Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҷазои сахттар таъин кард


Мақомоти Узбакистон бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ муҷозот барои муҳоҷирати ғайриқонуниро сахттар кардаанд.

Тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси ҷиноии Узбакистон ворид шуда, аз сӯи Ислом Каримов имзо гардидааст, масъулияти муҳоҷиронро бештар мекунад. Ба қавли мақомоти Узбакистон, шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ ба муҳоҷират мераванд ва ё аз қаламрави Узбакистон хориҷ мешаванд, аз 5 то 10 сол аз озодӣ маҳрум карда хоҳанд шуд.

Дар Кодекси ҷиноии ин кишвар номгӯи ҳолатҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ нишон дода шудааст ва ҳамзамон ҷазоҳо низ дар он пешбинӣ гардидаанд. Дар айни замон, афроде ки ғайриқонунӣ аз марзи Узбакистон убур мекунад, муҷозот хоҳанд шуд.

Тибқи тағйиру иловаҳо ба моддаи 223-и Кодекси ҷиноии Узбакистон, барои афроди мансабдор ё масъулиятдори давлатӣ низ шароити убуру мурури махсус аз марзро нишон додааст, ки дар он ҳангоми сафар мувофиқатномаи махсус талаб карда мешавад. Ба ҳамин монанд, барои афроди хориҷие, ки вориди Узбакистон мешаванд, талаботи махсус пешбинӣ карда шудааст.

Ин тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Узбакистон дар таърихи 4-уми январ ба қувваи иҷро даромадааст.
XS
SM
MD
LG