Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия, аз он ки Тоҷикистон ҷанги солҳои 1941-45-ро ҷанги бузурги ватанӣ медонад, тавсиф ва аммо аз баъзе кишварҳо, ки онро ҷанги дувуми ҷаҳон медонанд, интиқод кард.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон бо тавсиф аз ҷоннисориҳо ва қаҳрамониҳои тоҷикон дар Ҷанги бузурги ватанӣ гуфт, ин кишвар аз амнтарин макон барои паноҳандагони замони ҷанг буд. Ӯ, ки 28 март дар як чорабинии бахшида ба 70-солагии хатми ҷанги бузурги ватанӣ сӯҳбат мекард, гуфт, дар Тоҷикистон даҳҳо беморхонаи ҳарбӣ буд, ки захмиёнро барои табобат ба ин ҷо меоварданд.

Фролов тавсиф кард, ки ҳукумати Тоҷикистон ва сокинони одии ин кишвар то ҳанӯз ҷанги солҳои 1941 то 1945-ро ҷанги ватанӣ мехонанд ва ба ширкатдорони он арҷ мегузоранд. Вале Игор Лякин-Флоров бо таассуф гуфт, дар бархе кишварҳои дигари пасошӯравӣ равандҳое шакл гирифтааст, ки Ҷанги бузурги ватаниро ба гунаи дигар ташвиқ мекунанд.

Ӯ гуфт: "Бо таасуфи бузург дар аксар кишварҳои собиқ Шӯравӣ равандҳои манфуре идома дорад, ки корнамоиҳои гузаштагон дар Ҷанги бузурги ватаниро нодида мегиранд. Мисли иваз кардани ибораи “Ҷанги бузурги ватанӣ” ба Ҷанги дуюми ҷаҳон. Дар кишварҳои назди Балтик ва Украина қаҳрамонсозӣ аз ҷинояткорони ҳарбӣ ва онҳое, ки

Игор Лякин-Фролов

Игор Лякин-Фролов

ба фашистҳо кумак мекарданд, ҷой дорад, ки ин аз доираи ақли солим ва мантиқ берун аст. Ин раванд фашизми навро эҳё мекунад. Мо инро ба хубӣ дарк мекунем, аммо мутассифона кишварҳои ғарб ба ин раванд вокуниши зарурӣ намекунанд.”

Бонги изтироби сафири Русия аз афзоиши фашизм дар Украина ва кишварҳои соҳили Балтик дар ҳолест, ки солона даҳҳо муҳоҷири тоҷик аз ҷониби тоссарҳои рус, ки ба Ҳитлер, раҳбари Олмони нозӣ ё фашистӣ пайравӣ мекунанд, кушта мешаванд. Ҳар 20-уми апрел ҷавонони руси пайрави ақидаҳои фашистӣ чанд ҷавони кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистонро қатл мекунанд ва дар ин рӯз аксар муҳоҷирон бинобар хатар ба ҷонашон дар хиёбонҳои шаҳрҳои Русия гаштугузор намекунанд.

Курнушко Владислав, раҳбари Маркази русии илм ва фарҳанги “Россотрудничество”, ки яке аз баргузоркунандагони ин маҳфил буд, гуфт, ҳар сеюмин сокини Тоҷикистони Шӯравӣ, ки он замон як миллион аҳолӣ дошт, ба ин ҷанг сафарбар шуда буданд ва тақрибан аксари онҳо дигар барнагаштанд. Ӯ гуфт, саҳми ҳеҷ як кишвари Шӯравии пешин дар ҷанг алайҳи фашизмро набояд нодида гирифт ва қаҳрамониҳои иштирокдорони ин ҷангро тариқи филму асарҳои бадеӣ ба насли ҷавон бояд фаҳмонид.

Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Душанбе (нафари аввал аз тарафи рост) низ дар ин ҳамоиш иштирок дошт

Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Душанбе (нафари аввал аз тарафи рост) низ дар ин ҳамоиш иштирок дошт

Валӣ Сайёрабеков, муовини Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Тоҷикистон, гуфт, вақте ин ҷанг оғоз ёфт, кӯҳансолон ёд доранд, ки тамоми сокинони Душанбе ба хиёбонҳо рехтанд ва хоҳиши ихтиёрӣ ба ҷанг рафтанро мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, ба комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳадде аризаи ихтиёриён барои сафарбар шудан ба ҷанг ворид мешуд, ки коммисарҳо ба баррасии онҳо фурсат намеёфтанд. Сайёрабеков афзуд, Саидқул Турдиев, қаҳрамони олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷумлаи чунин нафарон буд, ки сахт мехост, ба ҷанг биравад, вале аризаашро қабул накарданд. Танҳо вақте ӯ ба ҷанг рафт, ки бевосита ба вазири мудофиаи Шӯравӣ ариза навишт.

Дар ҳамин ҳол, Холмуҳаммад Сафаров, таърихшиноси тоҷик мегӯяд, баррасии саҳми тоҷикон дар Ҷанги бузурги ватанӣ кори оқилона аст. Ӯ мегӯяд, тоҷикон саҳми худро дар ин ҷанг хуб медонанд ва хеле хуб мешуд, дар Русия низ ширкати тоҷикон дар ин ҷанг тарғиб ва аз нодидагириҳои тарихнигорон ва рӯзноманигоронашон ҷилавгирӣ шавад.

Аммо ӯ мегӯяд, қадршиносӣ накардани тоҷикон имрӯз айби худи онҳо низ ҳаст: “Мо дигар ҷиддан саҳми ҳамватанони худро дар ин ҷанг пажӯҳиш накардем. Мо онҳоро муаррифӣ накардем. Сафар Раҳмон солҳои тӯлонӣ ин мавзӯъро пажӯҳиш кард ва китоб ҳам чоп кард. Чанд саҳифаи норӯшани иштироки тоҷиконро рӯшан кард, вале пирӣ ва марг имконаш надод, то корашро ба поён бирасонад. Мо бояд саҳми ҳамватанони худро тарғиб кунем, онҳоро эҳтиром намоем, то барои дигарон маълум шавад.”

Аммо бо гузашти 70 сол аз хатми Ҷанги бузурги ватанӣ, бархе аз иштирокчиёни он аз ноадолатии фармондеҳони рус дар ҳаққи сарбозони тоҷик шиква мекунанд. Ҷумъа Пӯлодов, собиқадори ҶБВ мегӯяд, ҳарчанд, баробариву бародарӣ зиёд тарғиб мешуд ва тоҷикон ба он бовар мекарданд, вале дар поёни ҳар муҳориба баробариву бародарӣ сарфи назар мешуд ва рутбаву унвонҳо бештар насиби русҳо мегашт. Ҳатто Пӯлодов мегӯяд, ӯро барои “куштани немис” боре ҳушдори низомӣ дода буданд ва фармондеҳи русашон орден гирифтааст.

Дар Ҷанги Шӯравӣ алайҳи Олмони нозӣ, солҳои 1941-1945 ҳудуди 300 ҳазор сокини Тоҷикистон ширкат кардааст, ки аз ин ҳисоб 92 ҳазораш ҳалок шудааст. Дар ин миён зиёда аз 50 ҳазор ордену медалҳои ҷангӣ гирифтаанд ва танҳо 65 нафар, ки дар миёни онҳо ҳам аксар русҳои сокинони Тоҷикистон буданд, унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро соҳиб шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG