Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон аз Пулиси байналмилал ё «Интерпол» хостаанд, 11 шаҳрванди кишварро, ки гуфта мешавад, ба гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла «Давлати исломӣ» пайвастаанд, боздошт кунад.

Тоҷикистон аз "Интерпол" -- пулиси байналмилалӣ хостааст, ки 11 шаҳрванди ин кишварро, ки ба гурӯҳҳои тундрави мисли "Давлати исломӣ" пайвастаанд, боздошт кунад.

Аксарияти ин афрод ҷавонони то 25-сола буда, дар байни онҳо Муродалӣ Ҷӯрақулов, як сокини 19-солаи вилояти Хатлон низ ҳаст, ки бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористӣ ҷустҷӯ мешавад. Дар сомонаи «Интерпол», ному насаби ҳамаи ин ҷавонон бо аксҳояшон ба тозагӣ нашр шудааст ва ҳамаи онҳо ба узвият дар гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам мешаванд.

Дар аксҳое, ки "Интерпол" нашр кардааст, афроди мавриди ҷустуҷӯи Тоҷикистон бархе бо ниқоби сиёҳ, дар даст автомати Калашников ва ангушти ишора ба сӯи осмон зоҳир шудаанд. "Интерпол" аз ҷумла ду акси Зоиршо Ҳаитов, сокини 21-солаи Кӯлобро, ки яке бо силоҳ ва чеҳраи нимабоз ва дигаре акси маъмулӣ аст, нашр кардааст. Маълум нест, ки ин аксҳо дар куҷо ва кай бардошта шудаанд.

Мирзошариф Азизови 23-сола аз пойтахти Тоҷикистон ҳам бо сарбанди сиёҳи гурӯҳи «Давлати исломӣ» акс гирифтааст ва ӯ низ бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористӣ ҷустӯҷу мешавад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз кишварҳои узви «Интерпол» дархост кардааст, ки ин шаҳрвандро боздошт карда ва барои муҳокима ба Тоҷикистон бисупоранд.

Ғолибан мақомоти интизомии Тоҷикистон аксҳои мазкурро аз шабакаҳои иҷтимоӣ бахусус "Одноклассникӣ" дастрас кардаанд. Бисёре аз тундравони мазҳабӣ ва аъзои гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар ин шабака саҳифа доранд ва онро ҳамчун пойгоҳи таблиғоти худ истифода мекунанд. Аз 11 шаҳрванди Тоҷикистон, ки "Интерпол" акси онҳоро нашр кардааст, баъзеи онҳо дар шабакаи "Одноклассники" ва "Мой Мир" саҳифа доранд.

Аз ҷумла саҳифаи Шаҳидулло Давлатов, сокини шаҳри Душанбе ҳанӯз ҳам дар "Однокласникӣ" бо аксҳои пешинааш фаъол аст, ҳарчанд ин корбар саҳифаи худро аз соли 2012 нав накардааст. Аз ин аксҳо бармеояд, ки Шаҳидулло қаблан дар сохтмонҳои Русия кор мекардааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аксари ҷавонони тоҷик дар Русия, зери таъсири ақидаҳои ифротӣ монда ва аз онҷо аз тариқи Туркия ба Сурия рафтаанд.

Бисёре аз ҷавононе, ки Тоҷикистон боздошти онҳоро аз "Интерпол" дархост кардааст, сокинони шаҳри Душанбе ҳастанд. Дар байни онҳо сокинони манотиқи дигар, аз ҷумла ноҳияҳои Нурободу Ваҳдат низ мушоҳида мешаванд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ин пештар аз кишварҳои узви Интерпол хоста буд, Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои махсуси Вазорати умури дохилиро боздошт кунанд, ки ӯ низ моҳи апрели имсол ба сафи гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайваст ва дархости боздошти ӯ бо аксҳояш ҳанӯз дар вебсайти Интерпол вуҷуд дорад.

Дархостҳои нави Тоҷикистон аз Интерпол барои боздошти дасти кам 10 нафар аз ҷавонони тоҷик дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар омори навро дар бораи ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурияву Ироқ эълон кард. Вазири умури дохилӣ гуфт, ки 519 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷангҳои ду кишвари ноороми Ховари Миёна рафтаанд ва ба қавли вазир аз кардаашон пушаймонанд ва мехоҳанд ба кишвар баргарданд, аммо наметавонанд.

Баъди афзоиши теъдоди ҷавонони тоҷик дар сафи гурӯҳи «Давлати исломӣ» мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҷавононе, ки довталабона ба кишвар бармегарданд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ халос мешаванд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки то кунун 9 нафарро аз роҳи ташвиқу тарғиб ба кишвар баргардондаанд ва ба гуфтаи ӯ дар умум, 35 нафарро ё аз кишварҳои ҷангзада ва ё аз нимароҳ баргардонданд, ба аз ҷавобгарӣ озод карданд.
Гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки қаламравҳои васеи Ироқу Сурияро ишғол кардааст, бо қатлу куштор ва бераҳмии хос ва бахусус сар буридани шаҳрвандони ғарбӣ ва ғайримусулмон ном баровард. Дар Тоҷикистон он ба ҳайси созмони террористӣ шинохта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG