Пайвандҳои дастрасӣ

Абдумаҷид Достиев: Баъд аз сафирӣ лимонпарварӣ мекунам


Абдумаҷид Достиев

Абдумаҷид Достиев

Абдумаҷид Достиев мегӯяд, ки баъди канор рафтани аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Русия ҳоло дар зодгоҳаш даврони пирӣ меронад ва гоҳе ба корҳои кишоварзӣ низ машғул мешавад.

Абдумаҷид Достиев, сафири пешини Тоҷикистон дар Русия, мегӯяд, ки ҳоло ягон мақоми расмӣ ё ифтихорӣ надошта, дар хонаи падариаш - рустои Виёни ноҳияи Бохтар даврони пирӣ меронад. Ӯ 10 декабр дар як сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, ки бештари вақташ дар хона мегузарад ва гоҳе ба корҳои деҳқонӣ низ машғул мешавад. Достиев моҳи майи соли гузашта дар синни 68-солагӣ бознишаста ва аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Русия канор рафт.

"Ҳоло ягон кор надорам. Хонашин ҳастам. Нафақахӯрам," -- гуфт ӯ.

Озодӣ: Аз нафақаатон розӣ ҳастед ва оё ба зиндагӣ мерасад?

Абдумаҷид Достиев: "Аз ҳама чизе, ки дорам, розӣ ҳастам. Нафақаи ман ҳангуфт нест, аммо ба харидани ними доруҳое мерасад, ки дар як моҳ мехӯрам. Дигар, дар хона хизматамро ба ҷо меоранд. Куҷое гӯям, фарзандон мебаранд. Келинҳоям одамони хубанд. Аз ҳамон рӯзе, ки онҳо ба хонаам омадаанд, мисли фарзандони худам ҳастанд."

Озодӣ: Дар корҳои деҳқонӣ ҳам фаъол шудаед?

Абдумаҷид Достиев: "Бале, гандум коридам. Пиёз, бодиринг... лимон дорам. 16 сотих заминамон ҳаст. Замини наздиҳавлигӣ. Лимонарии мо ҳаштод ниҳол дошт, вақте ҷанг сар шуд, қариб аз байн рафта буд. Соли гузашта дубора эҳё кардем. Ҳозир дар нафақа ҳастам. Бигзор ҷавонон кор кунанд, биомӯзанд. Мо мувофиқи фаросати худ кор кардем ва ба синни бознишастагӣ расидем. Як одам гуфт, ки чаро камнамоӣ? Занг ҳам намезанӣ? Гуфтам, вақте роҳбар будам, чанд мӯйсафедро аз дар пеш мекардем, аз тиреза меомаданд. Ҳамон вақт гуфта будам, агар бознишаста шавам, ба дари касе намеравам. Дӯстони хуб дорам, ки ба хабаргириям меоянд."

Озодӣ: Тақрибан ду соле, ки дар корҳои расмӣ набудед, фурсати хуб барои бозбинӣ ва ба ёд овардани солҳои гузашта буд. Аз назари Шумо кадом сол ва кадом коратон муҳиму саривақтӣ буд ва дар ёд мондааст?

Абдумаҷид Достиев: "Ман хаёл мекунам, барои ягон кас ягон кори хос накардаам. Вале ҳамин, ки ба кӯча бароем, салом медиҳанд, аҳволамонро мепурсанд. Намедонам, ин ҳамааш барои кори хубамон бошад ё чизи дигар. Муҳим ин аст, ки номи падарамонро хуб ҳифз карда то ин ҷо овардем. Ин кор имконнопазир аст, вале агар зиндагӣ аз сари нав шурӯъ мешуд, ба ҷуз аз солҳои ҷанг ба такрори дигар солҳову корҳоям розӣ будам. Пурра розӣ будам. Фақат ҷанг мисли як доғи сиёҳ дар таърихи мо ва саҳифаи умри мо меистад. Агар ҳамонро гирифта партоем, аз ҳамааш розӣ ҳастам. Худоро шукр, фарзандони хуб дорам. Панҷ фарзанд - се писар ва ду духтар - дорам. Набераҳо низ хеле ҳастанд."

Озодӣ: Мо дар бораи писаратон Фарҳод Салим, сафири кунунии Тоҷикистон дар Амрико маълумот дорем. Дар бораи дигаронашон ҳам чизе мегӯед?

Абдумаҷид Достиев: "Якеашон милиса ва дигари корманди яке аз намояндагиҳои "Тоҷиксодиротбонк" дар Душанбе аст. Духтаронам Фотима ва Зӯҳро - қариб, ки хонашинанд. Фотима се моҳ шуд дар Маскав аст ва дар онҷо ҳамроҳи шавҳараш зиндагӣ дорад. Зӯҳро дар Душанбе аст."

Озодӣ: Бо сафорат ва ҳамкорони пешинатон тамос мегиред?

Абдумаҷид Достиев: "Кадомеашон занг зананд, сӯҳбат мекунам. Онҳо бачаҳои ҷавонанад, бигзор хубтар кор кунанад. Ҳар замон ба онҳо занг зада чӣ мегӯям? Хирагӣ чӣ даркор?"

Озодӣ: Ҷараёни гузариш аз вазифаи баланд ба хонашинӣ чигуна буд? Оё ба ин ҳама омода будед? Ё рӯзҳои гузаштаро бештар ба ёд меоред?

Абдумаҷид Достиев: "Хаёл мекунам, аз ин ҳолати ҳозира ҳеч вақт беҳтар набуд. Аз ҳама ҷиҳат. Барои ҳеч кас ҳисобот намедиҳӣ. Ҳеч кас даратро ҳам намезанад, ки чъ хӯрдиву бурдӣ гуфта. Шукр, ки ба ин рӯзҳо расидем."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG