Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси бозори "Ином" тарки ҳизби ҳоким мекунад (ВИДЕО)


Баҳси тақсими саҳмияҳо дар бозори "Ином". Акс аз бойгонӣ
Баҳси тақсими саҳмияҳо дар бозори "Ином". Акс аз бойгонӣ

Раиси бозори "Ином" дар ноҳияи Шаҳритӯс ба нишони эътироз аз узвият дар ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон даст кашидааст. Бурҳон Абдуллоев 3 сол боз бо додарарӯси президент бар сари саҳмияҳои ин бозор даъво дорад.

Раҳбари шӯъбаи маҳаллии ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Шаҳритӯс барои хуруҷ аз ин ҳизби ҳоким ариза додани раиси бозори “Ином”-ро тасдиқ кард, вале гуфт, умедвор аст, ки Бурҳон Абдуллоев дар ҲХДТ хоҳад монд.

Абдулло Раҷабов, раиси созмони ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритӯс рӯзи 10 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳори умедворӣ кард, ки Бурҳон Абдуллоев, раиси кулли ширкати “Ином” ба унвони узви ин ҳизб боқӣ хоҳад монд. Ҷаноби Раҷабов тасдиқ кард, ки “ба созмони мо протоколи созмони ибтидоии ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ином” ворид шудааст, ки дар он Бурҳон Абдуллоев гуфтааст, ки дар сурати ҳал нашудани мушкилоти марбут ба бозори “Ином” вай аз узвият дар ҲХДТ даст мекашад.”

Абдулло Раҷабов гуфт, ки ин протокол рӯзи 8 ноябр ба дасти онҳо расидааст ва онҳо ҳоло бо муроҷиат ба ниҳодҳои марбута талош мекунанд, то мушкилоти ширкати “Ином” ҳал шавад ва Бурҳон Абдуллоев дар ҲХДТ бимонад. Ҳарчанд, мегӯяд ҷаноби Раҷабов, мушкилотеро, ки раиси ширкати “Ином” матраҳ кардааст, танҳо хоси ин ширкат нест, балки тамоми мардуми ноҳия ба он гирифторанд. Ӯ гуфт, ҳоло нафақат дар бозор, балки дар тамоми ноҳияи камбуди нирӯи барқ дида мешавад ва ин мушкили бебарқӣ набояд боиси тарки ҳизб кардани як узви он шавад.

Ҷаноби Раҷабов гуфт, “мо намехоҳем, ки Бурҳон Абдуллоев аз сафи ҳизби мо хориҷ шавад ва ба ин далел ба ҳама ниҳодҳои зирабт муроҷиат мекунем, то дар ҳалли мушкилоти ин ширкат кумаку мусоидати худро дареғ надоранд.“

Бурҳон Абдуллоев, ки тақрибан 7 сол пеш узви ҲХДТшуда буд, дар ҷаласаи рӯзи 27 октябри созмони ибтидоии ҲХДТ дар бозори “Ином” аз узвият дар ҳизби ҳоким даст кашидааст. Ин яке аз нахустин мавридҳои расонаишудаи ба нишони эътироз аз узвият дар ҳизби ҳоким даст кашидани як нафар дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Санавбар Абдуллоева
Санавбар Абдуллоева

Санавбар Абдуллоева, ҳамсари Бурҳон Абдуллоев рӯзи 10 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин даъвоҳо, беадолатии додгоҳҳо ва дар ниҳоят бепуштибон мондани садҳо соҳибкори бозори “Ином” Бурҳон Абдуллоевро водор кард, то аз сафи ҳизб довталабона хориҷ шавад.

Ҳамроҳ бо Санавбар Абдуллоева, чаҳор зани дигари соҳибкори бозори “Ином” - Шарофат Қурбонова, Мая Раҳматуллоева, Шарофат Ҳусейнова ва Дилрабо Мусалиева - рӯзи душанбе ба дафтари радиои Озодӣ омаданд. Онҳо мегӯянд, ду моҳ пеш 400 нафар аз аҳли ин бозор барои пайвастан ба ҲХДТ ариза додаанд, вале “бархӯрди мақомот ҷамъи соҳибкорони бозори “Ином”-ро ба ин хулоса овардааст, ки узвият дар ҳизби ҳоким маънӣ надорад.”

Шикояти тоҷирони бозори "Ином"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Шарофат Қурбонова, яке аз онҳо гуфт, “мо ду моҳ пеш ба сафи ҳизби раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мехостем бипайвандем. Аммо дар ин муддат муносибати мақомот, ки аксарии онҳо аъзои ҳизби ҳокиманд ва ҳамин тавр, додарарӯси президент – Муҳибулло Саъдуллоев – нисбат ба мо бадтар шуду беҳтар не. Бозор қариб 2 моҳ боз аслан барқ надорад ва на танҳо соҳибкорон, балки коргоҳҳои дӯзандагиву косибӣ ҳам фаъолият карда наметавонанд.”

Мая Раҳматуллоева, соҳибкорзани дигари бозори “Ином” мегӯяд, “мо, соҳибкорон, аз даъво бар сари бозор хаставу асабӣ шудаем. Илтимос мекунам, моро ба ҳоли худамон гузоред, то нонамонро ҳалол ёбем.”

Муҳибулло Саъдуллоев
Муҳибулло Саъдуллоев

Хонаводаи Абдуллоевҳо чанд сол боз бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ва шарики тиҷории ӯ Холназар Достиев бар сари саҳмияҳои бозори Шаҳритӯс даъво доранд. Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар моҳи май ҳукм баровард, ки азбаски Абдуллоевҳо нисфи саҳмияҳои ин бозорро ба Саъдуллоев ва Достиев гӯё тӯҳфа кардаанд, бозор бояд байни онҳо 50 ба 50 тақсим карда шавад. Аммо Абдуллоевҳо бо ин ҳукм розӣ нестанд ва мегӯянд, ба касе нисфи бозори “Ином”-ро ҳадя накардаанд.

XS
SM
MD
LG