Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони Кумитаи умури дини вилояти Суғд аз мутаваққиф шудани фаъолияти панҷ мадрасаи динӣ дар ин вилоят хабар додаанд.

Абдуҳаким Шарифов, мудири бахши умури дини вилояти Суғд рӯзи ҷумъаи 12-уми июл зимни таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, "ин панҷ мадраса дар қаламрави вилояти Суғд амал мекунанд ва ба сабаби надоштани иҷозатномаи вазорати маорифи Тоҷикистон, муваққатан фаъолияташон аз аввали моҳи июн қатъ гардид."

Ҷаноби Шарифов афзуд, санҷише, ки ахиран дар ин мадрасаҳо анҷом шуд, мушаххас кард, ки дар воқеъ то кунун ин мадрасаҳо иҷозатномаи вазорати маорифро надоранд. Ҳамзамон ҷаноби Шарифов гуфт, бо он ки мадрасаҳо иҷозатномаи вазорати маорифро надоштанд, аммо дар Кумитаи умури дини Тоҷикистон расман сабти ном шудаанд, ки яке аз талаботҳои фаъолият низ дарёфти иҷозатнома аз сохтори давлатӣ аст.

Ҳамакнун ин мақоми бахши умури дини вилояти Суғд ибрози умедворӣ кард, ки мадрасаҳо битавонанд, то ҳар чӣ зудтар иҷозатномаи вазорати маорифро дарёфт кунанд, вагарна дар акси ҳол мавзӯи ҷо ба ҷо кардани толибилмони ин муассисаҳо пеш хоҳад омад.

Ба иттилои Абдуҳаким Шарифов, дар панҷ мадрасаи вилояти Суғд 300 нафар толибилми синни мактабӣ ва ҳатто хатмкунандагони мактабҳои миёна таҳсил мекунанд, ки дарсҳо бар иловаи аркони исломӣ, фанҳои умумии таълимии мактабҳои Тоҷикистонро фаро мегирад.

Зимнан, то соли 2010 дар вилояти Суғд 9 мадрасаи динӣ фаъолият мекард ва ба иттилои масъулони бахши умури дини вилоят, дар пайи ислоҳот ба Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, шумораи онҳо ба панҷ адад расидааст. Зеро масъулон мегӯянд, ки 4 мадрасаи дигар ба қавонини кишвар ҷавобгӯ набуданд ва аз ин рӯ фаъолияти онҳо қатъ гардид.

Қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар соли 2009 тавассути порлумон қабул гардид ва бар асоси муфоди он мадрасаҳо низ дар соли 2010 дубора дар Кумитаи умури дини Тоҷикистон сабти ном шуданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG