Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Бадахшон даргириҳоро ба тарҳи Роҳи Абрешим рабт медиҳанд


Намое аз шаҳри Файзобод --маркази вилояти Бадахшони Афғонистон.

Намое аз шаҳри Файзобод --маркази вилояти Бадахшони Афғонистон.

Муовини раиси вилояти Бадахшони Афғонистон дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар мавриди вазъияти ахир дар минтақаи ҷангзадаи Ҷурми ин вилоят сӯҳбат кард.

Доктор Гулмуҳаммад Бедор, муовини раиси вилояти Бадахшони Афғонистон дар мусоҳибаи ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки беш аз 400 тан аз ҷангҷӯёни кишварҳои Осиёи Миёна дар дараи Хустаки вулусволии Ҷурми ин вилоят ҳузур доранд, ки шуморе аз ин ҷангиён хонаводаҳояшонро низ ба ин минтақа интиқол додаанд. Ба гуфтаи ин масъули афғон, мавҷудияти ин гурӯҳҳои таҳдиди ҷиддӣ барои вилоятҳои шимолии он кишвар аст ва эҳтимол дорад, ки аз ин ноҳия кишварҳои Осиёи Миёни низ мавриди таҳдид қарор бигиранд.

Оқои Бедор мегӯяд, ки ҳоло мухолифони мусаллаҳи ва ҷангҷӯёни хориҷӣ дар вулусволиҳои ноамнӣ ин вилоят ҷавонони бекори Бадахшон ва ҷавонони бетаҷриба ва камсину соли вилоятҳои дигарро ба сафҳои худашон ҷалб менамоянд: "Бадахшон дарвозаи вилоятҳои шимол аст. Ин, ки мо бисёр дод мезанем, Бадахшонро ором кунед, ки ин мисли донаи саратон реша мекунад. Билохира решааш ба вилоятҳои Тахор, Қундуз, Бағлон, Самангон, Мазори Шариф, Ҷузҷон, Форёб ба тамомии нуқот меравад ва ҳоло аз ин нуқта дар ҳоли рафтан ҳам ҳаст."

Муовинин сарпарасти вилояти Бадахшон аз фаъолияти тахрибкоронаи аҳзоби бунёдгарои исломии кишварҳои Осиёи Миёна, чеченҳо, Ҳаракати исломии Узбакистон, ӯйғурҳои Чин, шаҳрвандони Қазоқистон ва Қирғизистону Тоҷикистон дар ин вилоят ибрози нигаронӣ кард. Вай мегӯяд, ки бояд дар зудтарин фурсат пеши фаъолиятҳои мухолифони мусаллаҳи давлат, ба хусус ҷангҷӯёни хориҷӣ дар вулусволии Ҷурм ва минтақаҳои дигари ин вилоят гирифта шавад.

Гулмуҳаммади Бедор

Гулмуҳаммади Бедор

Вай мегӯяд, ки "агар тадбирҳои ҷиддӣ барои решакан сохтани ин террористон гирифта нашавад, мутмаин ҳастам, ки Ҷурм ҳам суқут мекунад ва ҳангоме, ки Ҷурм суқут кунад, чаҳор вулусволии дигар ҳам ҳамроҳаш суқут мекунанд ва Карону Мунҷон ҳам суқут мекунад, ки дар онҷо маъдани лоҷувард ҳам вуҷуд дорад ва мухолифони мусаллаҳи давлат бо истифода аз роҳи Тӯпхона ба Покистон озода рафтуомад хоҳанд кард."

Гулмуҳаммад Бедор илова кард, гарчи нерӯҳои марзбонӣ дар сарҳадҳо вуҷуд дорад, аммо ҷангҷӯёни хориҷӣ аз роҳҳои душворгузар аз хоки Покистон вориди Бадахшон мешаванд.

Ин ки омили аслии номаниҳо дар Бадахшон чист, Абдулло Ноҷӣ Назарӣ, раиси Шӯрои вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бунёди Роҳи абрешим ва васл шудани Афғонистон ба Чин ва кишварҳои Осиёи Миёна ва дигар кишварҳо, зоҳиран қобили пазириш барои бархе аз кишварҳои минтақа нест ва мехоҳанд, ки бо ҷобаҷо кардани ҷангҷӯёни хориҷӣ, доманаи танишҳоро дар вилоятҳои шимолӣ суръат бахшанд ва ҳамчунон кишварҳои Осиёи Миёнаро мавриди таҳдид қарор бидиҳанд.

"Шоҳроҳи Абрешим ва мавқеияти стратегии Бадахшон, ки бо кишварҳои Чин, Покистон ва Тоҷикистон сарҳад дорад, ҳамин авомил боис шудааст, ки дар ин вилоят сармоягузорӣ кунанд. Покистон намехоҳад, ки Роҳи абрешим асфатпӯш ва Афғонистон бо Чин васл шавад. Ва касони дигар ҳам дар дохил ҳастанд, ки талош доранд вазъро хароб кунанд."

Ба гуфтаи масъулони маҳаллии Бадахшон, дар ояндаи наздик як полки артиши миллии он кишвар дар ин вилоят ба ҳадафи саркӯбии мухолифон ва ҷангҷӯёни хориҷӣ мустақар мешавад, ки дар он сурат пеши рафтуомади онҳо аз Покистон гирифта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG