Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авомил ва пайомадҳои хушунати хонаводагӣ


Ба гуфтаи масуъулини созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занон, барои рафъи низоъҳои хонаводагӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам умдатан аз хушунат кор гирифта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар соли гузашта гузориши расмии худ роҷеъ ба мубориза бо хушунат алайҳи занро ба Кумитаи мубориза бо хушунат алайҳи занони СММ ироъа намуда буд, ки дар ибтидои соли ҷорӣ гузориши мазкур мавриди баррасъ қарор гирифт.
Кумитаи СММ оид ба мубориза бо хушунат алайҳи занон зимни баррасии гузориши давлати Тоҷикистон ва гузориши алтернативи созмонҳои ғайриҳукуматӣ доир ба вазии хушунат алайҳи зан як силсила пешниҳодоте ба ҳукумати Тоҷикистон дода ва хостори беҳбуд бахшидан ба авзоъ дар ин замина гардид. СММ аз ҷумла тақозо карда буд, ки бояд барномаи коҳиши хушунат алайҳи зан то соли 2010 амалӣ гардад ва аз қочоқи инсон ҷилавгирӣ шавад, ба издивоҷҳои ғайрирасмӣ иҷоза дода, аз издивоҷҳои маҷбурӣ ва ё ҷабран ба шавҳар додани духтарон ҷилавгирӣ шавад, инчунин ба боло рафтани сатҳи огоҳи ҳуқуқии занон мусоидат шавад ва шароити таҳсили духтарон, махсусан духтарони деҳот, таъмин бошад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон, сатҳи хушунат алайҳи занон ҳамчунон болост ва хушунат дар аксари маворид боиси худкушии занон низ шудааст. Азиз Диноршоев, устоди ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд: «Як иллати аслии пеш омадани ин ҳол камогоҳии занон аз ҳуқуқашон мебошад. Бо вуҷуди дар қонунгузорӣ замонати ҳифзи ҳуқуқи онҳо тазмин шудааст, аммо занон аксаран аз ин қонунҳо огоҳ нестанд. Ва, гузашта аз ин, занон аз надонистани ҳуқуқашон ба мақомоти даркорӣ муроҷиат намекунанд».
Вале ба гуфтаи бархе дигар аз ҳомиёни ҳуқуқи занон, мушкили аслӣ дар камтаваҷҷуҳии давлат ба иҷрои барномаҳои мубориза бо хушунати хонаводагӣ аст ва давлат на ҳамеша ба ин мушкила расидагӣ мекунад. Мақомот ва қонунҳо, ба гуфтаи ин коршиносон, замоне ба кумаки қурбониёни хушунат мерасанд, ки ҷиноят акнун содир шудааст.
Дар ҳоле, ки ҳадафи аслӣ бояд пешгирии хушунат ва ҳамин тавр ҷиноят бошад.
Ва дар ин ҳолатҳо танҳо коре, ки боқӣ мемонад, ин маҳкум намудани омили ҷиноят аст. Дар ҳоле, ки ҳадафи аслӣ бояд пешгирии хушунат ва бад-ин васила худи ҷиноят бошад.
XS
SM
MD
LG