карда шаванд”.

Ва аммо манзур аз “нерӯҳои беруна”, ки “ӯзбаку тоҷику қирғизҳоро байни ҳам ҷанг меандозанд”, киҳо ё кадом кишварҳоянд? Артем Улунян мутмаин аст, ки ангушти ишораи Ислом Каримов, қабл аз ҳама, сӯи Русия аст. “Сарвари Ӯзбакистон аз талоши раҳбарони Русия барои амалӣ сохтани “тарҳи АвруОсиё”шадидан нигарон аст, тарҳе, ки Ислом Каримов дар он ширкат карданӣ нест”, мегӯяд ӯ.

Мусоҳиби мо мутмаин аст, ки Каримов Маскавро хатари ҷиддӣ барои низоми феълии Ӯзбакистон мехонад. Ба гуфтаи ӯ, Тошканд маҳз ба ҳамин хотир ва ба далели имкони дахолати низомӣ ба умури дохилияш аз узвият дар Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ даст кашид ва акнун баъди хуруҷ аз он ҳарос дорад, ки дар иҳотаи кишварҳои узви ин созмон мемонад. Артем Улунян мегӯяд, Тошканд аз он ҳам нигарон аст, ки Маскав аз мухолифини режими Тошканд ҳимоят мекунад. Аз нигоҳи ӯ, Тошканд аз ин баъд барои ҳалли мушкилиҳои мавҷуда, аз ҷумла, дар робита ба масоили марзӣ, бо Душанбе ва Бишкек фақат музокироти дуҷониба ва бидуни ширкати миёнҷигарҳоро анҷом хоҳад дод.

Сӯҳроб Шарифов низ мегӯяд, Ислом Каримов бо вожаи “миёнарав” ба Русия ишора кардааст, ки ахиран робитаҳояш бо Тоҷикистону Қирғизистонро тақвият бахшидааст. Ба гуфтаи ӯ, “зӯри Ислом Каримов ба Русия намерасад ва аз ин рӯ мехоҳад бо нармтару наздиктар кардани муносибаташ бо Тоҷикистону Қирғизистон аз манфиатҳои худ дар минтақа дифоъ кунад”.

Камолиддин Рабимов ба самимӣ будани изҳороти ахири Ислом Каримов бовар надорад. Аз нигоҳи ӯ, барои сиёсатмадороне чун Каримов самимият бегона аст, ва ин ҷо гап фақат сари манфиат меравад. Мусоҳиби мо мутмаин аст, ки Тошканд барои гуфтугӯ бо Душанбеву Бишкек розӣ хоҳад шуд ва аммо дар ягон мавзӯъ гузашт нахоҳад кард. Изҳороти ахири Ислом Каримов, меафзояд мусоҳиби мо, аз сафсата бештар нест ва “он фақат барои афкори умум дар ҷомеъаи Ӯзбакистон пешбинӣ шудааст”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG