Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати як "амир"-и тоҷик дар Сурия


Манзили фақиронаи хонаводаи Бобоҷон Қурбонов дар шаҳри Кӯлоб

Манзили фақиронаи хонаводаи Бобоҷон Қурбонов дар шаҳри Кӯлоб

Як тоҷики дигаре, ки хабари кушта шуданаш дар ҷангҳои Сурия ахиран дар Интернет нашр шуд, зоҳиран боз як зодаи шаҳри Кӯлоб аст. Наздиконаш мегӯянд, онҳо намедонистанд, ки Бобоҷон ба ҷанги Сурия рафтааст.

Нафаре бо лақаби “Абӯ Абдураҳмон Тоҷикӣ”, ки сомонаҳои марбут ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” хабари маргашро нашр кардаанд, зоҳиран сокини шаҳри Кӯлоб, ҷануби Тоҷикистон аст.

Ба навиштаи ин сомонаҳо, “Абӯ Абдураҳмон Тоҷикӣ” қабл аз кушта шуданаш ҳангоми ҳамла ба фурудгоҳи Табқа дар минтақаи Раққаи Сурия аз ҷониби амири “Давлати исломӣ” фармондеҳи гурӯҳ таъин шуда буд.

Аммо сокинони шаҳри Кӯлоб, ки акси ҷасади ӯро дидаанд, мегӯянд, “Абӯ Абдураҳмон Тоҷикӣ” зоҳиран Бобоҷон Қурбонов, сокини маҳаллаи Лоҳутии шаҳри Кӯлоб аст. Даврон Қурбонов, бародари Бобоҷон рӯзи 3 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз 26-уми август нафари ношиносе ба ӯ занг зада, онҳоро “табрик” кардааст, ки бародараш дар Сурия “шаҳид” шудааст ва хостаст, то “дар ҳаққаш дуо кунед.” Даврон мегӯяд, нафаре, ки бо онҳо тамос гирифт, бо забони тоҷикӣ сӯҳбат мекард ва зуд сӯҳбатро қатъ кард ва ӯ аз ин рӯ натавонистааст, ҷузъиёти ҳалокати бародарашро бифаҳмад.

Ӯ мегӯяд, бародараш барои кор ба Русия рафта буд ва касе аз аҳли хонавода то ҳамин хабари кушта шуданаш дар Сурия намедонист, ки ӯ аз Русия ба Сурия рафтааст. Даврон Қурбонов меафзояд, бародараш чандон шахси мазҳабӣ набуд, вале намедонад, ки чӣ тавр ӯро ба Сурия бурдаанд: “Гоҳ намоз мехонд ва гоҳ намехонд. Он қадар мазҳабӣ набуд ва дар масъалаҳои динӣ сӯҳбат ҳам намекард. Чанде буд, ки телефон намекард ва баъдан нафаре занг зада гуфт, ки дигар фикрашро накунед, мо ҳамин ҷо хокаш кардем.”

Даврон мегӯяд, бародараш маводи мухаддир истеъмол мекард ва боре ҳам барои раҳо шудан аз мӯътодӣ табобат гирифта буд. Аммо ангезаи аслӣ ва роҳҳои ҷалб шуданаш ба ҷанг дар Сурия барои ӯву наздиконаш номаълум боқӣ мемонад.

Дар хабаре, ки дар бораи марги “Абӯ Абдураҳмон Тоҷикӣ” нашр шудааст, гуфта мешавад, ки “ӯ аз рӯзи аввал мехост, дар амалиётҳо ширкат кунад, аммо амир ӯро посбони нигаҳдории амбори силоҳ мегузорад. Баъдан дар амалиёте дар сафи пеш ҷангида, маҷрӯҳ шуд. Аммо ҳангоми ҳуҷум ба фурудгоҳи Табқа амир ӯро бо хоҳиши худаш амир (раҳбари гурӯҳ) мегузорад. Дар даргирӣ ҳангоми ғасби фурудгоҳи Табқа ӯ кушта шуд.”

Кушта шудани ин сокини Кӯлоб дар ҳолест, ки раёсати корҳои дохилии ин минтақа аз боз шудани парванда алайҳи панҷ сокини ин шаҳр бо гумони ширкати онҳо дар ҷангҳои Сурия хабар додааст. Як шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо хоҳиши худ аз Сурия баргашта буд ва қаблан се нафари дигар дар ин минтақа бо иттиҳоми ширкат дар низои мусаллаҳонаи кишварҳои савум аз озодӣ маҳрум шуданд.

Бахтиёр Шеров

Бахтиёр Шеров

Бобоҷон Қурбонов дуввумин сокини шаҳри Кӯлоб аст, ки кушта шуданаш аз ҷониби наздиконаш тасдиқ мешавад. Қаблан хабари марги Бахтиёр Шеров, дигар сокини Кӯлоб низ нашр шуда буд. Аммо дар маҷмӯъ то кунун дар бораи ҳалокати дасткам 6 шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули 3 сокини Кӯлобд ва як зодаи Восеъ, дар ҷангҳои Сурия алайҳи раиси он ҷумҳурӣ Башор Асад сӯҳбат мешавад.

Ширкати Нусрат Назаров, сокини дигари Кӯлоб, ки гоҳ-гоҳ бо нашри наворҳои сӯҳбаташ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мешавад, низ дақиқ шудааст. Аммо дар бораи аксари тоҷиконе, ки дар ҷанги Сурия ширкат доранд, маълумоти дақиқе нест. Мақомоти тоҷик шумораи тоҷикон дар Сурияро наздики 200 нафар медонанд, аммо Нусрат Назаров, ҷавоне, ки бо нашри наворҳо ширкаташ дар ҷанги Сурияро тасдиқ мекунад, ҷангиён аз Тоҷикистон дар онҷо то ба 600 нафар мерасанд.

Бобоҷон Қурбонов, ки аз кушта шуданаш дар Сурия хабар расидааст, ба гуфтаи наздиконаш, 41 сол дошт ва аз ӯ 4 фарзанди ноболиғ боқӣ мемонад. Шоҳидони ҳол мегӯянд ва акси ҳавлии хонаводаи онҳо дар маҳаллаи Лоҳутии Кӯлоб ҳам ҳокист, ки онҳо зиндагии фақиронае доранд.

Ин мард то замони кушта шуданаш дар Раққаи Сурия ба сар мебурдааст. Минтақае, ки тибқи иттилои расонаҳои арабӣ, баъд аз ишғол шуданаш аз тарафи ҳаракати “Давлати исломӣ” як зодаи Тоҷикистон амири он таъин шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG