Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ноҳияи Шаҳритус шахсеро, ки ба иттиҳоми ҷалби ҷавонони тоҷик ба Сурия ва роҳбаладии онҳо то Туркия боздошт шуда буд, ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳусейн Содиқов, сокини 30-солаи деҳаи "Ленинобод"-и ҷамоати Холматови ноҳияи Шаҳритус аз сӯи додгоҳи ин ноҳия барои ҷалби ҷавонон ба ҷангҳои Сурия, барои 18 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Баҳром Маҳмадназаров, як масъули додгоҳи ноҳияи Шаҳритус рӯзи 2 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ ду рӯз қабл тибқи моддаи 401-и кодекси ҷинои Тоҷикистон (ҷалб, таълим ё таъмини дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ) ҳукми худ дар нисбати Ҳусейн Содиқов эълон кард ва ӯро ба муддати 18 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон Содиқовро ҳанӯз дар моҳи марти соли равон ҳини бозгашт аз Маскав дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт карда буданд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, Ҳусейн Содиқов дар Туркия бо номи “Қорӣ Ҳусейн” шинохта мешуд ва яке аз вазифаҳои ӯ роҳбаладии ҷавонон ва харидани чиптаи ҳавопаймои хатсайри Истамбул будааст. Қорӣ Ҳусейн, ки асосан дар Маскав зиндагӣ мекардааст, пас аз боздошташ ба Қӯрғонтеппа интиқол ёфт ва зиддаш парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, ин шахс дар ҷалби чандин нафар ба ҷанги Сурия саҳм дошта, аз ҷумла барои шаҳрвандон Фаррух Зоҳиров, Диловар Қарахонов ва Парвиз Набиев чиптаи парвози Истамбулро харида, онҳоро дар 50 рӯзи “омӯзиш” дар масҷиди Имом Бухорӣ ва омодагӣ барои рафтан ба ҷанг дар Сурия ҳамроҳӣ кардааст.

Яке аз ин се ҷавони сокини Шаҳритус -- Парвиз Набиеви 24-сола, ки сентябри соли 2014 ҳамроҳи Қорӣ Ҳусейн ба Туркия рафта буд, пушаймон шуда, ба Тоҷикистон баргашт ва додгоҳ ӯро афв намуд. Вале сарнавишти ду шарики дигари ӯ рушан нест, ки онҳо аз Туркия ба Сурия рафтаанд ё на.

Парвиз Набиев яке аз ҷавонони деҳаи Ленинобод аст. Вай мегӯяд, бо даъвати Қорӣ Ҳусейн аз шаҳри Маскав ба Туркия рафтааст, аммо баъди 50 рӯзи “омӯзиш” пушаймон шуда баргашт. Парвизро, ки алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, ба хотири пушаймон шуданаш озод намудаанд. Ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ шаҳодат додааст, ки бо даъвати Содиқов ба Туркия рафтааст.

Толиб Ортиқов, вакили Қорӣ Ҳусейн ё Ҳусейн Содиқов рӯзи 2 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҳукми додгоҳ дар нисбати зерҳимояашро ғайримунсифона хонд. Ҷаноби Ортиқов афзуд, ки 18 сол барои як нафар, ки 4 фарзанди ноболиғ дорад, зиёд аст ва онҳо давоми рӯз ба Додгоҳи вилояти Хатлон аризаи кассатсионӣ пешниҳод мекунанд.

Ҳусейн Содиқов баъди фавти падараш аз соли 2009 ба муҳоҷирати корӣ ба Маскав рафта нахуст дар як корхонаи истеҳсолии қаламу коғаз кор мекард. Ӯ муддати ду соли ахир кирокаш ё таксирон будааст. Оишамо Содиқова, модари Ҳусейн Содиқов, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ду фарзанд дорад ва Ҳусейн ягона писар ва сардори хонавода буда ин хонавода аз пули фиристодаи ӯ зиндагиро пеш мебурд.

Оишамо мегӯяд, ки 93 сомонӣ нафақа мегирад ва намедонад зиндагияшро бидуни фарзандаш чӣ гуна мечархонад: “Ман як модари танҳою маризам, намедонам, дигар барои мо кӣ пул мефиристонад? Ҳамсараш бемор аст. Аз вақте шавҳарашро боздошт кардаанд, зуд-зуд беҳуш мешаваду меафтад.”

Зафар Ёрматов, мудири бахши ҷавонон варзиш ва ҷаҳонгардии ҳукумати ноҳияи Шаҳритус рӯзи 2 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки алайҳи зиёда аз 10 нафар ҷавонони ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, ки гӯё қасди сафари Сурияро доштаанд. Зафар Ёрматов гуфт, ки бо дастури раиси ноҳияи Шаҳритус, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз рафтани ҷавонон ба Сурия, гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст ва аъзои он бо мардум мулоқотҳо анҷом медиҳанд.

Мавзуи ифротӣ шудани ҷавонон ва сафари онҳо ба Сурия ва Ироқ дар чанд моҳи ахир дар вилояти Хатлон доғ шудааст. Тибқи иттилои мақомоти Хатлон, ҳоло ҳудуди 60 нафар ҷавонони ин вилоят ба “Давлати Исломӣ” пайвастаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG