Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Socialbakers: Аксари фейсбукиёни тоҷик ҷавононанд


Тоҷикистон бо 34 ҳазору 640 корбари шабакаи "Фейсбук" миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми 170-ум қарор дорад.

Socialbakers, ниҳоде, ки фаъолияти шабакаҳои иҷтимоиро баррасӣ мекунад, дар таҳқиқи худ гуфтааст, теъдоди корбарони шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" дар Тоҷикистон дар шаш моҳи ахир 12 ҳазору 580 нафар афзоиш ёфт.

Тоҷикистон дар ин робита аз Узбакистони ҳамсояаш пешгом буда, дар мақоми баъд аз Эфиопия қарор дорад.

Бештари корбарони шабакаи "Фейсбук" афроди аз 18 то 24-сола буда, намояндагони синну соли аз 25 то 34 дар мақоми дуввум қарор доранд. Аксари корбарони шабакаи "Фейсбук"-ро дар Тоҷикистон мардон ташкил медодаанд. Бар асоси ин пажӯҳиш, 69 дарсади корбарони "Фейсбук" дар Тоҷикистон мардон ва танҳо 31 дарсад хонумҳо будаанд.

Ин пажӯҳиш мегӯяд, дар се моҳи ахир дар Тоҷикистон аз ҳама бештар афроди то 24-сола дар шабакаи "Фейсбук" сабти ном кардаанд.

Дастрасӣ ба шабакаи "Фейсбук" дар ҳафтаи гузашта маҳдуд гардида, вале баъдан дар пайи дархостҳо ва баёнияҳои созмонҳои байнулмилалӣ ва Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон дубора фаъол гардид. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маҳдудияти дастрасӣ ба сафҳаи "Фейсбук"-ро мушкили фаннӣ номид.

Бино ба иттилои расмӣ дар ҳоли ҳозир ҳудуди 2 миллион сокини Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд. Ин нуктаро худи раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар мулоқоташ бо хабарнигорон (рӯзи 10-уми март) дар Душанбе баён дошт. Ӯ илова кард, "6 миллион нафар муштариёни алоқаи мобилӣ низ метавонанд ҳар лаҳза ба ин шабака пайваст шаванд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG