Пайвандҳои дастрасӣ

Сардори зиндон худро овехт


Акси маҳбусони фирорӣ

Акси маҳбусони фирорӣ

Сардори собиқи як боздоштгоҳ дар Қирғизистон, ки дар пайи фирори 9 маҳбус боздошт шуда буд, зоҳиран худкушӣ кардааст.

Ҷасади овехтаи Имонқул Телтаев, сардори собиқи боздоштгоҳи рақами 50 (СИЗО-50)-и вилояти Чуйи Қирғизистон ро субҳи 20 ноябр аз як ҳуҷраи қисми тибби боздоштгоҳи рақами яки пойтахт, шаҳри Бишкек пайдо кардаанд. Дафтари матбуоти Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои Қирғизистон хабар дод, ки ҷасади Телтаевро навбатдор пайдо кардааст. Бино ба иттилоияи идораи зиндонҳои Қирғизистон, “Телтаев рӯзи 11 ноябр ба боздоштгоҳи рақами як оварда шуд. Баъди ин ӯ аз вазъи саломатиаш шикоят дошт ва ба ин далел ӯро дар қисми тиббӣ хобонданд. Телтаев дар як ҳуҷра танҳо нигоҳ дошта мешуд.”

Имонқул Телтаев сардори боздоштгоҳе буд, ки рӯзи 12 октябр аз он 9 маҳбус фирор карданд. Ӯро билофосила баъди фирори маҳбусон аз мақом барканор ва моҳе баъд боздошт карданд.

Сарвазири Қирғизистон Темур Сариев рӯзи 20 ноябр бо ширкати вазири умури дохила Мелис Турғонбоев ва раиси Хадамоти давлатии иҷрои ҷазо Алик Мамирқулов як ҷаласаи фаврӣ доир кардааст. Дар ин ҷаласа ба Мамирқулов супориш додаанд, то қазияи марзи сардори собиқи СИЗО-50-ро ба таври мӯшикофона таҳқиқ кунад.

Исми Телтаев рӯзи 12 октябр, дар пайи фирори 9 маҳбус аз боздоштгоҳи зери назараш дар рустои Наврӯзи поёни вилояти Чуй расонаӣ шуд. Маҳбусон, ки ба гуфтаи мақомот, ҳама бо иттиҳоми ифтрограоии мазҳабӣ дар боздошт қарор доштанд, 4 зиндонбонро кушта, фирор карданд. Дар ҷараёни як амалиёти густардаи таъқиботӣ 6 тан аз маҳбусони фирорӣ дастгир ва сеи дигараш кушта шуданд. Дар ҷараёни ин амалиёт як афсари СОБР – нирӯҳои зудамали пулиси Қирғизистон ва ду сокин низ ҷон бохтанд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дастикам 3 тан аз маҳбусони фирорӣ аъзои гурӯҳи террористии “Ҷайш-ул-Маҳдӣ” буда, бо иттиҳоми ифротгароӣ дар боздошт қарор доштанд. Дуи онҳоро алакай ба ҳабси умрбод маҳкум карда будаанд.

Баъди боздошти дубора ду тан аз маҳбусони фирорӣ бо фосилаи ҳамагӣ чанд соат дар боздоштгоҳ вафот карданд. Бакит Кенҷақулов субҳи 21 октябр ва Муродбек Ҷумъаалиев дар нимаи дувуми ҳамон рӯз даргузаштанд. Мақомоти идораи зиндонҳои Қирғизистон гуфтанд, ки ҳарду бар асари ҷароҳатҳои аз сарашон бардошта вафот кардаанд. Ба гуфтаи сухангӯи ин идора, Элеонора Сабатарова, мағзи сари Кенҷақулов осеб дида буд, вале Ҷумъаалиев аз косахонаи сараш ҷароҳат бардошта буд, ки мунҷар ба хунрезии мағзӣ шудааст.

Вале ҳомиёни ҳуқуқи қирғиз далели овардаи мақомотро зери шубҳа бурда, гуфтаанд, марги ин маҳбусон метавонад натиҷаи интиқомҷӯии маъмурони боздоштгоҳи рақами 50 барои фирори ин маҳбусон ва қатли ҳамкасбашон бошад.

Фирори 9 маҳбус аз боздоштгоҳи Наврӯзи поён пурсарусадотарин мавриди фирори маҳбусон аз зиндонҳои Қирғизистон дар чанд соли охир буд. Дар пайи фирори онҳо дар Қирғизистон даъватҳо ҷиҳати зарурати анҷоми як ислоҳоти фарогир дар низоми зиндонҳои ин кишвар ва барканории раҳбарони кунунии идораҳои зиндонҳояш баланд шудааст.

XS
SM
MD
LG