Пайвандҳои дастрасӣ

Афзудани бемориҳои ҳайвонот дар Хатлон ва зиёни рӯзафзуни онҳо ба сокинони вилоят


Қӯрғонтеппа

Мақомоти беҳдоштӣ аз таҳқиқи марги як сокини 12-солаи ноҳияи Ҷомии Хатлон ба натиҷае расиданд, ки ӯ бо иллати 6 моҳ қабл аз дандони як саги хиёбонӣ захм бардоштан ба ҳалокат расидааст. Дар зимн бештарин сокинони маҳаллаи нафари мақтул, ки дар манзили худ сагонро нигаҳбонӣ мекарданд, ба мақомоти байторӣ муроҷиат ва вазъи сиҳатии посбони манзили худро таҳқиқ карданд.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси иттилои озмоишгоҳи байтории Хатлон теъдоди ҳайвоноти гирифтори бемории девонагӣ ё ҳорӣ, сирояти ин беморӣ ва ҳатто ба ҳалокат расидани сокинони минтақа аз он афзоиш пайдо кардааст. Алимаҳмад Гулов, роҳбари озмоишгоҳи байтории Хатлон гуфт:

"Дар соли 2004 дар вилоят аз миёни беш аз 150 ҳайвоноти ташхисшуда панҷоҳу ҳашт гови гирифтори девонагӣ ва ё ҳорӣ кашф шуд. Нисбат ба соли 2003 бисту ду адад бештар кашф кардем. Дар семоҳаи аввали соли 2005 аллакай 13 сар ҳайвоноти гирифтори ҷунуни гов кашф шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се сар зиёд аст."

Оқои Гулов афзуд, аслан девонагӣ дар миёни саг, бахусус сагҳои хонагӣ маъмул аст, вале тайи солҳои ахир дар минтақа сироятшавии гов, гург, шағол, гурба ва ҳатто мушҳо ба вируси рабес, барангезандаи девонагии ҳайвонот низ афзоиш кардааст. Ин дар ҳолест, мегӯяд Алимаҳмад Гулов, тибқи омори расмӣ ҳамасола ҳудуди панҷ нафар сокини вилоят танҳо аз захми дандони сагҳои ҳорӣ ҷони худро аз даст медиҳанд:

"Бархе одамон пас аз газидани саги девона ба дармонгоҳ муроҷиат намекунанд ва ё пас аз каме табобат гирифтан фикр мекунанд, ки сиҳат шудаанд ва аз идомаи табобат даст мекашанд. Аммо давраи инкубатсионии ин беморӣ қариб то як сол идома мекунад."

Дар ҳамин ҳол, Нисо Шарипова, роҳбари барномаи беҳдоштии созмони АКТЕД дар Хатлон гуфт, бар асоси таҳқиқоти онҳо бемории ҳорӣ миёни сокинони вилоят низ афзоиш кардааст, ки иллати аслии он захмӣ гаштани инсон аз ҳуҷуми ҳайвон мебошад. Ӯ афзуд, дар бештарин маворид ба нафари захмӣ, ки оқибати фоҷиабор ба ҳаёташ таҳдид мекунад, бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир мешавад:

"Беморӣ се давраи инкишоф дорад, пешхабарӣ ё ин ки депрессия, ошуфтагӣ ва фалаҷ. Дар давраи пешхабарӣ ҷойи газидаи ҳайвон сӯзиш ва хориш мекунад. Бемор ошуфтахотир ва андӯҳгин мегардад ва бехобӣ мекашад. Ин давра як-ду рӯз тӯл мекашад. Дар давраи ошуфтагӣ дар бемор хислатҳои обтарсӣ ва ё гидрофобия, ҳавотарсӣ ё ки аэрофобия, тундмиҷозӣ ба вуҷуд меояд. Бемор ҳангоми об хостан ва ё ба лаб бурдани пиёлаи об бехуд мешавад ва нафасгириаш ҳатто қатъ мегардад. Минбаъд чунин ҳолат ҳатто ҳангоми шунидани садои об ва шунидани номи об ба вуҷуд меояд."

Ин дар ҳолест, ки Алимаҳмад Гулов, роҳбари озмоишгоҳи байтории Хатлон мегӯяд, феълан дар вилоят гурӯҳҳо вижаи боздошт ва маҳвкунандаи ҳайвоноти бемор, бахусус сагҳо амал намекунад. Ҳамчунин сокинон дар бештарин маворид ҳайвоноти худро бе назора мегузоранд. Ба эътиқоди ӯ мушкили дигар дар мавриди зиёд гаштани девонагӣ ва ҳамчунин вируси бемориҳои сироятӣ афзоиши теъдоди мушҳо дар манзил ва маҳалли зисти сокинони Хатлон аст:

"Яке аз омилони тавсиаи бемориҳои сироятӣ ин мушҳо ҳастанд. Онҳо ба ғизо, орду дигар лавозимоти сокинон даҳон мезанад ва ё даруни онҳо мегарданд. Брутселниатом як навъи бемории брутселёз аст, ки дар миёни ҳайвонот ва одамон мушоҳида мешавад ва паҳнкунандаи он мушҳо ҳастанд. Бемории дигар лептеспроз ва ё зарбода ҳам бештар таввасути мушҳо паҳн мешавад. Дар ноҳияи Балҷувон ва Данғара ҳодисаҳое буданд, ки мушҳои бемор дар чашмаҳо афтодаанд ва чорвову одамони аз оби он истифода бурда гирифтори зарбода шуданд."

Оқои Гулов мегӯяд, муш барангезандаи 12 номгӯи вируси бемориҳои сироятӣ дар вуҷуди инсон ва ҳайвонот мебошад. Ва ба гуфтаи ӯ, озмоишгоҳи байтории Хатлон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз хуруҷи бемориҳои сироятӣ дар миёни ҳайвонот ва маҳви ҷонварҳои махуф, бо шумули мушҳо ба тавлиди маводи кимиёвӣ шурӯъ кардааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG