Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" ё "Регар"? Талоши охирин барои қаҳрамонӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 29-уми ноябр бозии охирини мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешавад.

Ин бозии мавқуфгузоштаи даври 24-уми Лигаи олӣ, ки тақдири медалҳои тиллову нуқраи мусобиқаро ҳал мекунад, миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб рӯзи панҷшанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар соати 14 оғоз меёбад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 61 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Тими “Равшан”, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 59 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Ҳарду даста барои медалҳои тилло талош доранд.

Ба дастаи “Равшан” барои он ки ҷойи аввалро соҳиб шавад, дар бозии охирин танҳо ғалаба зарур аст. Вале агар бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва ё бо бохти “Равшан” анҷом ёбад, он гоҳ “Регар-ТадАЗ” қаҳрамони Тоҷикистон хоҳад шуд.

Вале натиҷаи ин бозӣ мавқеи дастаи “Истиқлол”-ро дар ҷадвали мусобиқа тағйир нахоҳад дод. “Истиқлол” - қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон (солҳои 2010-ум ва 2011-ум), ки бо 53 имтиёз дар зинаи севум аст, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз мегардад.

Бояд гуфт, ки дастаи “Регар-ТадАЗ” ҳафт бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст. Футболбозони шаҳри Турсунзода бори охирин соли 2008-ум медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии кишварро ба даст оварда буданд.

Вале дастаи “Равшан” то ҳоло соҳиби унвони қаҳрамони Тоҷикистон нашудааст. Футболбозони шаҳри Кӯлоб ду бор – солҳои 1999-ум ва 2011-ум бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудаанд.

Сардовари бозии “Истиқлол” - “Равшан”Раҳмон Муртазоев (аз шаҳри Душанбе) таъин шудааст. Ёварони ӯ Қурбонмаҳмад Каримов ва Исматулло Муъминов (ҳарду аз ноҳияи Хуросон) мебошанд. Душанбегӣ Каюмарс Сулаймонов довари эҳтиётист. Раиси кумитаи доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Абдураҳим Бобоев (аз шаҳри Турсунзода) нозири ин бозӣ таъин гаштааст.

Нархи чипта ё билети даромад ба варзишгоҳ барои тамошои бозии «Истиқлол» - «Равшан» 3 сомонӣ буда, аз субҳи 29-уми ноябр дар касса ё хазинаи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ фурӯхта мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1.

«Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)

24

19

4

1

77-16

61

2.

Равшан» (Кӯлоб)

23

19

2

2

49-9

59

3.

«Истиқлол» (Душанбе)

23

16

5

2

75-11

53

4.

«Хайр» (Ваҳдат)

24

16

4

4

45-27

52

5.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

24

10

4

10

47-36

34

6.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

24

9

4

11

31-24

31

7.

ССКА “Помир” (Душанбе)

24

8

6

10

26-25

30

8.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

24

8

6

10

29-44

30

9.

«Истаравшан” (Истаравшан)

24

8

4

12

33-44

28

10.

«Энергетик» (Душанбе)

24

7

6

11

35-34

27

11.

«Ҳосилот» (Фархор)

24

4

2

18

18-64

14

12.

«Гвардия» (Душанбе)

24

4

0

20

18-72

12

13.

«Зарафшон» (Панҷакент)

24

1

3

20

21-98

6


Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол") – 24 гол, Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ») – 20 гол, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ") - 18 гол, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 17 гол.

29-уми ноябр (панҷшанбе)
Бозии даври 24-ум
«Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) -
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Оғози бозӣ – соати 14:00.

XS
SM
MD
LG