Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳи Чину Эрон ба тарҳи пуриддаои ТАТ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати иқтисоди Туркманистон мегӯяд, ба тарҳи роҳи оҳани ТАТ (Туркманистон –Афғонистон – Тоҷикистон) Чину Эрон ва Қирғизистон ҳам таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд.

Дар як матлаби таҳлилие, ки Пажӯҳишгоҳи барномарезии стратегии ин вазорат омода кардааст, гуфта мешавад, ки коридори ТАТ барои манофеъи стратегиву сиёсӣ ва иқтисодии ҳамаи кишварҳои узв аҳамияти бузург дорад ва “дар оянда Чину Эрон ва Қирғизистон низ метавонанд ба ин тарҳ бипайванданд.” Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё ин се кишвар ба чӣ сурате таваҷҷӯҳи худро ба тарҳи ТАТ зоҳира карда ва дар дар оянда дар кадом шакл метавонанд ба ин тарҳи пуриддаои минтақавӣ ҳамроҳ шаванд?

“Ин шабакаи ояндаи роҳҳои оҳан на танҳо кишварҳои минтақаро ба ҳам мепайвандад, балки дастрасии онҳо ба бозорҳои кишварҳои дуртарро низ таъмин хоҳад кард. Мавҷудияти чунин роҳҳо ба кишварҳои дар умқи қора дармондаву бунбастии Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, то зарфиятҳои иқтисодии худро ба сурати комил амалӣ гардонанд,” – гуфта мешавад дар ин таҳлили пажӯҳишгоҳи давлатии Туркманистон.

Расми ифтитоҳи бунёди ин роҳи оҳани муҳими минтақавӣ рӯзи 5 июн дар канори шаҳри Отамуроди вилояти Лебап(Лаби Об, Чорҷӯи собиқ)-и Туркманистон бо ширкати руасои ҷумҳуриҳои Туркманистону Афғонистон ва Тоҷикистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Ҳомиди Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон доир шуд.


Тарҳи ТАТ
Тарҳи ТАТ
Қисмати туркманистонии ин роҳи оҳан 88 километр тӯл дошта, аз истгоҳи Отамурод то Имомназар ва аз онҷо то истигоҳи Оқина дар Афғонистон кашида хоҳад шуд. Туркманистон гуфтааст, қисмати марбут ба худашро то моҳи июни соли 2015 ба анҷом расонад, қисмати афғонистонии ин роҳро низ хоҳад сохт.

Пажӯҳишгоҳи барномарезии стратегии вазорати иқтисоди Туркманистон дар таҳлилаш мегӯяд, тарҳи ТАТ ҳамроҳ бо тарҳи дигари роҳи оҳани Шимол-ҷануб, ки дар иҷрои он Туркманистон бо Эрону Қазоқистон саҳм мегиранд, коридорҳои нав байни Осиёи Марказӣ ва бозорҳои ҷаҳонӣ аз тариқи бандарҳои ёнуси Ҳиндро фароҳам оварда, харитаи ҷаҳонии ҳамлу нақли коло ва масирҳои тиҷоратро дар минтақа комилан дигар хоҳад кард. Бино ба ҳисобҳо, ин ду шабакаи ҷадиди солона аз Чин то Аврупову аз Афғонистон то Русия ва дар масирҳои дигар солона то 25 миллион тонна борро таҳвил хоҳад дод.

Тарҳи ТАТ, ки бунёди роҳи оҳан аз Туркманистон то Тоҷикистон аз тариқи қаламрави Афғонистонро дар назар дорад, дар сурати сохта шуданаш, нахустин роҳи оҳани алтернативие мешавад, ки кишварҳои шимолро бидуни убур аз қаламрави Ӯзбакистон ба Афғонистон мепайвандад. Тоҷикистон баъди бунёди ин роҳ аз вобастагии феълан саддарсадиаш аз ширкати “Узбек темир йӯллари” раҳо хоҳад ёфт.

Тарҳи мазкур ба Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) тааллуқ дошта, таҳти роҳбарии Бонки Осиёии Рушд дар моҳи октябри соли 2012 омода шудааст. Дар ҷашни Наврӯзи Ишқобод раҳбарони Туркманистону Тоҷикистон ва Афғонистон санадеро дар бораи омодагии кишварҳои худ ба имзо расонданд. Ишқободу Кобул сари сохтмони роҳи оҳан аз Оқина то Андхуй низ ба тавофуқ расидаанд. Аммо масири қисмати марбут ба Тоҷикистони ин роҳи оҳан ва ҳамин тавр, тӯли ин масир дар қаламрави Афғонистон ҳанӯз мушаххас ва ниҳоӣ нашудааст.



Низом Ҳакимов
Низом Ҳакимов
Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар авоили моҳи июн ба Радиои Озодӣ гуфт, кишвараш пешорӯи интихоби яке аз се масир қарор дорад ва ҳанӯз ба хулосае нарасидааст: “Ин ҳама вариантҳоро мо ба баррасӣ гирифтаем ва инро меомӯзем, ки кадоме аз онҳо аз нуқтаи назари иқтисодӣ, фаннӣ ва дигар ҷанбаҳо қобили қабул аст. Мутахассисони мо кор мекунанд. Бояд саросема нашавем. Ҳоло фақат ҳусни тафоҳум вуҷуд дорад, яъне роҳбарон гуфтаанд, ки бояд созем. Дар ҳоли ҳозир, ҳамин қадар тасмим гирифта шудаасту халос.”

Се масире, ки вазорати нақлиёти Тоҷикистон баррасӣ мекунад, аз ҳам тавофути зиёд доранд. Масири аввал ва тӯлонитарин Колхозобод – Дӯстӣ – Панҷи Поён дар сарҳади Тоҷикистон, сипас тариқи Шерхон Бандар – Қундуз – Хулм – Мазори Шариф – Шибирғон – Андхуй – Оқина дар марзи Афғонистон ва Имомназар – Отамуроди қаламрави Туркманистонро дарбар мегирад ва тақрибан 635 километр тӯл мекашад. Масири дуввум танҳо Айваҷи Тоҷикистонро дарбар мегирад ва аз он ҷо ба Тагонгузар расида, масири қаблиро такрор мекунад. Он 445 км тӯл дорад. Масири сеюм ва кӯтоҳтарин, ки 160 километр тӯл хоҳад дошт, аз Бешкенти Тоҷикистон шурӯъ шуда, аз Калдор ва Хайратони Афғонистон мегузарад ва то Келифи Туркманистон мерасад.

Иддае аз коршиносон таъхир дар интихоби яке аз ин масирҳо аз сӯи Тоҷикистонро ба он рабт медиҳанд, ки Душанбе мехоҳад вобастагаии масиир нав аз таъсири манфии Ӯзбакистонро ҳаддалимкон коҳиш диҳад, бахусус бо таваҷҷӯҳ ба инки вилоятҳои воқеъ дар қади ин масир дар Афғонистон асосан узбакнишинанд ва таҳти таъсири қобили мулоҳизаи Тошканд қарор доранд.

Дар ҳар сурат, дар ҳоли амалӣ шудани ин тарҳ Тоҷикистон ба аввалин роҳи оҳане дастрасӣ пайдо хоҳад кард, ки ин кишвари бунбастии Осиёи Марказиро бидуни убур аз Узбакистон ба Афғонистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Русияву Аврупо васл мекунад. Ва Тоҷикистон, ба бовари ҳам мақомот ва ҳам коршиносон, ба яке аз се афзалияти давлатиаш – баромадан аз бунбасти нақлиётӣ – дасти бештар хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG