Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои “Мактаби офтобӣ” беш аз 2 ҳазор доллар ҷамъ шуд


Хонандае дар синфхонаи мактаби Ғузгеф

Хонандае дар синфхонаи мактаби Ғузгеф

Дар давоми ду рӯзи шурӯи ҷамъоварии маблағҳо барои барқарор кардани мактаб ва насби панели офтобӣ дар мактаби Ғузгеф дар маҷмӯъ 2360 доллар ҷамъоварӣ шудааст. Боз 6 ҳазор доллари дигар зарур аст, ки саҳми ташаббускорони тоҷик дар ин тарҳе бо арзиши умумии 16 ҳазор доллар такмил шавад ва нисфи боқимондаи маблағҳоро сармоягузорони хориҷӣ аз Хорватия таъмин кунанд.

Наргис Ҷӯраева, яке аз ташаббусорони ин тарҳ рӯзи 31 май дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз шаҳри Душанбе гуфт, ки расман маросими ҷамъоварии маблағҳо рӯзи 30 май шурӯъ шуд ва дар ин ду рӯз ба сурат-ҳисоби бонкии тарҳи “Мактаби офтобӣ” чоряки маблағҳои зарурӣ ворид шудааст. Дар давоми як моҳи боқимонда то анҷоми мӯҳлати ҷамъоварии маблағҳо ташаббускорон умедворанд, ки қисмати дигари пулҳо аз ҷониби афроди хайрхоҳу маърифатпарвар ворид мешавад. "Ҷараёни воридшавии маблағҳоро дар сайти интернетӣ дидан мумкин аст. Масалан, ҳоло мебинам, ки як нафар 100 доллар хайр кард. Баъзеҳо бо арзи исми худ, дигарҳо ба таври махфӣ саҳм мегузоранд", гуфт Наргис Ҷӯраева.

Дар амри ташвиқи бештари ихтиёриёну саҳмдорони маърака, рӯзи 5 июн дар меҳмонхонаи “Серена” қарор аст як маъракаи навбатии ҷамъоварии маблағҳо баргузор шавад. Ин маросиме бо ширкати созмону ширкатҳои мухталифи кишвар мешавад ва аз ҳисоби фурӯши билет, созмондиҳандагон умедворанд боз 500 доллари дигар ба хазинаи тарҳи “Мактаби офтобӣ” ворид хоҳад шуд.

Дар ин маърака Федератсияи милии таэкво-до ва кикбоксинги Тоҷикистон, гурӯҳи ҳунарии “Ҳафтранг”, гурӯҳи рақсии “Новая эра” ва дигарҳо ҳунарнамоӣ мекунанд. Муаллифони тарҳи “Мактаби офтобӣ” Дафтари рушди СММ, созмонҳои ҷамъиятии маҳаллии назиди “Замини кӯчак” ва Бунёди рушди Тоҷикистон бо ҳадафи ҷамъоварии маблағҳо аз методи краудфандинг кор гирифтаанд. Ин методи ҷамъоварии пул, ки аз забони англисӣ тарҷумааш “маблағгузории мардум” аст, барои аввалин бор дар Тоҷикистон таҷриба мешавад. Барои тарҳи "Мактаби офботӣ" дар маҷмӯъ 16 ҳазор доллар лозим аст, нисфи ин маблағҳо ташаббускорон дар Тоҷикистон ва пули боқимондаро ҳамоҳангсозии Созмони Милали Муттаҳид дар Хорватия ҷамъоварӣ мекунанд.

Наргис Ҷӯраева гуфт, “методи краудфандинг барои аввалин бор дар Тоҷикистон таҷриба мешавад. Мо мебинем, агар ин барнома натиҷаи мусбат дод, мо ҳатман барои таъмини мактабҳои рустову манотиқи кӯҳдомани дигари Тоҷикистон бо панелҳои офтобӣ айнан чунин чорабиниҳоро роҳандозӣ мекунем. Ман аз доираҳои васеи мардум даъват мекунам, ки дар беҳтар кардани сифати таълими кӯдакони рустоҳои Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Хости мо ин аст, ки шароити таҳсили кӯдакони тоҷик дар манотиқи дурдаст беҳтар шавад, чунки нуру рӯшноӣ ва гармӣ - роҳ ба сӯи маърифат аст”.

Мактаби 87-и деҳаи Ғузгеф 130 хонанда дорад ва дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр, дар дараи Ромит ҷойгир аст. Ба иллати набудани хатти барқ дар ин минтақа, мардум тамоми ин солҳо аз рӯшноӣ маҳруманд. Бархеҳо ҳам бо истифода аз генераторҳои дизелӣ хонаҳояшонро рӯшан мекунанд. Тамоми талоши мардуми деҳа барои рӯшан кардани хонаҳои худ ва мактаб ҳам дар ин муддат бенатиҷа будааст.

Гузориши радиои Озодӣ аз мактаби Ғузгеф:

XS
SM
MD
LG