Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориш: "Тоҷикистон манбаи қочоқи инсон боқӣ мондааст"


Давлати Амрико мегӯяд, Тоҷикистон ҳамчунон як манбаи қочоқи инсон боқӣ мондааст ва дар ин миён бештар аз ҳама занон осебпазиранд.

Дар гузориши тозаи вазорати умури хориҷии Амрико дар бораи мубориза бо қочоқи инсон дар соли 2014 омадааст, ки муҳоҷирати зиёди корӣ, марду зан ва кӯдакони тоҷикро ҳарчӣ бештар дар баробари истисмору сӯистифода ва аз ҷумла истисмори ҷинсӣ осебпазир кардааст. Дар ин гузориш, ки рӯзи 20-уми июн нашр шуд, омадааст, мардони тоҷик дар сохтмонҳои Русия истисмор мешаванд ва занону кӯдаконро низ дар кишварҳои арабӣ, Русия, Қазоқистон ва Афғонистон ва дар дохили худи кишвар ба танфурӯшӣ маҷбур мекунанд. Занони тоҷикро умдатан аз тариқи Русия, Қирғизистон ва Озарбойҷон ба хориҷ барои танфурӯшӣ мебаранд.

Бар тибқи ин гузориш соли 2013 –ум гузоришҳо дар бораи рабудани занону духтарони тоҷик ва бо ҳадафи издивоҷи маҷбурӣ ба Афғонистон бурдани онҳо зиёд шудааст. Умдатан он заноне осебпазир ҳастанд, ки расман аз шавҳари худ ҷудо шудаанд ва ё шавҳаронашон ба Русия рафта онҳоро танҳо гузоштаанд. Дар ин гузориш омадааст, заноне, ки дар Тоҷикистон танфурӯшӣ мекунанд, мавриди истисмори ҷинсӣ қарор мегиранд. Азбаски танфурӯшӣ дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст, давлати кишвар барои коҳиши тақозо ба танфурӯшӣ, баъзе аз мардонеро, ки аз хидмати ин духтарон истифода мебаранд, ҷазо додааст.

Дар робита ба кори иҷбориву истисмор дар Тоҷикистон дар гузориши вазорати умури хориҷии Амрико омадааст, ки дар кишвар теъдоде аз кӯдакону калонсолонро маҷбур ба ҷамъоварии пахта мефиристанд, ки хилофи қонун аст ва онро метавон истисмор номид. Аммо давлати Амрико дар ин гузориш гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои муқобила бо қочоқи инсон талоши зиёде мекунанд, аммо бо вуҷуди ин талошҳо кори ҳукумати Тоҷикистон барои решакан кардани қочоқи инсон ба меъёрҳои ҳадди аққали мубориза бо ин зуҳуроти бад мувофиқ нест.

Бар тибқи гуфтаи муаллифони гузориши солона дар бораи қочоқи инсон дар соли 2014, Тоҷикистон соли 2013 барои муқовимат ба қоҷоқи инсон кӯшишҳояшро идома дод ва барои ин кор ҷазоҳои сахттар таъйин кард. Масалан бар тибқи моддаи 101-уми Кодекси ҷиноӣ барои истисмори ҷинсӣ ва истисмори меҳнатӣ дар Тоҷикистон 15-соли зиндон ҷазо таъйин шудааст. Ҳамчунин дар кишвар махсус барои “ғуломдорӣ” ҷазо таъйин карданд ва ҳам барои порнографияи кӯдакона, ки дар қонунҳои қаблӣ возеҳ набуд. Дар соли 2013 дар Тоҷикистон чаҳор парвандаи ҷиноӣ дар робита ба қоҷоқи инсон боз шуда ва як занро барои “ҷалби одамон барои истисмор” 9 сол зиндонӣ кардаанд. Дар он соли ҳукумат 17 нафарро ҳамчун қурбонии қоҷоқи инсон сабт карда ва номи онҳоро барои кӯмак гирифтан ба Созмони Байналмилалии Муҳоҷират додааст.

Давлати Амрико барои маҳви қочоқи инсон аз Тоҷикистон ба ҳукумат тавсия додааст, меъёрҳои мушахасси ташхиси қурбониёни қочоқи инсонро таҳия кунад, ба онҳое, ки аз истисмору сӯистифода ранҷ кашидаанд, кӯмак расонад ва кори ниҳодҳои муборизакунанда бо қоҷоқи инсонро беҳтар ҳамоҳанг созад.
XS
SM
MD
LG