Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Агар дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук, Мой Мир, Одноклассники саҳифа доред, пас ба ақидаи баъзеҳо “одами бекор” ҳастед, ки намедонед, вақти худро чӣ гуна сарф кунед.

Борҳо шудааст, ки ба суоли, “Оё дар Фейсбук саҳифа доред?” чунин посух шунидаам, ки “Мо мисли шумо бекор нестем.” Магар шабакаҳои иҷтимоӣ барои одамони бекоранд? Ҳамин суолро бо онҳое дар миён гузоштам, ки дар Фейсбук, Мой Мир ва Одноклассники ба истилоҳ бекор мегарданд ва аз сокинони ин шабакаҳо бештар 150 посух гирифтем.

Аз ҷумла Ҷамолиддин Бобоев аз Одноклассники, навишт “Мо бекорони серкорем, зеро аз гапҳои фачу бемаънӣ худро дур кашида, саҳифа мекушоем. Чӣ ҷойи бадӣ дорад, чизи нав фаҳмидан, дидан...?”

Овлоқул Хокироев, донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд яке аз мубоҳисони фаъол дар ин баҳс дар Фейсбук афсӯс мехӯрад, ки чаро зудтар ба сафи лашкари бузурги «бекорон» дар Фейсбук напайваст, ки аз он баҳра барад: “Барои банда Фейсбук аслан ҷойи бекорон нест. Фейсбук беҳтарин ҷойи омӯзиш аст, чун дар инҷо бисёр гурӯҳҳое ташкил шудааст, ки барои омӯзиши мо кӯмак мекунанд. Дар инҷо баҳсҳо бисёранд. Масалан “Анҷумани фалсафа ва ҳикмати тоҷикистониён” аст, ки дар омӯзиши мо донишҷӯён бисёр кӯмак карда метавонад.”

Алишери Толиб аз корбарони дигари Фейсбук ҳам бо Овлоқул ҳамназар аст, ки бо хитоб навиштааст, ”Фейсбук, ҷойи бекорон нест! Ин андешаро оне, ки гуфтааст, шояд аз Фейсбук дуруст истифода бурда натавонистааст ва ё саҳифаи худро ба ҷойгоҳи бекорон табдил додааст. Дуруст, аст ки дар Фейсбук гурӯҳи муайян ба интишори сухану наворҳои бекора машғуланд.”

Аммо Аниса Саломова дар Мой Мир ва Шералӣ Ризоев дар Фейсбук шабакаҳои иҷтимоиро ҷойи бекорон медонанд. Шералӣ навиштааст, бо вуҷуди истифодаи дуруст, ин шабака вақти зиёдро мегирад ва аз ин рӯ метавон гуфт, ки Фейсбук ҷойи бекорон аст. Шояд аз ин гуфтаи Шералӣ Ризоев, муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия озурда шаванд, ки бекор номидани онҳо дар воқеъ беинсофӣ мебуд.

Бисёре аз ин муҳоҷиронро метавон дар Одноклассники ва Мой Мир ёфт, ки бо ҳам сӯҳбат мекунанд ва аксҳои зиндагиву кори худ дар Русияро ба ҳамдигар нишон медиҳанд. Яке аз онҳо Аслиддин Абдураҳимов мегӯяд: «Мо кор мекунем, хонаводаро таъмин мекунем, чӣ бадӣ дорад, ки вақти холии худро бо дӯстон гузаронем. Зимнан онҳо 3 -4 ҳазор километр дур аз ман ҳастанд, баъзеашон дар он тарафи уқёнус. Чӣ ман набояд бо онҳо муошират кунам. Ин як сафсата аст.»

Шоҳрух Шарифов айни чизро навиштааст. Ва Дилшоди Рамазонӣ дар Мой Мир гуфтааст: «То соли 2005, телефони мобил, дар Тоҷикистон қариб вуҷуд надошт, соатҳо рақам мечидем, то аз почта моро ба касе пайваст кунанд. Дар почта ҳам навбатҳои зиёд меистоданд, то лаҳзае бошад, ҳам бо наздикони хеш гап зананд. Ҳоло вазъ дигар аст, дар хона нишаста, ба ягон почта нарафта метавонем бо наздикону пайвандони хеш дар робита бошем. Ва шабакаҳои иҷтимоӣ кори моро саҳлтар кардаанд.»

Бино ба гузоришҳо, дар Амрико, 46 дар сади кордиҳандаҳо, дастрасӣ ба Фейсбукро дар ҷойи кор мамнӯъ кардаанд, вале дар баъзе аз ширкатҳо ба мисли “Cisco System” доштани Фейсбук барои корманди он ҳатмист. Дар масъалаи Фейсбук миёни кордиҳандаҳо дар Ғарб назари яксон вуҷуд надорад, зеро онгуна, ки Ҳамза Сиддиқ яке аз мусоҳибони мо дар дар Фейсбук навишт, ки ин мавзӯъ ҷанбаи мусбат ва манфӣ дорад. Фейсбук ҳам ба монанди он аст, ки дар чӣ ҷиҳате ва ба чӣ хотир истифода гардад. «Дар ҷиҳати рушд, инкишоф ва пешрафт ва ё вайронӣ?» Шӯҳрат Латифов ва Константин Бондаренко гуфтанд, Фейсбук танҳо абзоре дар дасти инсон аст, мисли онки теғ дар дасти аксарият як абзори оддист, барои баъзеҳо олоти қатл, мисли табар, ки бо он мардум хона месозанд ва баъзеҳо сар мебуранд.

Фарзона Раҳимова ҳам навишт, ки ҳангоми кор агар иттиллое лозим шавад, ба Фейсбук рӯ меорад ва дар фурсати кӯтоҳе он иттилоъро ба даст меорад. Умед Маҷидов эътироф кардааст, ки баъзан вақти беш аз ҳадро дар Фейсбук сарф мекунад, агарчӣ маҳз ба шарофати дӯстонаш дар ҳамин шабака корҳояш ҳал шудаанд. Ва Султон Сафаров дар шабакаи Мой Мир ба суоли оё шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойи бекорон аст, посухи фалсафие дод, ки хулосаи ин баҳсҳост.

Султон Сафаров навишт: "Ин ҳама шабакаҳо шоха ва бӯъде аз неъмати бебаҳои Интернет мебошанд, ки маҳсулу маснӯъи ба кор андохтани неъмати ақл ва соири истеъдодҳои инсонист. Ин ҳама баҳри беҳбудӣ, хуррамӣ, пешрафт ва ҳалли мушкилоти инсонҳо хидмат мекунад. Шукронаи ин ҳамаро ба ҷой бояд овард ва ба ҷой овардани шукри Интернет, танҳо дуруст ва тибқи дастуроти хиради солим ба кор андохтани он аст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG