Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони айбнома алайҳи раиси бозори “Ином”


Бозори Ином дар ноҳияи Шаҳритӯс
Бозори Ином дар ноҳияи Шаҳритӯс

​Раёсати умури дохилии Хатлон Бурҳон Абдуллоевро, ки бо Муҳибулло Саъдуллоев --додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон бар сари тақсими бозори “Ином” баҳс дошт, дар асоси 2 моддаи Кодекси ҷиноӣ айбдор кардаанд.

Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон алайҳи Бурҳон Абдуллоев -- раиси бозори “Ином”, ки аз охирҳои моҳи декабри соли гузашта то кунун дар боздоштгоҳи муваққатии Қӯрғонтеппа нигоҳдорӣ мешавад, бар асоси 2 моддаи Кодекси ҷиноӣ айб эълон кардааст.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Бурҳон Абдуллоев, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин айбнома рӯзи ҷумъаи 13 феврал дар ҳузури ӯ қироат шудааст.

Вай афзуд, “дар нимаи дувуми рӯзи ҷумъа муфаттиши парванда Самиев дар ҳузури мо айбномаро қироат кард. Ӯ Бурҳон Абдулkоевро бар асоси ду модда -- 32, қисми 3 ва 255, қисми 2, яъне сӯиқасд ба вайрон кардани амволи шаҳрвандон бо роҳи сӯхтор айбдор донист.”

Ёров илова кард, ин айбнома баъд аз даъвои онҳо аз болои қарори Додгоҳи вилояти Хатлон, ки дар охирҳои соли гузашта Бурҳон Абдуллоевро ба қасди сӯхтор дар бозори “Ином” муттаҳам карда, ҳукми ду моҳ боздошти ӯро содир карда буд, эълон шудааст. Ӯ гуфт, "баъд аз шикояти мо муфаттишони Раёсати умури дохилӣ дубора тафтиши комилро дар мавриди он ки оё Бурҳон Абдуллоев воқеан қасди ташкили

Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

сӯхтор дар бозори "Ином"-ро дошт ё на, анҷом доданд. Ҳоло хулосаи онҳо ин аст, ки гӯиё зерҳимояи мо қасди ташкили сӯхтор дар бозори “Ином”-ро доштааст."

Иддаое, ки наздикони Абдуллоев қабул надоранд ва мегӯянд, чӣ гуна соҳиби бозор метавонад дастури оташ задани моликияташро бидиҳад?

Бурҳон Абдуллоев рӯзи 19 декабри соли 2014 дар назди Додгоҳи олии Тоҷикистон дар Душанбе аз сӯи маъмурони пулис боздошт ва ба Раёсати умури дохиии вилояти Хатлон интиқол ёфт. Бузургмеҳр Ёров ва Санавбар Абдуллоева -- ҳамсари Бурҳон Абдуллоев он вақт ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, додгоҳи Хатлон рӯзи 20 декабр бо нишондоди як сокини ноҳияи Шаҳритӯс – Ҳошим Ризвонов, ки гуфтааст, Бурҳон Абдуллоев ба вай дастури оташ задани бозорро дод, айбнома эълон кард.

Ба нақли вакили мудофеъ, “кормандони умури дохила Ҳошим Ризвонов як сокини ноҳияи Шаҳритӯсро дар маркази бозори “Ином” бо 10 боклашкаи бензин дар дохили як халта боздошт кардаанд, ки ҳангоми бозпурсӣ гуфтааст, ӯро Ҳоҷӣ Бурҳон дастур додааст, то бозорро оташ занад”.

Бурҳон Абдуллоев
Бурҳон Абдуллоев

Бар асоси ин нишондод алайҳи Бурҳон Абдуллоев парванда боз шуда буд. Аммо вакили мудофеи Бурҳон Абдуллоев онро беасос дониста,шикоят кард ва тафтиши дубораи қазияро муфаттишони умури дохилии Хатлон анҷом доданд.

Баҳси бозори "Ином" дар Шаҳритӯси вилояти Хатлон замоне рӯ зад, ки Санавар Абдуллоева, ҳамсари Бурҳон Абдуллоев ба ҳайси молики ин бозор иддао кард, Муҳибулло Саъдуллоев -- додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон қасди кашида гирифтани бозорро дорад. Баъдан вакили дифои Саъдуллоев эълон кард, онҳо низ дар таъсису фаъолияти бозор саҳм доранд ва танҳо мехоҳанд, моликияти худро аз хонаводаи Абдуллоевҳо ҷудо кунанд.

XS
SM
MD
LG