Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пештар гург гӯсфанд мехӯрд, ҳоло одам"


Озодамоҳ Саиднуруллоева
Озодамоҳ Саиднуруллоева

Озодамоҳ Саиднуруллоева яке аз шаш сокини ноҳияи Шуғнон аст, ки мавриди ҳамлаи гургҳо қарор гирифта, аммо ҷон ба саломат бурд. Ҳоло ӯ бо захми дасту гардан дар таҳти назорати табибон аст.

Холаи Озодамоҳ, ки дар остонаи 90-солагист, гуфт, "пештар гург гӯсфанд хӯрд, говро хӯрд, вале одам нахӯрд. Ҳозир одам мехӯрад, маро хӯрд."

Вай нақл кард, ки сапедадам пеш аз адои намоз барои таҳорат аз хона берун шуд, аммо гург дар остонаи хона ба вай дарафтода, ба масофаи чанд метр аз пасаш кашонд. Тасодуфан ҳамсояҳо, ки дар ин вақт дар ҳавлиашон машғули рӯфтани барф будаанд, аз ҳодиса хабар ёфта, бо доду фарёд ба имдодаш шитофтанд ва гург ӯро раҳо карда гурехтааст.

Сарпизишки бемористони деҳаи Навобод Уктамбек Темурбеков ҳолати беморро вазнини миёна арзёбӣ намуда гуфт, ки гург аз дасту гардани холаи Озодамоҳ газида, дандонҳояш ба пӯсту гӯшт даромаданд, вале ба устухон нарасидаанд. Вай баён дошт, ки "хавфи сироят шудан нест ва пас аз як-ду ҳафтаи табобат бемор шифо меёбад. Агар ҳодисаи ҳамлаи гургҳо ба одамон идома ёбанд, хафви паҳншавии бемориҳои сироятӣ вуҷуд дорад."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00
Линки мустақим


Сокинони деҳаҳои Сижд ва Риваки ҷамоати деҳоти Навобод мегӯянд, ҳуҷуми гургҳо онҳоро ба таҳлука андохта, онҳо барои дифоъ аз хеш бо белу каланд ва панҷшоха мусаллаҳ шуданд, зеро мақомоти қудратӣ ҳатто охирин милтиқҳои шикориашонро, ки аз бобоёнашон мерос монда буданд, мусодира карданд. Дар қатори ҷабрдидагон аз ҳамлаи гургҳо модари як шикорчӣ, ки қаблан дар деҳаи Сижд бо лақаби "аҷали гург" шӯҳрат дошту акнун беяроқ мондааст, низ ном бурда мешавад.

Кормандони шӯъбаи корҳои дохила, ки ба мақсади "қир" намудани гургҳо ба маҳал фиристода шуданд, пас аз шикори бебарор боз ба ҷои хидматиашон баргардонда шуданд. Бинобар шикояти мардуми маҳал онҳо ба ҷойи пайгирӣ ва шикори гургҳо барои тарсондани ин ҳайвоноти ваҳшӣ ба ҳаво тир холӣ карда, сокинонро, ки ба субот ва оромӣ одат карданд, нороҳат сохтааанд.

Дар раёсати корҳои дохилаи вилоят гуфтанд, ки бо дархости идораи ҳифзи табиат ва раиси ҷамоати деҳоти Навобод як мутахассиси мусаллаҳро аз нав барои шикори гургҳо ба маҳал сафарбар карданд. Муовини сардори идораи ҳифзи табиати Бадахшон Фарҳод Мамадназарбеков изҳор дошт, ки шахсан ба амалиёти шикор роҳбарӣ мекунад ва бовар дорад, дар тӯли се рӯзи оянда гургҳое, ки сокинони деҳотро ба ҳарос овардаанд, "аз тири автомати Калашников ҷон ба ҷаббор хоҳанд супурд."

Озодамоҳ Саиднуруллоева
Озодамоҳ Саиднуруллоева
Ба гуфтаи масъулини Идораи ҳифзи табиати Бадахшон аз соли 2006-ум ба ин сӯ маблағгузорӣ нашудани барномаи ба танзим овардани саршумори гургҳо сабаби афзоиши саршумори ин ҳайвоноти дарранда ва ба омили таҳдид ба молу ҷони мардум табдил ёфтани ин ҷонвари ваҳшӣ гардидааст. Бо боришоти зиёди барф ва сардӣ гургҳо аз кӯҳу пуштаҳо поин шуда, ба чорво ва мардум ҳамла мекунанд. Муовини сардори идораи ҳифзи табиат афзуд, "аз як тараф мақомоти тафтишотӣ ҷудо намудани пулро барои шикори гург масрафи беҳуда мешумурданд, аз тарафи дигар дар суратҳисоби махсуси ноҳияҳо аз ҳисоби пардохтҳои экологӣ пул кам аст ва барои шикори гург ҷудо нашуд. Танҳо барои Мурғоб аз ҳисоби даромади шикори барраи Марко Поло 30 ҳазор сомонӣ барои шикорчиён ҷудо гардид."

Дар ҳамин ҳол, сокинони ҷамоати деҳоти Навобод бо нигаронӣ аз ҳамлаи пайдарпайи гургҳо ба мардум изҳор доштанд, ки агар гургҳо нобуд нашаванд, то обшавии барф ва кам шудани хатари ҳуҷуми гургҳо онҳо наметавонанд фарзандонашонро ба мактаб фиристанд. Рамазон Саидраҳмонов, сокини деҳаи Сижд гуфт, "Худоро шукр, давраи таътил аст, вагарна гург бачаҳоро мехӯрд."

Мутахассисон мегӯянд, дар даврони Шӯравии собиқ саршумори гургҳо бо истифода аз чархболҳо муайян ва ба танзим дароварда мешуд. Аммо солҳои зиёд аст, ки ҳайвоноти ваҳшӣ, ба ғайр аз барраи Марко Поло аз доираи баҳисобгирӣ берун мондаанд ва маълум нест, ки чӣ қадар гургҳо дар кӯҳу пуштаҳои Бадахшон дар ҷустуҷӯи сайд сайр доранд.
XS
SM
MD
LG