Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ниҳодҳои умури дохилии Ӯзбакистон Сайëра Ҳоҷиеваро дар ҳоле боздошт кардаанд, ки мехост гурӯҳи нави занону духтаронро барои танфурӯшӣ ба Дубай барад.

Сайëра Ҳоҷиева ба ҳар вилояти Ӯзбакистон, ки сафар мекард, он ҷо занону духтарони зеборо меҷуст. Вай мегуфт, вазифааш ин аст, ки барои тарабхонаҳои панҷситораӣ дар Дубай пешхидмат пайдо кунад. Бештар духтарони ҷавонро интихоб мекард ва ба онҳо мегуфт, барояшон шароитеро фароҳам хоҳад овард, ки рӯзона дар беҳтарин донишгоҳҳо хонанд ва шабона дар ресторанҳо кор карда, музди калоне гиранд, ки на танҳо харҷи худи онҳоро пӯшонад, балки падару модарони онҳоро таъмин кунад ё пасандози хубе барои зиндагии ояндаашон шавад.

Дурӯғ будани ваъдаҳои афсонавии ин зани далларо занону духтарон замоне мефаҳмиданд, ки дар кишвари бегона шиносномаи онҳо гирифта мешуд ва худашон мисли асир ва ғулом зиндагӣ мекарданд.

Полиси Ӯзбакистон замоне дар пайи Сайëра Ҳоҷиева афтод, ки чанд зани ихроҷшуда аз Дубай дар бораи ӯ ба мақомот хабар доданд. Полис зидди ин зан парвандаи ҷиноӣ боз карда, талош дорад, шарикони ӯро боздошт намояд.
Яке аз қурбониёни қочоқи инсон дар Дубай, бо номи Лола (номи тағйирёфта) ба Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, шумораи «мама Роза»-ҳое монанди Сайëра Ҳоҷиева дар Дубай, Шарҷа ва Абу Дабӣ кайҳост ба даҳҳо нафар расидааст ва ҳар кадоми онҳо моҳе то 5 духтарро ба ин ҷо интиқол медиҳанд. Лола мегӯяд, яке аз онҳо, ки аз Бухорост, чанд сол пеш бо ваъдаи кор ва даромади хуб ӯро ба Дубай овард. Дар ин ҷо ҷавони самарқандие бо номи Бобур шиносномаи духтаронро гирифта, онҳоро ба фоҳишагарӣ маҷбур кардааст. Вай шарт гузоштааст, ки ҳар зан бояд барояш 30 ҳазор доллар кор кунад ва танҳо он вақт ҳар кас даромадашро худаш хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи Лола, вай ва як духтари дигар аз манзили иҷораи Бобур гурехтаанд, аммо баъд аз чанд соат ин шахс онҳоро пайдо ва боздошт кардааст. Вай меафзояд: «Онҳо дар Дубай ва ҳам Ӯзбакистон ҳомиёни тавоно доранд ва касе зидди онҳо коре карда наметавонад.»

Лола ҳамчунин гуфтааст, ҳоло дар Имороти Муттаҳидаи Араб садҳо шаҳрванди Ӯзбакистон кору зиндагӣ мекунанд. Даҳҳо зану духтар дар ресторану нонвойхонаҳотё ҷойҳои дигар кор мекунанд ва зиндагии поку озода доранд. «Аммо ба камияш 70 дарсади занону духтароне, ки аз Ӯбакистон омадаанд, маҷбурӣ ё ихтиёрӣ бо танфурӯшӣ машғуланд. Баъзе аз духтарон бо муштариёни худ издивоҷ карда соҳиби оилаву фарзанд ҳам шудаанд.»

Ҳамсӯҳбатони дигари Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ҳамзамон зану духтароне ҳам ёфт мешаванд, маҳз бо мақсади танфурӯшӣ ва ба даст овардани пул ба Имороти Муттаҳидаи Араб омадаанд. Аммо онҳо низ гирифтори ситами даллаҳо шудаанд, зеро даллаҳо «ҳаққи хидматашон»-ро барояшон намедиҳанд ва бо онҳо бадрафторӣ мекунанд. Духтароне, ки ба ғуломони саноати фаҳшо табдил ёфтаанд, наметавонанд, аз ин ҳалқа берун шаванд ва гоҳе аз зулми зиёд даст ба худкшӣ ҳам мезананд.

Чанде пеш як сокини вилояти Хоразми Ӯзбакистон худро аз бинои баландошёна поин партофт ва ҳалок шуд. Азбаски ҳеч кас омода нашуд, харҷи интиқоли ҷасадро пардозад, ӯро дар қабристони маҳаллӣ дафн карданд.

Дубай дар даҳ соли охир ба яке аз марказҳои ҷалби занону духтарони Осиёи Марказӣ ба танфурӯшӣ табдил ёфтааст. Ним сол пеш як хонуми тоҷик дар Додгоҳи ҷиноии Дубай ба робитаҳои ғайришаръӣ айбдор мехонанд. Ба навиштаи расонаҳои чопи Дубай, хонуми 40-солаи тоҷик, ба танфурӯшӣ айбдор шуд. Ба маълумоти консулгарии Тоҷикистон дар Дубай, ҳоло дар Иморотии Муттаҳидаи Араб зиёда аз 2000 тоҷик зиндагӣ мекунанд ва байни онҳо бонувоне низ ҳастанд, ки даст ба танфурӯшӣ задаанд.

Моҳи феврал Додгоҳи Хуҷанд як зани 35-соларо барои қочоқи занон барои танфурӯшӣ дар Дубай ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар гузориши Вазорати корҳои хориҷӣ аз манбаъ ва гузаргоҳҳои қочоқи инсон шумурда шуда, талоши онҳо дар мубориза бо қочоқи инсон ғайрикофӣ унвон мешавад. Вазорати умури дохилии Гурҷистон рӯзи 4 июн хабар дод, ки дар ин ҷо як хонуми 40-солаи тоҷик бо иттиҳоми қочоқи занон дастгир шудааст.
XS
SM
MD
LG