Пайвандҳои дастрасӣ

Матбуоти Олмон натиҷаи таҳқиқоти журналистиаш дар бораи қазияи дар Тоҷикистон ошкор шудани даҳҳо мошини аз Олмон дуздишударо нашр кардааст.

Нашрияи олмонии “Sueddeutsche Zeitung” дар матлабе таҳти унвони “Luxus – export” (“Содироти мошинҳои люкс”) натиҷаҳои таҳқиқоти бо телевизиони “ARD Panorama» муштаракан анҷомдодааш дар бораи сарнавишти мошинҳои аз Олмон дуздишударо нашр кардааст.

Муаллифи матлаб Кристоф Каденбах менависад, ки аксари мошинҳои гаронбаҳои дуздишуда дар ниҳоят дар Тоҷикистон пайдо мешаванд ва ба бовари пулиси ҷиноии Берлин, ин кишвар як бозори асосии фурӯши мошинҳои гаронбаҳои дуздишуда аз Олмон боқӣ мемонад. Ӯ менависад, ин кишвари Осиёи Марказӣ ба истиснои гузоришҳо дар бораи сайёҳат ба кӯҳҳои осмонбӯси Помир дигар дар мадди таваҷҷӯҳи расонаҳои Олмон қарор надошт, вале моҷарои мошинҳои дуздӣ ин вазъиятро ислоҳ кард.

Бино бар ин матлаб, Отто Аддо ном футболбози собиқи тими маъруфи «Боруссия»-и Дортмунд, ки соли 2002 бо ин тим қаҳрамони футболи Олмон ҳам шуда буд, мошинашро дар кӯчаҳои Душанбе шинохтааст. Мошини «Range Rover»-ро Отто Аддо соли 2011 дар баҳои 80 000 евро харида буд, вале ин мошини гаронбаҳоро дар ноябри соли 2013 аз назди манзили футболбози собиқ дар Ҳамбург дуздиданд. Хабарнигорони олмонӣ рӯзи 22 июни соли равон мошини Аддоро дар яке аз кӯчаҳои Душанбеи Тоҷикистон, дар фосилаи қариб 4700 километр аз Ҳамбурги Олмон акс гирифтанд. Отто Аддо мегӯяд, бар асоси чанд нишона, аз ҷумла ранги комилан сиёҳи тамоми мошинаш, бо шумули ҳатто чархҳои он, ва ҳам шумораи корти экологиаш, ки HH G 2555 будааст, мошини худро дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон шинохтааст.

“Sueddeutsche Zeitung” менависад, бештари мошинҳо аз Берлин, пойтахти Олмон дуздӣ мешаванд ва муфаттишони пулиси ҷиноии Берлин дар бораи беш аз 1000 мавриди маҳз ба Тоҷикистон қочоқ шудани чунин мошинҳо сӯҳбат кардаанд. Нашрия дар таҳқиқоти худ ин ду суолро матраҳ кардааст ки: “Мошинҳои дар Олмон дуздишуда чӣ таавр ба Тоҷикистон мерасанд? Ва чаро соҳибони нави онҳо наметарсанд, ки мошинро мақомот метавонанд мусодира карда, ба Олмон баргардонанд. Онҳо ҳатто хушашон намеояд, то корти сабзеро, ки дар Олмон дар шишаи мошин часпондаанд, бикананд.”

Ба навиштаи нашрия, дар соли 2012 аз Олмон 18 000 мошинро дуздидаанд. Хатари дуздӣ бештар ба мошинҳои гаронбаҳои BMW Х6 таҳдид мекунад. Аз ҳар 1000 чунин “ҷип” 26 ададаш дуздӣ мешаванд. Ин дар ҳолест ки ба ҳисоби миёна, аз ҳар 1000 мошин танҳо 0,2 мошинро медузданд.

ВИДЕО дар ин бора (бо забони олмонӣ):

Ба гуфтаи сенатори Берлин Томас Ҳейлман дар масоили адлия, талошҳои пулиси Берлин барои бозгардондани мошинҳои дуздие, ки дар Душанбе ошкор шудаанд, натиҷае наовард ва ин ях танҳо баъди дахолати ҳукумати федеролии Олмон дар моҳи майи соли 2013 ва нашри як силсила матлабҳо дар бораи мошинҳои дуздӣ дар матбуоти немис дар поёни соли гузашта каме аз ҷо ҷунбиду мақомоти Тоҷикистон низ машғули ин масъала шуданд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорони олмонӣ сарусадоҳо дар бораи вуҷуди ҳазорон мошини дуздӣ дар кишварашро беасос хонда, вале эътироф кардааст, ки пулиси тоҷик аз соли 2011 ба ин сӯ 78 мошини аз Олмон дуздишударо ошкор кардааст. Ба гуфтаи вазир, чанде аз ин мошинҳо, бо шумули 5 BMW-ро барои баргардондан ба Олмон омода кардаанд.

Аммо ба иддаои муаллиф, хабарнигорони олмонӣ тайи сафари худ ба Душанбе тайи ҳамагӣ 4 рӯз бар асоси тафтиши VIN ва кортҳои сабзи олмонӣ 9 мошини аз Олмон дуздишуда, бо шумули «Range Rover»-и Отто Аддоро ошкор кардаанд.

Нашрия мегӯяд, зимоми раҳбарии Тоҷикистон 23 сол боз дар дасти Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ки ду духтараш дар шумули тоҷирони пештози кишвар қарор дошта, як духтараш муовини вазири хориҷа ва писари калониаш дар синни ҳамагӣ 26 раиси хадамоти гумрук ва ҳам раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон аст. Ба ақидаи хабарнигори олмонӣ, Раҳмон як низоми сиёсиву иқтисодии мабнӣ бар равобити шахсиро бино кардааст, ки ҷузъҳои мухталифашро фасод бо ҳам “ширеш” мекунад.

BMW X6 - "тӯъма"-и асосии мошиндуздон

BMW X6 - "тӯъма"-и асосии мошиндуздон

“Sueddeutsche Zeitung” менависад, ки «ҷип»-и дуздишудаи футболбози собиқи “Боруссия”-ро низ дар ҳавлии як бинои сохти замони Шӯравӣ дар ҳамагӣ 800-метрии Кохи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон пайдо кардаанд, вале дақиқ гуфта наметавонанд, ки дар пушти фармони он ягон хеши президент менишинад ё хайр. Матбуоти Олмон дар поёни соли гузашта навишта буд, ки як қисми мошинҳои дуздиро дар Тоҷикистон хешовандони раисиҷумҳури Тоҷикистон меронанд. Нашрия меафзояд, ки дар Варшава бо Павел Новитски ном мутахассисии риштаи суғуртаи мошинҳо мулоқот кардааст. Новитски, ки ба баргардондани мошинҳои дуздишуда машғул аст, дар соли 2012 ба ин манзур ба Душанбе низ сафари муваффақе доштааст. Ӯ ба “Sueddeutsche Zeitung” гуфтааст: “Ман таассуроте ҳосил кардам, ки соҳибони ин мошинҳо одамони оддӣ нестанд. Аз манобеи дипломатӣ ман фаҳмидам, ки ин афрод аз атрофиёни раисиҷумҳури Тоҷикистонанд.”

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба ин иддаои нашрияи олмонӣ ва навори видеоие, ки чанде пеш дар ҳамин бора ва тақрибан бо айни мазмун нашр шуд, посухе надодаанд.

Мақолаи Bild дар бораи мошиндуздӣ

Мақолаи Bild дар бораи мошиндуздӣ

Аммо вақте рӯзномаи олмонии Bild дар поёни соли 2013 навишт, ки наздик ба 200 мошини дар Олмон рабудашуда дар Тоҷикистон, дар дасти аҳли хонавода ва дӯстони президент Эмомалӣ Раҳмонанд ва мақомоти Душанбе аз ҳамкорӣ ҷиҳати таъқиб ва баргардондани ин мошинҳо сарпечӣ мекунад, ин иддаои аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон башиддат рад шуд. Дар он матлаб гуфта мешуд, ки вақте ки мақомоти Тоҷикистон ба дархости таҳқиқи муштараки қазия посух надоданд, вазири адлияи Берлин Томас Ҳейлман ба вазири вақти умури хориҷии Олмон Гвидо Вестервелле нома навишт, ки “аксари мошинҳо дар дасти афроде ҳастанд, ки бо хонаводаи президенти Тоҷикистон равобити ҳамкорӣ ё хешовандӣ доранд."

Дар пайи нашри он матлаб сафири вақти Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов гуфта буд, ки фарзияи матбуоти олмон “ба ҳақиқат наздик нест.”

Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва вазорати умури дохила низ кашф шудани 127 мошини дуздӣ дар қаламрави кишвар дар 3 соли охирро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ягон мавриди ба “аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ ва хешовандони наздик ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” тааллуқ доштани ин мошинҳои дуздӣ ошкор нашудааст."

Видеои Радиои Озодӣ дар бораи мошинҳои дуздӣ аз моҳи январ:

Ин бори аввал нест, ки масъалаи ба паноҳгоҳи мошинҳои дуздӣ табдил ёфтани бозори Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ матраҳ шуда, ба обрӯи кишвар латма мезанад. Моҳи июли соли 2012 баъди нашри чунин як матлаб дар маҷаллаи олмонии “Spiegel” муовини сардори раёсати мубориза бо қочоқ ва хилофкориҳои гумрукии Хадамоти гумруки Тоҷикистон Қурбон Абдуназаров дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе кашфи ҳудуди 10 мошини аз Олмон рабудашударо тасдиқ кард ва гуфт, ин мошинҳо аз тариқи Интерпол ба соҳибонашон баргардонда мешаванд.

Баъди онки дар поёни соли 2013 матбуоти Олмон дар бораи эҳтимолан ба Тоҷикистон сарозер шудани сели мошинҳои дуздӣ аз Аврупо матлабҳо нашр кард, Хадамоти гумруки Узбакистон якбора аз кашфи дастикам 6 мошини дуздӣ дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон хабар дод. Аммо то ҳол маълум нест, ки сарнавишти ин мошинҳои боздоштшуда дар қаламрави Узбакистон ва соҳибони онҳо чӣ шуд?

Тоҷикистон ягон корхонаи ватании мошинсозӣ надорад ва эҳтиёҷоти мардумашро бо васоили нақлия 100 дарсад аз ҳисоби воридот бароварда мекунад. Ба Тоҷикистон асосан аз ду ҷо - аз Дубай мошинҳои сохти Ҷопону Корея ва Амрико ва аз кишварҳои соҳили Балтик мошинҳои сохти Аврупоро ворид мекунанд. Азбаски ниёз ба мошинҳои нав ё ба истилоҳ дасти як дар бозори Тоҷикистони аксари аҳолиаш фақир камтар аст, ба ин кишвар бештар мошинҳои дасти ду ворид карда мешаванд. Бино ба омори расмӣ, дар соли 2013 ба Тоҷикистон 65 600 мошин ворид кардаанд, ки ин назар як соли қабл 14 500 адад бештар будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG