Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: "Бастани шабакаҳои иҷтимоӣ бар зарари кор аст"


Коршиносон мегӯянд, ки таблиғгарони гурӯҳи "Давлати исломӣ" барои ҷалби ҷавонон аз ҳама бештар шабакаҳои иҷтимоиро истифода мебаранд ва аз Тоҷикистон ҳам бояд тариқи ҳамин шабакаҳо ба онҳо вокуниш нишон дода шавад.

Барои ҷалби тарафдорон ба сафҳои худ, гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз ҳама бештар шабакаҳои иҷтимоиро истифода мебарад. Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раҳбари GIPI - Фонди ҷамъиятии ташаббуси шахрвандӣ ва сиёсати интернет дар Тоҷикистон, рӯзи 26 декабр зимни ҳамоиши "Ифротгарии ҷавонон: омилҳо ва роҳҳои пешгирии он", ки дар Маркази стратегии назди президенти Тоҷикистон бо ширкати коршиносон ва намояндагони мақомот сурат гирифт, гуфт, ки мубаллиғони гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз ҳама бештар аз Фейсбук, Вконтакте,Твиттер, Ютуб, Одноклассники ва Телеграмм истифода бурда ва рӯзона бештар аз 90 ҳазор паёмакҳо нашр мекунанд.

Ба қавли ҷаноби Ибодуллоев, як таҳлил нишон додаст, ки 84 дарсади ҷавононе, ки ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" мепайванданд, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ шомили ин гурӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, 47 фоиз тариқи тамошои видеороликҳо, 41 дарсад бо роҳи байъат кардан ва ҳамин тариқ, 19 фоизи дигар тариқи дастурамалҳои онлайнӣ, ба ин гурӯҳ пайвастаанд. Раҳбари GIPI гуфт, дастурамалҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" бо аксари забонҳои дунё нашр шудаанд ва ин гурӯҳ аз сенарияҳои бозиҳои компютерӣ видеороликҳо месозад, ки ҷавонон нафаҳмида, аз онҳо низ ба таври густурда истифода мебаранд.

Ибодуллоев хамчунин гуфт, дар ҳоле, ки "Давлати исломӣ" аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона истифода мебарад, бастани ин шабакаҳо дар Тоҷикистон бар зарари кор аст. Зеро онҳое, ки вокуниш нишон доданӣ мешаванд, имкони посух доданро надоранд. Ва бояд барои вокуниш нишон додан, дар Тоҷикистон низ шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол бошанд.

Аммо Холиқназар Худойбердиев, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тавони мубориза зидди "Давлати исломӣ"-ро надорад ва ба ин далел, онҳо як муддат бояд баста шаванд. Худойбердӣ Холиқназаров афзуд, ки Абубакр Ал-Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" беҳтарин барномасозони компютериро ҷалб карда, моҳона барои онҳо то 25 ҳазор доллар моҳона мепардозад.

Оқои Холиқназаров бо ишора ба хатарҳои ин гурӯҳ ба минтақа гуфт, ки ҳоло "Давлати исломӣ" дар Нангарҳори Афғонистон радиои худро бо номи "Садои хилофат" фаъол кардааст, ки бо забони тоҷикӣ низ барнома нашр мекунад.

Ба гуфтаи вай, Маркази таҳқиқоти стратегӣ соли гузашта дар пай як пажӯҳиш дақиқ кардааст, ки сабаби асоосии пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, ришва, бекориву фақр ва маълумоти нокофии динӣ аст.

Абдусамад Кенҷаев, як масъули Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон низ дар ин ҳамоиш аз навоҳие ном гирифт, ки сокинонаш ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" бештар пайвастаанд. Ба қавли ин масъули КДАМ, дар шаҳри Душанбе ҷавонон бештар аз ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсӣ ба Сурияву Ироқ рафта меҷанганд.

Дар ҷануби кишвар бошад ҷавонон зиёдтар аз Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Бохтар, Қубодиёну Ҷалолиддини Румӣ, Фархор ва Шаҳритус ба ин гурӯҳи тундгаро шомил шудаанд. Тавре Кенҷаев афзуд, дар Суғду Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ бештар аз Исфара, Конибодом, Спитамен, Истаравшану Чкаловск, Рӯдакӣ, Ваҳдату Ҳисор ва ноҳияи Ванҷ ба ҷангҳои Сурияву Ироқ рафтаанд

Ба гуфтаи ин масъули Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон барои иштирок дар муқовиматҳои Сурияву Ироқ тариқи хатсайрҳои Душанбе-Истанбул-Димишқ, Душанбе-Маскав-Истанбул-Димишқ, Душанбе-Бишкек-Истанбул-Димишқ ва Душанбе- Алмаато ва Киев-Истанбул-Димишқ сафар мекунанд.

«Давлати исломӣ» як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки қисматҳое аз қаламрави Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин қаламрав эълони «хилофат» кардааст. Ин гурӯҳ, ки бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда оташ задану зери хок кардани асирону пайравони ақидаҳои барои онҳо «бегона» ном баровардааст, дар кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои ифротиву террористӣ шомил карда шудааст.

XS
SM
MD
LG