Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе барандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон гардид.

Дастаи “Истиқлол”, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, дар бозии мавқуфгузоштаи даври 23-юми Лигаи олӣ, ки шоми якшанбе, 25-уми ноябр дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ поён ёфт, бар тими “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард.

Ҳамаи голҳо дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Нахуст Комрони Мирзонаҷот, бозигари “Энергетик”, дар дақиқаи 49-ум тӯбро ба дарвозаи дастааш зад. Баъди 7 дақиқа ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров голи дувуми “Истиқлол”-ро ба ҳадаф расонд. Нимҳимоятгарон Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 64-ум голи севум ва Нуриддин Давронов дар дақиқаи 75-ум голи чаҳорумро вориди дарвозаи “Энергетик” карданд. Голи панҷумро бошад, боз ҳам Фарҳод Тоҳиров ба самар расонд.

Ин пирӯзӣ ба “Истиқлол” имкон дод, ки бо 53 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа аз «Хайр»-и Ваҳдат пеш гузашта, ба зинаи севум барояд. “Истиқлол” новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш бо “Равшан”-и Кӯлоб мақоми севумро касб кард ва бо медалҳои биринҷӣ сарфароз хоҳад шуд.




Дарвоқеъ, Никола Кавазович, сармураббии дастаи «Истиқлол» ва тими миллии футболи Тоҷикистон, ки ба иллати вазъи саломатиаш муваққатан Тоҷикистонро тарк кардааст, дар ин бозӣ низ ширкат надошт. Ёдовар мешавем, ки мутахассиси сербиягӣ рӯзи 21-уми ноябр ба Белград парвоз кард ва баъди Соли нав ба Душанбе бармегардад. Дар бозиҳои охирини мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон ба “Истиқлол” мураббии калон Мубин Эргашев раҳбарӣ мекунад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 61 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Рақиби аслиаш барои унвони қаҳрамонӣ – тими “Равшан”-и Кӯлоб, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 59 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Ҳарду даста, ки ҳадди ақал соҳибони медалҳои нуқра мешаванд, барои медалҳои тилло талош доранд.

Тақдири медалҳои тиллову нуқра рӯзи 29-уми ноябр дар бозии охирини мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан”, ки дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад, ҳал хоҳад шуд.

Ба дастаи “Равшан” барои он ки ҷойи аввалро соҳиб шавад, танҳо ғалаба зарур аст. Вале агар бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва ё бо бохти “Равшан” анҷом ёбад, он гоҳ “Регар-ТадАЗ” қаҳрамони Тоҷикистон хоҳад шуд.

25-уми ноябр (якшанбе)
Бозии даври 23-юм
«Энергетик» - «Истиқлол» - 0-5
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Голҳо: Комрони Мирзонаҷот, 49, ба дарвозаи дастааш (0:1), Фарҳод Тоҳиров, 56 (0:2), Иброҳим Рабимов, 64 (0:3), Нуриддин Давронов, 75 (0:4), Фарҳод Тоҳиров, 83 (0:5).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) 24 19 4 1 77-16 61
2. Равшан» (Кӯлоб) 23 19 2 2 49-9 59
3. «Истиқлол» (Душанбе) 23 16 5 2 75-11 53
4. «Хайр» (Ваҳдат) 24 16 4 4 45-27 52
5. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 24 10 4 10 47-36 34
6. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 24 9 4 11 31-24 31
7. ССКА “Помир” (Душанбе) 24 8 6 10 26-25 30
8. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 24 8 6 10 29-44 30
9. «Истаравшан” (Истаравшан) 24 8 4 12 33-44 28
10. «Энергетик» (Душанбе) 24 7 6 11 35-34 27
11. «Ҳосилот» (Фархор) 24 4 2 18 18-64 14
12. «Гвардия» (Душанбе) 24 4 0 20 18-72 12
13. «Зарафшон» (Панҷакент) 24 1 3 20 21-98 6

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол") – 24 гол, Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ») – 20 гол, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ") - 18 гол, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 17 гол.

29-уми ноябр (панҷшанбе)
Бозии даври 24-ум
«Истиқлол» - «Равшан»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Бозӣ соати 14:00 шурӯъ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG