Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар нахустин бозиаш дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 аз тими “Эрбил”-и Ироқ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, дар нахустин бозиаш дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 аз тими “Эрбил”-и шаҳри Эрбил, қаҳрамони чаҳоркаратаи Ироқ ва финалисти Ҷоми АФК-2014, бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Ин бозӣ рӯзи чоршанбеи 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Бо вуҷуди он ки ҳаво дар пойтахти Тоҷикистон сард буду барф меборид, беш аз 12 ҳазор мухлис барои тамошои ин бозӣ ба варзишгоҳ омада буданд.

Рақиби “Истиқлол” дастаи пуртаҷриба буд ва дар ҳайати он ҳашт бозигари тими миллии Ироқ бозӣ мекарданд, ки ахиран дар Ҷоми Осиё дар Австралия иштирок доштанд. Вале “Истиқлол” ба ин рақиби пурзӯраш муқобилияти сахт нишон медод, вале ба пирӯзӣ даст наёфт.

Дар дақиқаи 35-уми бозӣ Аҳмад Муҳаммад Ҳусейн, бозигари “Эрбил”, ҳуҷуми меҳмононро бомуваффақият анҷом дод ва бо сараш тӯбро ба тӯри дарвозаи “Истиқлол” равон карда, ҳисобро кушод. Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 0-1 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт.

Қисми дувуми бозӣ ҳам бо вуҷуди сардии ҳаво хеле пурҷӯшу хурӯш буд. Аксар тамошобинон аз дастаи “Истиқлол” тарафдорӣ мекарданд ва як зарбаи Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 60-уми бозӣ, ки ба пойи Мустафо Надҳим бархӯрда, вориди дарвозаи меҳмонон шуд, онҳоро ба идомаи бозӣ дилгарм кард.

Вале баъд аз ҳамагӣ панҷ дақиқаи дигар меҳмонон боз як гол ба дарвозаи “Истиқлол” заданд. Тӯби дувуми меҳмонро дар дақиқаи 65-ум Набил Сабоҳ ва тӯби севумро дар дақиқаи 75-уми бозӣ Луай Салоҳ ба самар расонданд.

Бояд гуфт, дар дақиқаи 90-уми бозӣ мизбонон имкони хуби тағйир додани ҳисоби бозиро доштанд, вале Манучеҳр Ҷалилов, бозигари “Истиқлол”, тӯбро аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонида натавонист.

Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол”, баъди анҷоми ин бозӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳарсе голе, ки ба дарвозаи дастаи мо зада шуд, маҳсули хатоҳои бозигарони мост. Мутаассифона, бачаҳои мо дар оғози бозӣ чанд лаҳзаи хуби голзаниро аз даст доданд. Ҳарчанд ки рақибамон пурқувват буд, мо имкон доштем, муқобилияти сахт нишон диҳем. Баъди он ки ҳисобро баробар кардем, бозигарони мо ба саросемагӣ роҳ дода, ду бор хато карданд, ки боиси ду голи дигар шуд.”

Футболбозони тоҷик бо либоси рангаш сафед ва меҳмонон бо либоси рангаш зарду сиёҳ бозӣ карданд.

Доварони ин бозӣ бо раҳбарии Илгиз Танташеви 30-сола (Бухоро) аз Узбакистон, нозири доварон Виктор Колпаков аз Қирғизистон ва комиссари бозӣ Ҳамид Моменӣ аз Эрон буданд.

Бозии дигари гурӯҳи “С” байни дастаҳои “Ал-Қодсия”-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми АФК ва“Аҳал”-и Туркманистон 25-уми феврал бо пирӯзии мизбонон -- футболбозони кувайтӣ бо ҳисоби 2-0 хотима ёфт.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи “С” бо тимҳои “Ал-Қодсия”-и Кувайт, “Эрбил”-и Ироқ ва “Аҳал”-и Туркманистон рақобат мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 25-уми феврал то 13-уми май баргузор мешаванд.

Дар охири бозии "Истиқлол"-у "Эрбил" Фазлиддин Ғозиев, зодаи ноҳияи Восеъ ва донишҷӯи литсейи техникии рақами 30 дар Душанбе дар бозии лотерея барандаи мошини "Тойота Кемрӣ" гашт.

Ҷоми АФК-2015. Гурӯҳи "С"

Даври 1-ум

25 феврал (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ) – 1:3

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Аҳал» (Туркманистон)- 2:0

Даври 2-юм

11 март (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

Даври 3-юм

18 март (чоршанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Эрбил» (Ироқ)

Даври 4-ум

15 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

«Эрбил» (Ироқ) – «Аҳал» (Туркманистон)

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG