Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгоҳи пурбарфи Душанбе дар интизори бозии "Истиқлол" ва "Эрбил" (7 АКС)


Нахустини бозии сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Эрбил”-и Ироқ рӯзи 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад.

Нахустини бозии сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон ва “Эрбил”-и шаҳри Эрбил, қаҳрамони чаҳоркаратаи Ироқ, рӯзи чоршанбеи 25-уми феврал, соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шурӯъ мешавад. Бошгоҳи футболи «Эрбил» бо шумули 27 нафар, аз он ҷумла 19 футболбоз, ба Душанбе омадааст. Бошгоҳи “Эрбил”, ки таърихи 57-сола дорад, соли гузашта дар Ҷоми АФК ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфта буд.

Рӯзи 24-уми феврал дар Душанбе нишасти хабарӣ бо ширкати сармураббиёни ҳарду даста баргузор шуд. Аюб Одишо Баргам, сармураббии “Эрбил” ба хабарнигорон гуфт, дастааш аз номусоидии ҳавои Душанбе наҳаросида, баҳри ғалаба талош хоҳад кард. Вай афзуд, «дастаи мо пеш аз сафар ба Душнбе аз ду бозигари калидӣ маҳрум шуд. Ду легионери испаниягии мо бинобар вазъи мушкили сиёсӣ дар Ироқ бошгоҳро тарк карданд. Мо ҳуқуқ надорем, ки онҳоро маҷбуран дар даста нигоҳ дорем. Ва аммо дар мо бозигароне ҳастанд, ки онҳоро иваз хоҳанд кард.”

Сармураббӣ ба ҳашт бозигаре, ки ахиран дар Ҷоми Осиё дар Австралия дар ҳайати мунтахаби миллии Ироқ ширкат доштанд, умед мебандад. Ба гуфтаи Аюб Одишо дар мусобиқаи имсола ба “Эрбил” аз гурӯҳ баромадан мушкил аст, зеро ки даста бозиҳои хонагиашро бо мақсади амният дар майдонҳои бетараф анҷом хоҳад дод.

«Бозӣ бо «Истиқлол» барои ҳарду даста муҳим аст. Фардо таҷриба ҷониби мост, ҳавою майдон ҷониби рақиб аст”, - иброз дошт Аюб Одишо.

Дар ин нишаст Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол», гуфт, “дастаи мо, ки таърихи 8-сола дорад, барои аввалин бор дар Ҷоми AFC ширкат мекунад. Вале ба ин нигоҳ накарда мо дар бораи рақибамон иттилои кофӣ дорем ва ба ин бозӣ комилан омодаем. Танҳо бо як мақсад – ғалаба – пой ба майдон мениҳем.”

Дилшод Восиев, капитани «Истиқлол», аз мухлисони футболи тоҷик даъват намуд, ки фардо ба варзишгоҳ биёянд ва ба “Истиқлол”, ки кишварро муаррифӣ мекунад, мухлисӣ кунанд.

Доварони бозии нахустини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Эрбил” аз Узбакистон мебошанд. Довари ФИФА Илгиз Танташеви 30-сола аз шаҳри Бухоро, сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Виктор Колпаков аз Қирғизистон нозири доварон ва Тох Сен Ни аз Малайзия комиссари ин бозианд.

Нархи чиптаи ин бозӣ ба минбари ғарбӣ 25 сомонӣ, ба минбарҳои дигари варзишгоҳ 15 сомонӣ муқаррар шудааст. Баъди бозии “Истиқлол” бо “Эрбил” бозии лотерея аз рӯи чиптаҳои даромад ба варзишгоҳ баргузор мешавад, ки шоҳҷоизаи он мошини сабукрави «Тойота-Кэмри» мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG