Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Як таҳлилгари тарафдори Русия матбуоти Тоҷикистонро аксаран зиддирусӣ ба қалам дода, навиштааст, ки расонаҳои Тоҷикистон ба фоидаи рақибони Русия дар ин қаламрав хидмат мекунанд.

Дар як матлаби таҳлилӣ бо номи "Сиёсати иттилоотии Русия дар Тоҷикистон: Печухамҳо ва гардишҳои ногаҳонӣ" ("Информационная политика России в Таджикистане: перипетии и неожиданные повороты") расонаҳои Тоҷикистон аксаран зиддирусӣ арзёбӣ шудаанд ва ба қавли муаллиф, ин расонаҳо аз Русия образи душман тарошида, амалан ба сӯд (фоида)-и рақибони Русия дар майдони иттилоотии Тоҷикистон хидмат мекунанд.

Ба ақидаи Михаил Петрушков, муаллифи ин матлаб дар маҷаллаи интернетии "Ритм Евразии", "ҳар як таҳлилгаре, ки ба ҳамлаҳои иттилоотӣ ва ҷангҳои иттилоотии бузургмиқёс таваҷҷуҳ дорад, бо таҳлили фазои иттилоотии Тоҷикистон ба як хулосаи ноумедкунанда мерасад: Русия рақобат дар ин майдони иттилоотиро ба тамоми рақибони геополитикиаш бохта истодааст.”

Муаллиф дар чунин сурати ҳол набуди расонаҳои рӯ ба Русия ва сиёсати иттилоотии "бебандубор ва носозгор"-и худи Русия ва ҳамин

Михаил Петрушков

Михаил Петрушков

тавр, набуди стратегияи муқобила бо рақибони геополитикии Маскав дар фазои матбуоти Тоҷикистонро муқассир медонад, вале ҳамзамон ба полизи расонаҳое ҳам санг меандозад, ки ба ақидаи Михаил Петрушков, “баландгӯ (рупор)-и сафорати Русия” ва “дӯстдошта” (”любимчик)-ҳои сафорат ба шумор мераванд, вале дар амал ба зидди Маскав амал мекунанд.

Ӯ дар ин ҷумла аз нашрияи “Вечерка” ва хабаргузории “Авесто” интиқод кардааст, ки “Вечерка” барои нашри матлабҳои зиддирусии сафири Украина дар Душанбе Виктор Никитюк минбар медиҳад ва “Авесто” гӯё хабарҳо дар бораи қонуншиканиҳои низомиҳои Русия дар Тоҷикистон аз будаш бузург карда, нишон медиҳад? Петрушков инро "намунаи барҷастаи иҷрои стратегияи дар чандин кишвари СНГ озмудашуда ҷиҳати беобрӯ кардани низомиҳои Русия бо ҳадафи сохтани образи манфии Русия” меномад.

Аммо Ҷамшед Ӯлмасов, мудири кулли хабаргузории “Авесто” рӯзи 25 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, иллати бохтҳои Русия дар майдони иттилоотии Тоҷикистон на расонаҳои маҳаллӣ, балки бештар бемайлии худи масъулони ниҳодҳои дипломатии Русия ба ҳамкорист:

Ҷамшед Ӯлмасов

Ҷамшед Ӯлмасов

"Охир, авбошии сарбозони Русия дар Кӯлоб хабар буд. Мо онро аз худ набофтаем-ку? Мо воқеиятро додем дар хабарамон. Дар сафорати Русия аммо фикр мекунанд, ки мо, расонаҳои Тоҷикистон ӯҳдадорем, ки ҳама чизро фақат тавре ки онҳо мехоҳанд, бидиҳем. Мо ба тарафҳои мухталиф минбар медиҳем. Мо ҳатто як шореҳ дорем, ки мавқеи ошкоро тарафдори Русия дорад, ӯро ҳам чоп мекунем. Мо ба сафири Русия ҳам пешниҳод кардем, ки ба ҷои шикоят ба вазорати хориҷа, назаратонро бинависед, мо чоп мекунем. Вале..."

Дар Тоҷикистон, бино ба омори расмӣ, беш аз 400 нашрия, аз ҷумла 270 нашрияи мустақил, 10 хабаргузорӣ ва 44 шабакаи радиоиву телевизионӣ, аз ҷумла 28 радиову телевизиони ғайридавлатӣ, амал мекунанд. Ба назари Петрушков, тақрибан ҳамаи расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо сармоя, ё кумакҳои моливу фаннии Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо сохта шудаанд ва “Амрикову муттаҳидинаш дар фазои иттилоотии Тоҷикистон нафақат нақши ғолиб доранд, балки мавзӯи рӯз ва ҷавви ҳоким бар фазои иттилоотии ин ҷумҳуриро низ онҳо муайян мекунанд. Дар қиёс бо онҳо, Русия, ки дар гузаштаи начандон дур дар инҷо нуфузи азими иттилоотӣ дошт, имрӯз нақши тамошобин (статист)-ро гирифтааст.”

Ҷамшед Ӯлмасов вале мегӯяд, дар асл кор кардан дар майдони иттилоотии Тоҷикистон осон нест: “Дар мо Русияро танқид кунӣ, овоза мекунанд, ки ту ҷосуси Амрикоӣ. Амрикоро танқид кунем, зуд овоза мебароранд, ки инҳо одамони Русияанд. Чанде пеш мо як матлаб дар бораи сиёсати хориҷии Эрон навиштем ва даррав овоза шуд, ки ман гӯё одами Исроилам. Ёбу гир!”

Умед Бобохонов

Умед Бобохонов

Умед Бобохонов, муассиси ҳафтанома ва хабаргузории “Азия Плюс”, мегӯяд, муаллиф дар кам нишон додани нуфузи иттилоотии Русия дар Тоҷикистон ба иғроқ роҳ додааст, чунки, ба ақидаи ӯ, расонаҳои дигар, аз ҷумла матбуоти Ғарб, дар Тоҷикистон ҳатто як дарсади нуфузеро, ки Русия то ҳол дорад, надоранд. Умед Бобохонов изҳори ташвишҳо аз оҳанги гӯё “зиддирусӣ”-и расонаҳои Тоҷикистонро низ бепоя мехонад ва мегӯяд, Русия танҳо кишваре нест, ки дар ин расонаҳо ба боди интиқод кашида мешаванд.

Зафар Абуллоев, раҳбари маркази таҳлилии “Контент” бар ин аст, ки матлабҳои интиқодомез нисбат ба Русия дар расонаҳои Тоҷикистон як навъ ҷавоб ба сиёсатҳои Маскав нисбат ба Душанбе ва ҳам ба лаҳни матбуоти Русия аст, ки нисбат ба Тоҷикистон ва муҳоҷирони тоҷик маъмулан танҳо аз рангҳои сиёҳ истифода мекунанд: “Русия ягон ҷангро дар инҷо ҳанӯз набохтааст. Далели ин гилаҳо бештар коҳиши нуфузи Русия ба сурати умум дар зеҳни қисме аз мардуми Тоҷикистон аст. Вале Русия бояд аз худаш гила кунад, ки як кишвари дӯсту шарикашро ба ҳоли худ партофт. Ба назари ман, агар равобити Маскаву Душанбе дар амал, нафақат дар рӯи қоғаз дӯстонаву наздиктар шаванд ва матбуоти Русия бадгӯиҳояш дар бораи Тоҷикистону муҳоҷирони тоҷикро ба оҳанги нармтаре иваз кунад, Русия метавонад нуфузашро дар кишвари мо дигарбора тақвият диҳад. Вагарна, ин имкон надорад.”

Зафар Абдуллоев мегӯяд, бо ин вуҷуд, Русия тавассути расонаҳояш, бахусус расонаҳои телевизионӣ, дар ташаккули афкори ҷомиа дар Тоҷикистон то имрӯз нақши муқаддам ва ба ақидаи ин таҳлилгари тоҷик, “як андоза ҳатто нигаронкунанда ба амнияти Тоҷикистон” дорад. Бино ба як назарсанҷии созмони Гэллап, 93 дарсади аҳолии Тоҷикистон аз нақши мусбати Русия дар сиёсати ҷаҳонӣ пуштибонӣ мекунанд.

Гилаи Михаил Петрушков аз шикасти Русия дар “ҷанги иттилоотӣ” дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки расонаҳои Русия то ҳол дар ин кишвари Осиёи Марказӣ нақши пештоз доранд. “Аргументы и факты” ва “Комсомолская правда” – ду нашрияи чопи Маскав – ҳар ҳафта фарзияҳои вижаи худро барои Тоҷикистон нашр мекунанд ва телевизионҳои Русия то имрӯз ҳамчунон як манбаи асосии хабар барои аксари аҳолии Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Ҳамин тавр, Русия як сол боз дар пайи таъсиси дафтари “Россия сегодня”, як тарҳи бузурги иттилоотиаш дар Душанбест ва барои ин дафтар қариб 20 нафарро ҳам истихдом кардааст.

Аммо ба ақидаи Михаил Петрушков, даврони чунин тасаввур дар бораи нақши ҳамчунон пештози Русия дар ин майдон як фиреби назар аст ва Русия дар асл дар майдони иттилоотии Тоҷикистон аз рақибони геополитикиаш хеле ақиб мондааст. Ӯ менависад, агар дар зудтарин фурсат сиёсати иттилоотии фарогири Маскав дар қиболи Осиёи Марказӣ таҳия ва нашавад, умед бастан ба дубора ба даст овардани мавқеъҳои аздастдодаи Русия дар фазои иттилоотии кишварҳои ин минтақа беҳуда аст.”

Вале таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ҷониби Тоҷикистон бояд баракс ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотиаш аз таъсири Русия бештар иқдом кунад, зеро расонаҳои маҳаллӣ, ба ақидаи онҳо, дар ташаккули афкори ҷомиа дар Тоҷикистон ин қадар дасти дароз надоранд, ки Русия. Зафар Абдуллоев аз ҷумла мегӯяд: “Воқеъият, ба назари ман, баракс аст. Тоҷикистон таҳти таъсири иттилоотии ягон кишваре, мисли Русия, қарор надорад. Чунки аксарияти мардум дар Тоҷикистон телевизионҳои давлативу моҳвораии Русияро тамошо мекунанд. Дар Интернет низ аксари корбарони тоҷик аз сомонаҳои русӣ истифода мебаранд. Ва аз ин рӯ, шумори мардуме, ки аз ҳукумати Русия пуштибонӣ мекунанд, ба Русия назари мусбат доранд, дар Тоҷикистон хеле зиёд аст. Ба назари ман, ҳатто хеле бештар аз миқдоре, ки аз нигоҳи таъмини амнияти сиёсии кишвар бояд мебуд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG