Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як намояндаи дигари олами ҷиноии Узбекистон зиндонӣ шудааст


Дар ҷараёни боздоштҳои дастҷамъӣ дар Узбекистон, ки панҷ моҳ пеш таҳти унвони "40 рӯзи зарбдор" сурат гиифта буд, яке аз соҳибнуфузони дигари олами ҷиноӣ дар ин кишвар боздошт ва зиндонӣ шудааст.

Манбаъҳои бахши узбекии Радиои Озодӣ дар додгоҳи шаҳри Тошканд гуфтанд, Лутфулло Умаров 6 солу 2 моҳ аз озодӣ маҳрум гаштааст.

Дар бораи зиндонӣ шудани Умаров то ҳол расман иттилоъ дода нашудааст. Пулиси Тошканд 25-уми декабри соли гузашта хабар дода буд, ки Умаровро боздошт кардааст.

Ба гуфтаи манбаъҳои радио, Умаров дар истеҳсол, нигаҳдорӣ ва фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳкор дониста шудааст.

Лутфулло Умарови 52-сола ҳамроҳи соҳибнуфузони дигари олами ҷиноии Узбекистон, аз ҷумла Бузрук Бузрукови 38-сола, Салим Абдувалиеви 73-сола, маъруф ба "Салимбойбача", Саидазиз Сайдалиев ва Бахтиёр Қудратуллоев, маъруф ба "Бахти Тошкандӣ" дастгир гашта буд.

Мушовири вазири корҳои дохилии Узбекистон Зокир Алматов 27-уми январи имсол гуфта буд, ки дар ҷараёни амалиёти "40 рӯзи зарбдор" беш аз 230 кас боздошт шуда, ҷазо гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG