Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Раҳбари Эрон ба шабакаи Фейсбук пайваст


Оятулло Саид Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба шабакаи иҷтимоии Facebook пайвастааст.

Бо вуҷуди он, ки ин шабака дар Эрон хеле ва хеле ғалбер мешавад, он дар миёни аҳолии ин кишвар аз маъруфияти фавқулодда бархӯрдор аст.

Хоманаӣ яке аз раҳбарони ҷаҳон аст, ки ба шабакаҳои зиёди иҷтимоӣ пайвастааст.
Вай то ҳоло дар Twitter, Google+ ва шабакаи Instagram, ки аксҳоро тавассути он радду бадал мекунанд, сафҳаҳои худро боз кардааст.

Хоманаӣ дар ҳоле ба Facebook пайваст, ки ин шабакаи иҷтимоиро мақомоти Эрон бастаанд ва онро асбоби таблиғотии “саҳюнизм” ё “сионизм” эълон кардаанд ва гуфтаанд, ки ин шабака бар зидди Ҷумҳурии Исломӣ ба истилоҳ “ҷанги нарм” пеш мебарад. Сафҳаи https://www.facebook.com/www.Khamenei.ir рӯзи 13-уми декабр боз шуд ва эълон кард, ки сафҳаи Twitter-и Хоманаиро то ҳол 3 ҳазор корбар “дӯст” доштаанд ё аломати “like” гузоштаанд.

Вуруди Хоманаӣ ба шабакаи Facebook аз иқдоми ахири дастаи кормандони интернетии вай ба шумор меравад ва онҳо дар ин сафҳа акнун “ақидаҳо ва шахсият”-и вайро ба 13 забон таблиғ мекунанд. Зоҳиран сафҳаи Facebook-и Хоманаӣ мубоҳисоти зиддунақизро ба бор хоҳад овард ва миллионҳо нафар корбарони эронӣ барои ширкат дар баҳсҳо бояд аз хадамоти зидди филтр ё “proxy”-ҳои гуногун истифода баранд.

Ҳодӣ Нилӣ-рӯзноманигори эронӣ ба радиои Озодӣ гуфт, Ҷумҳурии Исломӣ аз шеваҳои гуногун истифода хоҳад кард, то паёми худро дар саросари ҷаҳон ба ҷонибдоронаш бирасонад: “Ҷумҳурии Исломӣ шабакаи телевизионии PressTV-ро ба забони англисӣ, Hispanic TV-ро барои испанизабонҳо ва шабакаҳои арабиро барои арабзабонҳо роҳ меандозад. Facebook ва Twitter ҳам имконоти хеле ройгону арзон аст ва аз онҳо ҳам истифода мекунад.”

Бисёре аз корбарони эронии Facebook ин шабакаро барои радду бадали ақидаҳои худ, ки дар Эрон онро мамнуъ медонанд, истифода мекунанд. Соли 2009 дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии зидди ҳукуматӣ, мухолифон шабакаи Facebook-ро истифода карданд, наворҳоро дар YouTube гузоштанд ва нишон доданд, ки чӣ тарз мақомот эътрозгаронро саркӯб мекунанд. Корбарон ҳамчунин аз ин шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаҳои ҳимоят аз зиндониёни сисёсиро пеш мебаранд.

То ҳол мақомоти интизомии Эрон барои баъзе навиштаҳо дар Facebook фаъолон ва муаллифонро ҳадаф қарор додаанд. Масалан, моҳи гузашта блогнавис Саттор Биҳиштӣ дар зиндон ҷон дод. Бино ба гузоришҳо, вай барои фаъолияташ дар Facebook боздошт шуда буд.

Абдулсамад Хурамободӣ-яке аз мақомоти Эрон, ки дар бахши сонсури давлатии интернет ва ҷиноятҳои компютерӣ кор мекунад, дар авоили соли ҷорӣ гуфт, агар касе маводи ғайриахлоқӣ ва ё зидди усули Ҷумҳурии Исломиро дар Facebook гузорад, ки он сабаби ба ҳам задани вазъи амниятӣ ё сулҳ шавад, дар он сурат чунин рафтор ҷиноят дониста мешавад.

Дар сафҳаи Facebook-и Хоманаӣ то ҳол чаҳор баҳс оварда шудааст ва аслан аз Хоманаӣ ситоиш шудааст. Вале аз сиёсатҳои вай низ интиқоде ҳаст. Вале то ҳол маълум нест, ки дар оянда низ дастандаркорони ин сафҳа интиқод дар ҳақи Хоманаӣ ва сиёсатҳои вайро ба ин сафҳа роҳ хоҳанд дод ё хайр.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG