Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шайхи Ал-Азҳар: Ҷангиёни "Давлати исломӣ" ҷинояткоранд


Донишгоҳи Ал-Азҳар дар Қоҳира
Донишгоҳи Ал-Азҳар дар Қоҳира

Шайх Аҳмад Таййиб, раҳбари донишгоҳи Ал-Азҳар, маъруфтарин бунгоҳи таълимии Исломи суннӣ гурӯҳи мусаллаҳи "Давлати исломӣ"-ро ҷинояткор эълон кард.

Шайх Аҳмад Таййиб, раҳбари донишгоҳи Ал-Азҳар, умдатарин маркази таълимии Исломи суннӣ, рӯзи 8-уми сентябр дар Қоҳира гуфт, ки “ин ҷинояткорон тавонистанд як тасвири тира ва нигаронкунандаеро аз мусалмонҳо ба оламиён пешниҳод кунанд."

Раҳбари донишгоҳи Ал-Азҳар гурӯҳи мусаллаҳи "Давлати исломӣ"-ро ҷинояткор эълон кард ва гуфт, ки онҳо барои хароб кардани ҷаҳони Араб тавтеаи “саҳюнистҳо”-ро иҷро мекунанд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" рӯзи 8-уми сентябр ду худравро дар шаҳраке дар шимоли Бағдод, ки ба ин гурӯҳ муқовимат дошт, мунфаҷир кард. Ин таркишҳо дастикам 10 нафарро кушта бар ҷой гузошт. Шаҳраки Дилуя дар авоили тобистони соли равон ҳудуди ду рӯз таҳти назорати гурӯҳи мусаллаҳ қарор дошт. Талоши дуввуми ишғоли шаҳр аз тарафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар моҳи гузашта ба нокомӣ анҷомид.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама гуфт, ки рӯзи 10-уми сентябр стратегияи Амрикоро дар робита ба саркӯб кардани ин гурӯҳи мусаллаҳ эълон хоҳад кард. Обама рӯзи гузашта ҳам гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида иқтидори гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро ба таври муназзам коҳиш хоҳад дод. Эълони Обама дар рӯзе пахш шуд, ки Амрико барои аввалин бор ҳуҷумҳои ҳавоияш алайҳи ин гурӯҳи чирикиро дар ғарби Ироқ густариш дод.

Ҳамлаҳои тоза асосан ҷангиёнеро ҳадаф гирифтаанд, ки нерӯҳои давлати Ироқро дар минтақаи стратегии обанбори Ҳадиса, воқеъ дар вилояти Анбор дар муҳосира қарор додаанд.

Дар ин миён Лигаи Араб қавл дод, ки бар зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз ҳар тадбири зарурӣ кор хоҳад гирифт. Вазирони хориҷии кишварҳои узви Лигаи Араб рӯзи 7-уми сентябр аз қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи гузашта тасвиб шудааст, пуштибонӣ карданд. Дар ин қатънома аз кишварҳои узв даъват шудааст, ки барои пешгирӣ аз ҷорӣ шудани мавҷи ҷангиёни хориҷӣ, сармоягузорӣ ва кӯмакҳои дигар ба гурӯҳҳои исломии ифротӣ дар Сурия ва Ироқ дастбакор шаванд.

Гурӯҳи мусаллаҳи "Давлати исломӣ", ки дар соли равон аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуд, қисматҳои бузурги шимолу ғарби Ироқ ва ҳамчунин бахшеро дар Сурия таҳти назорат дорад.

XS
SM
MD
LG