Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти ду тарафдори Ҳоҷӣ-Ҳалим дар як рӯз


Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ-Ҳалим)

Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ-Ҳалим)

Мақомоти Русия аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар зодгоҳи худ ба ба ширкат дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода айбдор мешаванд, хабар доданд.

Мақомоти Русия рӯзи 27 ноябр якбора аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ошӯби моҳи сентябри муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ -Ҳалим хабар доданд. Онҳо дар ду гӯшаи гуногун ва аз ҳама дури Русия - яке дар шаҳри Саткаи Челябинск ва дувумӣ дар шаҳри Санкт-Петербург дастгир шудаанд, вале иттифоқан ҳарду 34-сола будаанд.

Даря Казанкова, сухангӯи ФМС - Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Петербургу вилояти Ленинград рӯзи 27 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар ҳақиқат имрӯз шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Марказиро ба мақомоти умури дохила супурдем. Ҳангоми тафтиш маълум шуд, ки ӯ таҳти ҷустуҷӯ қарор доштааст."

Казанкова аз ифшои ҷузъиёти бештари ин боздошт худдорӣ кард, вале сомонаи маҳаллии "Фонтанка" бо такя ба манобеи худ дар мақомоти интизомӣ нафари боздоштшударо шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда, навишт, ки ин мард барои гирифтани патент ба ФМС омада буд, вале ҳангоми тафтиши аснодаш маълум шудааст, ки ӯ дар зодгоҳаш ба ширкат дар дуздии аслиҳа аз қисмҳои низомӣ, гаравгонгирӣ ва узвият дар созмони мамнӯи ҳизби наҳзати исломӣ айбдор мешавад.

Қабл аз ин бахши ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – дар вилояти Челябинск рӯзи 27 ноябр бо пахши як иттилоияи матбуотӣ хабар дод, ки шаҳрванди дар ин вилоят дастгиршудаи Тоҷикистон аз сӯи мақомоти Душанбе ба даст доштан дар ошӯби моҳи сентябри муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ -Ҳалим айбдор мешавад.

Ин нафар, ки исмаш эълон нашудааст, дар Тоҷикистон ба куштор, терроризм ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ айбдор мешавад. Гуфта мешавад, ки ӯ 34 сол дошта, дар шаҳри Саткаи вилояти Челябинск ба сар мебурд ва дар амалиёти боздошти ӯ ҳамроҳ бо маъмурони ФСБ намояндагони пулис ва додситонии минтақа низ ширкат доштаанд.

ФСБ гуфтааст, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дошта, парвандаи истирдодаш ба Душанбе баррасӣ мешавад.

Дар рӯзҳои ошӯби генерал Назарзода ва баъди фурӯ нишондани ин ошӯб дар бораи боздошти то 150 нафар бо ҷурми ҳамдастӣ бо ин гурӯҳ гузориш шуда буд. Аммо боздошти як шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон дар Челябинск ва як ҳамсоли ӯ дар Петербург нахустин мавридҳои дар хориҷ аз Тоҷикистон дастгир шудани як нафар бо иттиҳоми ҳамдастӣ ба ин ошӯб мебошанд.

Субҳи 4 сентябр афроди силоҳбадаст ба шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ва як гурӯҳи вижаи пулис дар шаҳри Душанбе ҳамла карданд. Худи ҳамон рӯз мақомот масъулияти ин ҳамларо ба дӯши муовини вазири дифои Тоҷикистон генерал-майор Абдуҳалим Назарзода бор карданд ва гуфтанд, ки ӯ аз ҳисоби размандагони собиқи мухолифин гурӯҳи мусаллаҳ ташкил дода, ба исёни мусаллаҳона омодагӣ мегирифт.

Абдуҳалим Назарзода ва тарафдорони мусаллаҳаш ба дараи Ромит дар тақрибан 50-километрии шарқи Душанбе паноҳ бурданд. Амалиёти таъқиби онҳо то 16 сентябр 12 рӯз давом кард ва бо кушта шудани генерал Назарзода ва муовинаш сарҳанг Ҷунайдулло Умаров ба поён расид.

Бар асоси иттилои расмӣ, давоми 12 рӯзи амалиёт 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва 25 тан аз гурӯҳи Назарзода кушта ва беш аз 150 нафар бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ин ошӯб дастгир шуданд. Дар пайи хунсо шудани гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода мақомоти Тоҷикистон ҳизби мухолифи наҳзати исломиро ба раҳбарии ин талоши шӯриш айбдор карданд ва фаъолияти ин ҳизб бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 29 сентябр расман манъ карда шуд.

Рӯзи 23 ноябр додситони кулли Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Амният дар ҳузури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сабаб ва омилҳои ошӯби Абдуҳалим Назарзода гузориш дод. Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа дар бораи камбудиҳои мавҷуда дар фаъолияти ниҳодҳои низомиву интизомии кишвараш сухан рондааст.

Ба дунбол, рӯзи 24 ноябр ҳамаи муовинони вазири дифоъ ва раҳбари бахши разведкаи низомии ин вазорат барканор карда шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG