Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Украина: Ояндаи мо дар Иттиҳоди Аврупо аст


Виктор Никитюк

Виктор Никитюк

Виктор Никитюк, сафири Украина дар Душанбе, гуфт, ки онҳо ҳеч гоҳ ҷузъе аз “империя” намешаванд ва ояндаи худро танҳо дар Иттиҳоди Аврупо мебинанд.

“Ояндаи Украина дар Иттиҳоди Аврупо аст.” Виктор Никитюк, сафири Украина дар Тоҷикистон ин матлабро шоми 27 август, ҳангоми таҷлил аз 24-умин солгарди истиқлоли кишвараш дар Душанбе баён кард. Ӯ гуфт, ки “Украина ҳеч гоҳ як ҷузъи империя нахоҳад шуд”.

Дар ин маросим Сироҷиддин Аслов -- вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, иддае аз сафирони кишварҳои хориҷӣ, масъулони созмонҳои байнулмилалӣ ва бархе аз аҳли фарҳангу зиёи тоҷик иштирок доштанд. Аммо Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе дар ин маросим набуд.

Сафири Украина ҳангоми суханрониаш гуфт, “дар тӯли таърихи бисёрасрааш мардуми Украина бо сулҳхоҳии худ шӯҳрат дошт ва ҳамеша ба сӯи озодӣ, истиқлол ҳаракат мекард ва мехост бо кишварҳои ҳамсоя бо сулҳу салоҳ зиндагӣ кунад. Мутаассифона, имрӯз кишвари сулҳпарвари мо аз ҷониби давлати ҳамсоя ҳамчун объекти таҷовуз қарор дорад.”

Виктор Никитюк, ки ишорааш аз давлати ҳамсоя – Русия буд, аммо ошкоро онро ба забон наовард, вале гуфт, “таҷовузкор муваққатан Қримро ишғол кард, низомиён ва аслиҳаи вазнинро ба Донбасс фиристода, ҷудоихоҳон ва зархаридонро ҷонибдорӣ мекунад”. Оқои Никитюк бо изҳори боварӣ ба он ки Украина бо ҳимояти иттиҳоди ҷаҳонӣ пеши ин таҷовузро боздошта, ба воридшавии терроризм хотима мебахшад, ҳамзамон гуфт, “ҷаҳони ботамаддун аннексияи Қрим ва Севастополро ҳеч гоҳ эътироф наҳоҳад кард”.

Сафири Украина ояндаи кишварашро дар Иттиҳоди Аврупо донист ва гуфт, “тавре Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина ҳангоми Марши истиқлолият дар Киев қайд намуд, мо интихоби аврупоиро ҳимоя кардем ва аллакай ба наздикӣ Аҳднома оид ба ассосиатсия бо Иттиҳоди Аврупо ба ҳукми қонун медарояд ва пурра иҷро хоҳад шуд”.

Виктор Никитюк дар идомаи суханрониаш ба таърихи давлатдории кишвараш ва робита бо давлати Сомониён, нахустин давлатдории тоҷикон низ пардохт ва гуфт, ки “аввалин давлати соҳибистиқлоли Украина зиёда аз ҳазор сол пеш аз ҷониби ҳокими бузург Владимир Киевский, асосгузори Киеви Рус ташкил шуда буд. Дар он замон байни Киеви Рус ва давлати Сомониён алоқаи зичи тиҷоратӣ вуҷуд дошт. Дар ин бора ёфт шудани тангаҳои сершумори давраи Сомониён дар ҳудуди Украина гувоҳӣ медиҳанд. Мардуми Украина ва Тоҷикистони он давраро на танҳо савдо, балки риштаҳои мустаҳками дӯстӣ низ мепайваст.”

Дар навбати худ Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мардуми Украинаро ба 24-умин солгарди истиқлоли он кишвар шодбош гуфт ва ба густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф миёни ду кишвар таъкид намуд. Аслов гуфт, “албатта, вазъи имрӯзаи ниҳоят мураккабу печидаеро, ки дар баъзе манотиқи кишвари ба мо дӯст рух медиҳанд, бояд ба эътибор гирифт. Ҳамчун дӯсти самимӣ Тоҷикистон ба ҳаводиси Украина бо таваҷҷӯҳи хос назар мекунад ва мо хоҳони ҳар чӣ зудтар дар ин сарзамин ҳукфармо гардидани сулҳи пойдор мебошем ва иҷрои бечунучарои муоҳидаҳои Минскро аз ҷониби ҳамаи тарафҳо, василаи муҳими ҳалли қазия мешуморем”.

Равобити Тоҷикистон ва Украина баъди касби истиқлоли ду кишвар дар соли 1991 густариш пайдо кард. Украина дар бахши энержӣ аз ҳамкорони хуби Тоҷикистон аст. Он гуна ки дар замони Шӯравӣ Украина барои нерӯгоҳҳои Тоҷикистон агрегатҳо ва таҷҳизоти заруриро таҳия мекард, ҳамакнун ин корро барои роҳандозии нерӯгоҳҳои дигар, аз ҷумла “Роғун” анҷом медиҳад.

Ҳатто гуфта мешавад, ду агрегати ин нерӯгоҳ дар корхонаҳои Украина сохта шуда ва алакай ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG