Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Узбакистон: Ҳамоиши манфиатҳои худӣ ё бегона?


Дидори Эмомалӣ Раҳмон (рост) ва Ислом Каримов дар Душанбе 12 сентябри соли 2014
Дидори Эмомалӣ Раҳмон (рост) ва Ислом Каримов дар Душанбе 12 сентябри соли 2014

Равандҳои ахир дар муносибатҳои миёни Тоҷикистону Узбакистон нишон медиҳад, ки ин ду кишвари ҳамсоя марҳилаи мухолифатҳоро паси сар мегузоранд ва тадриҷан рӯ ба ҳамкорӣ меоранд.

Чанд рӯйдоди ахир андешаеро ба миён овардаанд, ки ду кишвари ҳамсоя -- Тоҷикистон ва Узбакистон марҳилаи мухолифатҳоро паси сар мегузоранд ва тадриҷан рӯ ба ҳамкорӣ меоранд. Рӯзи 27 апрел нахустин бор дар наздик ба бист соли охир фармондеҳони нерӯҳои марзбонии ду кишвар дар Хуҷанд гуфтугӯ карданд ва санади таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро ба имзо расонданд. Дар маҷлисҳои қонунгузори ду кишвар ин андеша баррасӣ мешавад, ки бояд “Гурӯҳи дӯстии байнипорлумонӣ”-и Тоҷикистону Узбакистон таъсис ёбад. Гуфтушуниди эҳёи парвозҳо миёни Душанбеву Тошканд, бархӯрди нармтар бо наврасони марзшикан дар ноҳияи Носири Хусрав ва тағйири лаҳни матбуоти Ӯзбакистону Тоҷикистон дар баррасии равобити дутарафа низ аз нишонаҳои тағйир дар муносибатҳои байни ду ҳамсояанд.

Дар пасманзари марҳалае, ки ин равобит ба сардтарин сатҳ поин омада буд, таҳаввулоти ахир барои бисёриҳо суолбарангез аст. Сиёсташиносон ва рӯзноманигорон талош мекунанд, омилҳои ин дигаргуниро кашф кунанд. Бархе аз онҳо мегӯянд, таҳдидҳои минтақаӣ ва бештар аз ҳама эҳтимоли нуфуз ёфтани "Давлати Исломӣ" дар Осиёи Марказӣ сабаби наздикии бештари ду кишвар шудааст.

Павел Фелгенгауэр
Павел Фелгенгауэр

Аз ҷумла Павел Фелгенгауэр, таҳлилгари рус густариши тундгароии исломиро дар минтақа омиле медонанд, ки аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии бештарро тақозо мекунад. Вай мегӯяд, салафиҳо ва нируҳои дигари тундгаро душмани умумии ҳукуматҳои минтақаанд ва мумкин аст дар оянда тундравҳои минтақа ба гурӯҳҳои “Давлати Исломӣ” бипайванданд. Ин омил Узбакистону Тоҷикистонро низ ба ҳам наздик мекунад. Кишварҳои дигар, аз ҷумла Русияву Чин, Ғарб ва Эрон ҳам ба густариши нуфузи тундгароҳо дар минтақа мухолифанд.

Нишонаҳои беҳбуд дар равобити Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҳоле ба мушоҳида мерасанд, ки Тошканд муносибатҳояшро бо ҳамсояи дигари худ дар минтақа -- Қирғизистон низ беҳтар мекунад. Бозорбой Мамбетов, муовини пешини нахуствазири Қирғизистон, низ бар ин аст, ки хуруҷи нируҳои НАТО аз Афғонистон ва вориди минтақа шудани тундгароҳои “Давлати Исломӣ” мақомоти Узбакистонро водор кардааст, муносибаташро бо ҳамсоягони худ беҳбуд бахшанд. Вай мегӯяд, “Ман медонам, ки ҷаноби Каримов ҳамеша сиёсати худкифоиро пеш мебурд, вале бо назардошти мавқеи ҷуғрофиёии худ дар минтақа Узбакистон наметавонад, бо кишварҳое чун Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон ё Туркманистону Русия ҳамкорӣ накунад”.

Ҷаноби Мамбетов мегӯяд, ҳоло мақомоти Узбакистон дарк кардаанд, ки наметавонанд дар дарозмуддат бо ҳамсоягони наздики худ нифоқу ҷудоӣ дошта бошанд. Онҳо чунин нармиш бо Тоҷикистонро мебоист 10 ё 15 сол пеш нишон медоданд. Ба ҳар ҳол онҳо бо гузашти 24 соли истиқлол шояд акнун ба хулосае расиданд, ки муносибатҳои сарди худро дар минтақа бояд бо Тоҷикистону Қирғизистон тағйир диҳанд.

Бозорбой Мамбетов
Бозорбой Мамбетов

Ҷаноби Мамбетов аз авҷи рафторҳои якҷонибаи Узбакистон намуна меорад, ки моҳи ноябри соли 2011 ба таври якҷониба роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг-Ёвонро баст ва сипас онро тахриб кард. Моҳи апрели соли 2014, бо вуҷуди ин ки Қирғизистон бо нархҳои байналмиллалӣ арзиши гази Узбакистонро пардохт мекард, ин кишвар интиқоли гази худро қатъ намуд ва ё дар давоми 15 соли охир иҷоза намедиҳад, ки Тоҷикистон дар мавсими бебарқии зимистон ба таври транзитӣ тавассути қаламрави Узбакистон аз Туркманистон нируи барқ гирад. Ин дар ҳолест, ки Русия хариди гази Узбакистонро дар як соли охир 4 баробар кам кардааст.

Шебу фарозҳои муносибати Узбакистон ба ҳамсоягонаш қисман ба равандҳои геополитикии минтақа низ рабт мегирад. Тошканд вобаста ба вазъият ва манфиатҳояш амал мекунад ва як давраи тӯлонӣ рӯ ба Ғарб дошт, сипас, баъд аз рӯйдодҳои Андиҷон дар соли 2013 рӯ ба Русия гардонд ва ду соли охир бештар майли ғарбгароӣ нишон медиҳад. Дар ҳоле ки Русия бо ҳукумати нави ғарбгарои Украина дар ҳоли низоъ аст, рӯзи 26 апрел Узбакистон гуфт, хостори густариши равобит бо Киев аст. Бо назардошти чунин ҳаракатҳои Тошканд, бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки талоши узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва даъватҳои Маскав аз Тоҷикистон ибарои ворид шудан ба ин созмон мумкин аст, барои Узбакистон зиёд хушоянд нестанд. Раисиҷумҳур Ислом Каримов аз оғози таъсиси ин эътилоф гуфта буд, ки он хилофи истиқлолияти кишварҳост. Бархе аз қудратҳои ғарбӣ ин мақеъгирии Тошкандро хуш мепазиранд.

Павел Фелгенгауэр мегӯяд, Узбакистон ҳеҷ гоҳ хостори ин нест, ки Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шомил шавад. Вале гуфтан мушкил аст, ки беҳбуди ахири равобити Тошканд бо ҳамсоягонаш дар ин пасманзар ба миён омада бошад. Аз сӯи дигар майли бештари Узбакистон ба сӯи қудратҳои ғарбӣ ва мавзеъгирии Ғарб дар баробари иттиҳоде, ки президенти Русия Владимир Путин сохтан мехоҳад, мумкин аст, ақидаеро ба миён орад, ки Тошканд дар мавзеъгириҳои худ танҳо амал намекунад.

Сайфулло Муллоҷонов
Сайфулло Муллоҷонов

Вале Сайфулло Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, Узбакистону Тоҷикистон бо Русия мушкилии ҳамкорӣ надоранд. Ҳамкориҳо озод аст, вале агар Узбакистон ё Тоҷикистон нахоҳанд, ки ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дароянд, ин мушкили Русия аст ва дар сурати беҳбуди муносибатҳо Узбакистон наметавонад Тоҷикистонро ба худдорӣ аз узвият дар ин созмон ташвиқ кунад. Аммо ӯ эътироф мекунад, ки “ин мушкилоти дохиливу хориҷии Русия аст, зеро ин империяи бузурги таърихӣ то андозае пир шудааст ва то ҳол натавонистааст дар сисёсати хориҷиаш таҷдиди назар кунад. Кишварҳое, ки дар гузашта зери итоаташ буданд, ҳоло кишвари мустақил ҳастанд ва ин воқеиятро Русия намехоҳад бипазирад”.

Муллоҷонов меафзояд, Узбакистон медонад, ки аз даромадан бо созмонҳое бо ширкати Русия истиқлолаш камрангтар мешавад. Вале Тоҷикистону Қирғизистон аз лиҳози рушди иқтисодӣ дар ин мавқеияту сатҳ нестанд ва ҳанӯз ба худкифоӣ нарасидаанд. "Ба ин далел онҳо ночор зери бори Русия хоҳанд рафт."

Пӯлод Охунов, таҳлилгари умури сиёсии узбаки муқими Шветсия ва намояндаи порламони вақти Шӯравӣ мегӯяд, Узбакистон дар мавриди узвият дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ба Тоҷикистон таъсире расонда наметавонад. Вале вай пешгӯӣ мекунад, ки “ин созмон дурнамои пойдор нахоҳад дошт ва бо рафтани Владимир Путин аз мақом ва бо рафтани сиёсатмадорони миллатгаро аз раҳбарӣ дурнамои он тира мешавад, зеро барои Осиёи Марказӣ беҳтарин гузинаи устувории вазъ ҳамкории Узбакистону Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам хоҳад буд. Ин се кашвар метавонанд ба эътилофи минтақаии ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ поя гузорранд, онро эҳё ва чун як нируи сиёсии минтақа муаррафӣ кунанд.”

Андешаи таъсиси як иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд соли охир аз тарафи чанде аз намояндагони сиёсату фарҳанги минтақа садо медиҳад, аммо Фелгенгауэр ба ташкили чунин эътилофи ҳамсояҳо дар Осиёи Марказӣ ва ба беҳбуди комили муносибатҳои миёни Узбакистону Тоҷикистон ва устувории он дар оянда бовар надорад, ҳарчанд аз сӯи дигар ҳамин нармиш ва одӣ шудани робитаи байни онҳоро "сароғози муносибатҳои хуб" меномад.

XS
SM
MD
LG